Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сафири Тоҷикистон ҳангоми ҳамла дар саҳни сафорат буд"


Тамоми шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар як меҳмонсарои қисмати дипломатии Кобул бо шӯришиёне, ки ба ин меҳмонсаро ҳамла карданд, даргирӣ идома дошт. Ин даргириҳо бо дамидани субҳи 27 май бо қатли 4 шӯришӣ ба поён расид.

Шаби 26 ба 27-и май як меҳмонхона дар маркази шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон ҳадафи тирандозии сангин ва таркишҳои пайдарпай қарор гирифт. Нерӯҳои амниятии афғон ба дунболи ин ҳамла дар минтақаи Вазир Акбархон, ки маҳалли истиқрори бисёре аз сафоратхонаҳо ва биноҳои давлатӣ дар Кобул аст, ҷобаҷо шуданд.

Аз ҷониби нерӯҳои давлатӣ ва ё сокинони маҳал касе кушта нашудааст. Қабл аз вуруди террористҳо ба меҳмонсаро пулис шӯришиёнро ба муҳосира даровардааст. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Кобул дар ҳамсоягии ин меҳмонхона ҷойгир аст ва ин меҳмонхона ба хонаводаи Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ва писари вай Салоҳуддин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон тааллуқ дорад ва ин меҳмонхонаро бо номи "Ҳитол Ҳотел" мешиносанд.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Абдураҳим Раҳимӣ, фармондеҳи амниятии Кобул аз вай дар бораи чигунагии ин ҳамла пурсидам:

Раҳимӣ: Соати 11:45 дақиқаи шаби гузашта буд, ки дар меҳмонхонаи Ҳитол садои тирандозӣ шунида шуд. Дар ин соатҳо дар ин меҳмонхона шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳо буданд. Ба сӯи дарвозаи даромади посгоҳи амниятӣ тирандозӣ оғоз шуд. Баъд аз шунидани садои тирандозӣ мо соҳаро ҳалқа кардем ва нагузоштем, ки террористҳо маҷоли сар бардоштан ва гурез ба кӯчаҳоро дошта бошанд. Ҳамзамон кӯшиш кардем, ки террористҳо ба сафорати Тоҷикистон дар ҳамсоягии ин меҳмонхона зарар нарасонанд. Замоне, ки мо ба маҳали ҳамла расидем, бовари ҳосил кардем, ки террористҳо натавонистаанд вориди меҳмонхона шаванд. Онҳо дар хонаи посгоҳи аввал ҷо ба ҷо шуда буданд. Мо ин нуқтаро зери оташ ё тирандозии давомдори худ гирифтем, то онҳо натавонанд дохили меҳмонхона шаванд ва ё ба сафорати Тоҷикистон ва ё манзилҳои дигари дипломатӣ ё раҳоишӣ зарар бирасонанд. Амалиёти мо то соати 5 субҳ идома ёфт ва мо саранҷом ҳар 4 нафар террористро аз байн бурдем.

Ҳамла ба меҳмонсаро дар наздикии сафорати Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Озодӣ: Оё дар соатҳое, ки ин амалиёт ва тирандозӣ идома дошт, амнияти бинои сафорати Тоҷикистон ва биноҳои сафоратхонаҳои дигар тақвият ёфта буд ва шумо дар ин соатҳо бо сафирон мулоқот доштед?

Раҳимӣ: Аввалин кори мо ҳамин буд. Мо фармондеҳи амнияти сафоратҳонаҳо генерал Қуддусхонро ба сафорати Тоҷикистон фиристодем, ки дар паҳлӯи меҳмонхона аст ва гуфтем, ки ба сафорат итминон бидеҳ, ки амнияти шумо таъмин аст. Мо аз чаҳор тараф амнияти сафоратро таъмин кардем. Сипас ман бо муовини аршади амниятии вазорат ба дохили сафорати Тоҷикистон рафтем. Ба онҳо гуфтем, ки хотиратон ҷамъ бошад, мо амалиётро оғоз мекунем ва намегузорем, ки ба шумо зарар расонанд. Баъд амалиёти нобудии террористҳоро оғоз кардем. Сафир дар саҳни сафорат нишаста буд. Аз рафтани мо ба он ҷо хушҳол шуд ва мутмаин буд, ки амнияти онҳо таъмин хоҳад шуд.

Озодӣ: Бар асоси хабарҳо дар ду ҳафтаи охир фақат дар шаҳри Кобул чунин ҳамлаҳо ҳашт бор анҷом гирифтааст. Фикр намекунед, ки дар як муддати кӯтоҳ ин ҳамлаҳо зиёд аст ва зарурати тақвияти амният дар шаҳри Кобул дар миён аст?

Раҳимӣ: Мо дар аксари мавридҳо танҳо ва танҳо дар ҳамин як моҳи гузашта шумораи зиёди гурӯҳҳои созмонёфтаи террористиро боздошт кардаем. Дар миёни онҳо интиҳориҳо ҳам ҳастанд, террористҳо ҳам ҳастанд.

Озодӣ: Гуфта мешавад, ки Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. То куҷо ин иддао дуруст аст?

Раҳимӣ: Ҳамон тавре ки шумо аз тариқи расонаҳо шунидед, ки Толибон масъулияти ҳамларо бар душ гирифтаанд, мо ҳам ҳамин тавр шунидем.

Озодӣ: Оё шахсияти ин чаҳор террорист ошкор шудааст?

Раҳимӣ: Ҳангоми чунин ҳамлаҳо онҳо бо худ ҳеҷ ҳуҷҷат намегиранд, то ки шахсияташон ошкор шавад. Мо баъдтар бо кӯмаки таҷҳизоти фаннӣ шиносии онҳоро анҷом медиҳем. Дар он сурат маълум мешавад, ки онҳо кӣ буданд ва аз кадом тараф омаданд.

ВКХ: “БА САФОРАТ ЗАРАРЕ НАРАСИДААСТ”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар пайи даргирие, ки дар шаҳри Кобул рух дод, ҳеҷ зарару осебе ба сафорати Тоҷикистон нарасидааст. Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва таҳррезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон субҳи рӯзи чоршанбеи 27 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дуруст аст, ки даргирӣ дар минтақае иттифоқ афтодааст, ки сафорати Тоҷикистон дар Кобул низ дар ин маҳал воқеъ аст. Аммо аз сӯҳбат бо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул маълум гардид, ки даргирӣ дуртар аз маҳалли ниҳоди дипломатии Тоҷикистон рух додааст”. Ҷаноби Атоӣ афзуд, ки даргирии Кобул ҳеҷ зарару осебе ба бинои сафорати Тоҷикистон нарасонидааст ва ниҳоди дипломатии мо ба таври комил фаъол аст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти пулис эълон кардаанд, ки чаҳор ҳамлакунандаи интиҳорӣ кушта шудаанд. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳамла соати ёздаҳи шаб оғоз шуда ва то соати панҷи субҳ идома кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳамлаварон бо либоси низомӣ худро ба меҳмонхона расонидаанд.

Ин дувумин ҳамла ба меҳмонхонаҳо ва меҳмонсароҳои Кобул дар моҳи ҷорӣ аст. Авоили ин моҳ 14 нафар, аз ҷумла чанд хориҷӣ дар як ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба меҳмонсарои "Park Palace"-и Кобул кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG