Нахустин мусобиқаи "истеъмоли ҳотдог дар фурсати кӯтоҳ", рӯзи 22-уми март дар Ҳотдоггер -- яке аз нуқтаҳои фурӯши ин ғизои амрикоӣ дар Душанбе баргузор шуд.
Баргузоркунандагон интизор надоштанд, ки ошхонаи хурдашон аз хоҳишмандон лабрез мешавад. Барои ширкат дар сабқат аз миёни 100 нафар фақат 30 касро интихоб карданд. Ба ширкаткунандагон ҳам номи хос медоданд --"абармарди тоҷик", "шери нар", "шери ваҳшӣ", "ромкунандаи морон" ва ғайра.
Дар ин мусобиқа ҳар касе се ҳотдогро зудтар ва пеш аз рақибонаш хӯрд, соҳиби ҷоиза шуд. Аммо ширкат дар ин мусобиқаи хушмазза осон набуд ва бисёриҳо баъд аз хӯрдани ду ҳотдог, таслим мешуданд. Азамат бо лақаби "Шери ваҳшӣ" дар ниҳоят пирӯз шуд ва ҷоизаи аслӣ -- даъватномаи бепул ба нуқтаҳои ҳоттдоггерро ба даст овард.
Дар нахустин озмуни истеъмоли ҳотдог, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ сурат гирифт мусиқиву шӯхӣ ҳам кам набуд. Равшан Сайисмонов, масъули нуқтаи фурӯши Hotdogger гуфт, ки чунин чорабиниҳо дар ҳама шаҳрҳои ҷаҳон баргузор мешавад. Вай афзуд дар оянда чунин чорабиниро дар сатҳи васеъ баргузор хоҳанд кард.