Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмҳо ба сӯйи Ҳонконг. Тазоҳурот вориди рӯзҳои сангин шуд. ВИДЕО


Моҷаро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Ҳонконг
Моҷаро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Ҳонконг

Дар ҳоле ки аз оғози тазоҳуроти мардумӣ дар Ҳонконг даҳ ҳафта мегузарад, Пекин артиши худро ба ин минтақа раҳсипор кард ва бори нахуст президенти Амрико изҳори нигаронӣ намуд, гуфта мешавад, буҳрон ба марҳалаи сангинтари худ ворид гашт ва пайомадҳояш нигаронкунанда дониста шуданд.

Ҷунбиши демократихоҳи Ҳонконгро дар рӯзҳои истироҳати 17 ва 18 август озмоиши бузурги дигаре дар пеш аст. Ин ҳам сарҷамъ нигоҳ доштани издиҳоми азими норозиён аст пас аз танқидҳои хушунат дар фурудгоҳ ва нигарониҳо аз эҳтимоли қадами навбатии Пекин барои саркӯби тазоҳурот.

Шанбе ва якшанбеи гузашта тазоҳурот бо талаби ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани мақомоти маҳаллӣ ва қатъи хушунати пулис ҷараён гирифт. Ҳазорон нафар аз сокинони Ҳонконг ҳафтаи даҳум аст, ки зидди сиёсати чингароёнаи мақомоти маҳаллӣ эътироз доранд. Ин ҳолат Ҳонконгро, ки яке аз марказҳои молиявии ҷаҳон аст, ба буҳрон печонда, лаҳни бархӯрди Чини коммунистӣ ҳарчӣ сахттар мешавад ва он талош мекунад, норозиёни хунгармро ба амъоли шабеҳи терроризм муттаҳам намояд. Он гоҳ бархӯрд ба тазоҳурот аз нигоҳи Пекин амалиёте зидди хушунатгарон ва ваҳшатафканон унвон хоҳад шуд.

Расонаҳои давлатии ахбори оми Чин тавсирҳоеро нашр карданд, ки қатори мошину зиреҳпушҳои ҷангӣ ва нерӯҳои артиши Чин аз марз мегузаранд ва вориди Ҳонконг мешаванд. Иёлоти Муттаҳида ба Пекин ҳушдор додааст, ки вуруди нерҳои ҳарбӣ метавонад ба эътибори Чин зарба занад ва сабаби шикасти иқтисодии он гардад.

Рӯзномаи давлатии миллигароёнаи Чин Global Times навишт, агар ба пахш кардани норозиён иқдом кунад, ба маъное нахоҳад буд, ки саркӯбгарии намоиши Тянанмен такрор хоҳад шуд. Дар ин майдон артишиш Чин садҳо, ба баъзе маълумоти дигар ҳазорон нафарро қатл карда, намоиши осоиштаро ба хоку хун нишонда буд.

“Дар Ҳонконг воқеаи сиёсии 4 июни соли 1989 такрор нахоҳад шуд”, менависад нашрия ва пой бар он мефишорад, ки ин бор давлат моҳирона амал хоҳад намуд.

Дар Чин аз рӯйдоди майдони Тянанмен ошкоро ва бо ҳама ҷузъиёти он ёдоварӣ кардан манъ аст. Вале, зоҳиран, эътирозҳои Ҳонконг ба нуқтае расидаанд, ки нашрияи давлатӣ ба худ иҷоза медиҳад, бо ин роҳ норозиёнро тарсонад.

Омодагии ҳарбиёни Чин дар наздикии Ҳонконг
Омодагии ҳарбиёни Чин дар наздикии Ҳонконг

Рӯзи 12-уми август дар ҷараёни даргирӣ миёни эътирозгарон ва пулиси Ҳонгконг даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ин сабаб гашт, ки шумораи ширкаткунандагони намоиш ба миллионҳо нафар бештар шавад.

Аслан тазоҳурот беш аз даҳ ҳафта пештар, замоне сар шуд, ки мақомоти маҳаллӣ қонуни истирдоди гумонбарон ва гунаҳкоронро азҲонконг ба Чин пазируфтанд. Ҳукумати Чин низ аз ин қонун пуштибонӣ кард. Вале ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехтанд ва ин қонунро зидди манфиатҳои Ҳонконг номиданд. Ҳарчанд ин тарҳ баҳонаи тазоҳурот гашт, дар рафти он пешниҳод шуд, ки мубориза на танҳо барои бекор кардани қонуни мазкур бурда шавад, балки ҳамчунин барои барқаор кардани нимамухторияти Ҳонконг ва эҳтиром шудани ҳуқуқи мардуми он аз тарафи Чин.

Ҳонконг дар давраҳои гуногун аз сӯи Ҷопон ва дертар Бритониё идора шуда, анъанаҳои сиёсии он аз Чини коммунистӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Соли 1997 муҳлати 50-солаи ҳокимияти Бритониё бар Ҳонконг ба поён расид ва ин минтақа ба ихтиёри Чин гузашт. Ҳоло он расман худмухтор шумурда мешавад, вале ин мухторият сол ба сол маҳдудтар ва ҳукумати Чин бар он васеътар мегардад. Пекин садҳо мансабдори худро ба ин ҷо барои идора кардани Ҳонконг мефиристад ва талош дорад, мардуми озодидӯсти минтақаи дар гузашта нимамустақилро пурра ба тартибу низоми худ тобеъ гардонад.

Дар ҳамаи муддати эътирозҳои Ҳонконг президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп талош кардааст, сокит бошад, вале ин ҳафта ба сухан даромад ва гуфт, созиши эҳтимолии тиҷоратии кишварар бо Чин ба пайомадҳои бархӯрди Пекин ба норозиёни Ҳонконг бастагӣ хоҳад дошт.
Рӯзи панҷшанбе Трамп ҳамтои чинии худ Сӣ Ҷинпинро даъват кард, бо норозиён мулоқот намояд ва мушкили онҳоро ба таври “башардустона”ҳал кунад.

“Агар Сӣ бо эътирозгарон сари миз нишинад, ман бовари комил дорам, вай масъаларо дар 15 дақиқа ҳал хоҳад кард,” – гуфт Трамп.

Яке аз кӯчаҳои Ҳонконг
Яке аз кӯчаҳои Ҳонконг

Фаъолони Ҳонконг эълом доштаанд, ки рӯзи якшанбе бузургтарин тазоҳуроти худро баргузор хоҳанд кард, вале ба ҳеч гуна хушунат роҳ нахоҳанд дод. Иҷрои ваъдаи ба таври осоишта гузарондани тазоҳурот осона нахоҳад буд. Мухолифон рӯзи сешанбе аз боло шудани мусофирон ба ҳавопаймоҳое, ки тарафи Пекин парвоз мекарданд, пешгирӣ намуданд ва ду мардро бо гумони “ҷосуси чинӣ” будан латукуб карданд. Ин ҳолат ба симои тазоҳуроти Ҳонконг рангҳои тира ҳамроҳ кард. То ҳоло эътирозгарон танҳо ба биноҳои маъмурӣ ва кормандони пулис дармеафтоданд.

Мақомоти Пекин дар ин замина намоишгаронро ба тундравӣ ва рафтори шабеҳи террористӣ айбдор намуд. Расонаҳо ҳадс заданд, ки дар сурати такрор шудани чунин хушунатҳо ва дар ҳоле ки Пекин мехоҳад артишро вориди кор кунад, тазоҳуроти Ҳонконг мумкин аст, барои саркӯби хунин роҳ боз кунад. Ин аст, ки ҳамаи чашмҳо дар охири ин ҳафта ба самти Ҳонконг гардона хоҳанд шуд.

Бархӯрди эътирозгарон бо полис дар фурудгоҳи Ҳонгконг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

XS
SM
MD
LG