Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари мардум ба мубталоёни СПИД тағйир мекунад


Як назарсанҷӣ муайян карда, ки дар се соли ахир назари сокинон нисбат ба мубталоёни Вич-СПИД ба таври мусбат тағйир хӯрдааст.

Ин назарсанҷӣ дар миёни беш аз 4 ҳазор ҷавон, афроди олуда ба вируси норасоии масунияти бадан ва намояндагони касбу кори гуногун гузаронида шудааст.

Беш аз 60 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки нисбат ба афроди олуда ба вируси масунияти бадан “муносибати одӣ ва дилсӯзона” доранд.

РӮҲОНИЁН ДАР МУҚОБИЛИ МУБТАЛОЁНИ ВИЧ

Ҳамчунин рӯшан шудааст, ки қисмати зиёди волидон ба таҳсилу муомилаи фарзандонашон бо наврасони сироятёфтаи вируси масунияти бадан мухолифат нишон намедиҳанд.

Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон
Фирӯз Саидов, корманди Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон, як омили коҳиш ёфтани табъйизу доғдоркунии сироятёфтагонро дар боло рафтани огоҳӣ ва маърифати мардум оид ба вируси норасоии масунияти бадан донист.

Вай гуфт, “таҳқиқоти мо нишон дод, ки фаҳмиши мардум, асосан ҷавонон, дар бораи пешгирии СПИД зиёд мешавад ва ин шаҳодати он аст, ки дар кишвар кор оид ба баландшавии фаҳмиш ва ташвиқу тарғиб хуб роҳандозӣ шудааст.”

Аммо натиҷаҳои назарпурсии мазкур муносибату бархӯрди рӯҳониёнро ба гирифторони бемории Вич-СПИД манфӣ арзёбӣ мекунад. Беш аз 50 дарсади рӯҳониёни пурсидашуда, бо афроди олуда ба ин вирус муносибати хуб надоштани худро баён дошта ва гуфтаанд, ки мухолифи ҳузуру намозгузории ин гурӯҳи беморон дар баробари дигарон дар масҷиданд.

БЕМОРОН ВА ТАБЪЙИЗУ ХУШУНАТ

Бо ин вуҷуд, теъдоди табибоне, ки гирифторони вируси норасоии масунияти баданро аз дигар маризон ҷудо карда ё барои муолиҷа онҳоро ба назди духтури дигар мефиристанд, кам набудаанд.

Резвон Ҷӯраева, корманди созмони "Гули Сурх", мегӯяд, дар ноҳияҳои кишвар ҳолатҳое зиёданд, ки табибон аз тарси сироятёбӣ аз қабулу муолиҷаи бемор худдорӣ мекунанд.

“Мо ба наздикӣ дар яке аз ноҳияҳо сафари корӣ доштем ва яке аз беморон шикоят кард, ки вақте ӯ ба беморие гирифтор шудаву бояд дар беморхона бистарӣ мешуд, духтурон бо ҳар баҳона ӯро роҳ надодаанд. Сабаб ҳам ин, ки ӯ сироятшуда аст. Ин бештар дар минтақаву ноҳияҳои кишвар мушоҳида мешавад, дар шаҳр ҳоло вазъ хеле беҳтар аст ва беморон ҳам зимни муроҷиат ба беморхонаҳо мушкил надоранд. Бино бар ин, аксаран сироятёфтагон барои муолиҷа ба табибони пойтахт муроҷиат мекунанд”,-афзуд ӯ.

Табъйизу хушунат ва муносибати нохуби атрофиён боис шуда, ки аксари гирифторони вируси норасоии масунияти бадан иброз доштаанд, зимни муроҷиат ба беморхонаҳо, бемории худро ифшо намекунанд.

Беш аз 60 дарсад аз онҳо нигаронӣ кардаанд, ки шахсияти онҳо аз сӯи табибон ва дигар сохторҳои марбута ошкор ва ин боис ба густариши нақзи ҳуқуқи ин гурӯҳ дар ҷомеа шудааст.

НИЁЗМАНДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

Ин ҳам дар ҳолест, ки нафарони олуда ба вируси норасоии масунияти бадан, мегӯянд, бештар аз ҳама ба меҳру муҳаббати атрофиён ва дарки дарди онҳо ниёз доранд.
Масъулин мегӯянд, дар баробари афзун кардани донишу маърифати ҷомеа, бояд афкору нигоҳи онҳоро ҳам нисбат ба гирифторони бемории Вич-СПИД тағйир дод...


Гулбаҳор, зани ҷавоне, ки аз шавҳари муҳоҷираш ба вируси норасоии масунияти бадан сироят ёфтааст, мегӯяд, дар солҳои аввали ошкор шудани бемории онҳо, муносибати атрофиён ва хешу табор бо ӯ ва ҳамсараш тағйир ёфтаву аксарият аз хатари сироятёбӣ аз онҳо дурӣ меҷустаанд.

Омори расмӣ аз он ҳикоят мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз 2 ҳазору 800 нафар бо ҷисми олуда ба вируси норасоии масъунияти бадан ё СПИД ба сар мебаранд, ки беш аз 80 дарсади онҳо ҷавононанд. Аксарият аз тариқи сӯзандору ба ин вирус сироят ёфтаанд.

Ҳамчунин солҳои ахир созмонҳои дохилӣ ва байналмилалӣ талош доранд, ки барои мубориза бо ин вирус бештар аз нерӯи ходимони дин истифода кунанд. Зеро ба бовари онҳо, 90 дарсади сокинони Тоҷикистон мусалмонанд ва огоҳсозии мардум тавассути диндорон муассиртар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG