Субҳи рӯзи 6-уми август дар маросиме ба муносибати ҳафтодумин солгарди ҳамлаи атомӣ ба шаҳри Хиросима, нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ ва шаҳрдори Хиросима хостори нобудии силоҳҳои атомӣ дар ҷаҳон шуданд. Намояндагони сад кишвари ҷаҳон дар ин маросим ширкат доштанд.
Дар шашуми августи соли 1945 артиши Амрико бомбаи атомӣ дар шаҳри Хиросима андохт ва се рӯз пас аз он бомбаи дигар дар Нагасаки. Ин танҳо ҳолати истифода аз бомбаи атомӣ дар ҷараёни ҷанг, ҳадди ақал 129 ҳазор кушта ба ҷой гузошт.
Дар маросими имсол аз худи Амрико илова ба сафири он кишвар дар Токио, ҳамчунин муовини вазири умури хориҷии ИМА дар умури назорати аслиҳа ва амнияти ҷаҳонӣ низ ҳузур доштанд. Рӯзномаи Wall Street мегӯяд, ки муовини вазири умури хориҷии Амрико нахустин мақоми баландпояи амрикоӣ аст, ки ба ҷуз сафири он кишвар дар Токио, дар ин маросими солона ширкат мекунад. Ин маросим бо дақиқаи хомӯшӣ дар соати 8:15 дақиқа ба ёди лаҳзаи фуруд омадани бамб ба Хиросима, оғоз шуд.
Нахуствазири Ҷопон гуфт, ки ин кишвар танҳо сарзамине аст, ки ҳадафи ҳамлаи атомӣ қарор гирифтааст ва ваъда дод, ки барои эҷоди ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ кӯмак мекунад. Вай гуфтааст, ки ин мавзӯъ яке аз масъалаҳои муҳими дидори соли ояндаи вазирони умури хориҷии ҳафт кишвари иқтисоди бузурги ҷаҳон аст, ки дар шаҳри Герасима баргузор хоҳад шуд.