Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояи Владимир Путинро пурзӯр кардаанд


Мутахассисон гуфтаанд, Путин дар роҳпаймоии Рӯзи Ғалаба зиреҳ пӯшида буд
Мутахассисон гуфтаанд, Путин дар роҳпаймоии Рӯзи Ғалаба зиреҳ пӯшида буд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳангоми ширкат дар чорабиниҳои калон зери либосаш зиреж (бронижилет) мепӯшад. Дар ин бора наршрияи The Moscow Times гузориш додааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳангоми ширкат дар чорабиниҳои калон зери либосаш зиреж (бронижилет) мепӯшад. Дар ин бора наршрияи The Moscow Times гузориш додааст.

Нашрия аз қавли нафароне, ки Путинро аз наздик дар чорабиниҳо дидаанд, навиштааст, президенти Русия ҳадди ақал аз соли 2023 дар зери либосаш зиреҳ мепӯшад.

Мутахассисон оид ба бехатарӣ, бо дархости рӯзноманигорон навори ширкати Путин дар роҳпаймоии бахшида ба Рӯзи Ғалабаро дар моҳи майи имсолро омӯхтанд, ки тасдиқ мекунад, раиси ҷумҳури Русия дар зери либос зиреҳ дорад.

Дар маводи нашрияи The Moscow Times ҳамчунин дар бораи дигар чораҳое навишта шудааст, ки барои ҳимояи Владимир Путин истифода мешаванд. Аз ҷумла Путинро дар сафарҳояш ошпазҳои худӣ ҳамроҳӣ мекунанд ва гуруҳи махсус ҳамаи хурокҳоро қабл аз он ки раиси ҷумҳури Русия аз он бичашад, месанҷанд.

Нашрия менависад, чанд ҳодисаи ҳамла ба сиёсатмадорон, хадамоти бехатарии президенти Русияро нигарон кардааст. Аз ҷумла куштори собиқ нахуствазири Ҷопон Синдзо Абе дар соли 2022 ва суиқасд ба ҷонии нахуствазири Словакия Роберто Фико, ки дар натиҷаи он сиёсатмадор захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG