Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиниҳо дар фикри сафар ба Амрико "бо қатор"


Чин ният дорад қатори зудҳаракатро роҳандозӣ кунад, ки ин кишварро ба Канада ва Амрикои шимолӣ пайваст намояд.

Ба гузориши рӯзномаи Пекин Таймс аз рӯзи 8-уми май, қарор аст ин хати роҳи оҳан аз шимол-шарқи Чин оғоз шуда ва пас аз убур аз Сибир ва тунеле, ки аз зери уқёнуси Ором убур мекунад, бо убур аз Аляска ва Канада, ба қораи Амрико бирасад.

Ин рӯзномаи бо такя ба гуфтаҳои як мутахассиси роҳи оҳани Чин менависад, ки ин қатор барои он, ки Пекинро ба қораи Амрико бипайвандад, бояд аз гулӯгоҳи Бринг бигзарад, ки байни Русия ва Аляска ҷойгир аст ва барои ин роҳ бояд 200 километр тунели зериобӣ сохта шавад. Ин мутахассис, ки аз ӯ Ванг Мангшу ном бурда шудааст, ба Пекин таймз гуфтааст, "дар ҳоли ҳозир машғули гуфтугӯ ҳастем. Русия солҳост ки ба ин роҳи оҳан фикр мекунад."

Ба гузориши рӯзномаи Guardian, ин тарҳ, ки ба номи "Хати Чин-Русия-Канада-Амрико" маъруф аст, 13 ҳазор километр дарозӣ хоҳад дошт ва се ҳазор километр дарозтар аз роҳи оҳани сар то сарии Сибир аст. Қарор аст ин қатор бо суръати 350 километр дар соат ҳаракат кунад ва ду рӯз тӯл хоҳад кашид, то мусофирон аз шимол-шарқи Чин ба Амрико бирасанд.

Ҳоло маълум нест, ки оё давлати Чин барои сохтани ин тарҳ бо давлати Амрико ва Канада вориди гуфтугӯ шудааст ё на. Ба гуфтаи коршиносон, роҳандозии тунели зериобӣ дар гулӯгоҳи Бринг ниёзманди кори муҳандисии зиёд аст, ки агар амалӣ шавад, тӯлонитарин тунели зериобии ҷаҳон хоҳад буд.

Дар ҳоли ҳозир тунеле, ки Аврупо (шимоли Фаронса) -ро ба Англия мепайвандад, бо ҳудуди 50 километр дарозӣ, тӯлонитарин тунели зериобии ҷаҳон аст. Guardian менависад, ки аммо хабарнигорон ба иҷрошаванда будани ин гуфтаҳо ва бунёди ин тунел шакк доранд.

Аммо рӯзномаи давлатии Пекин таймз аз қавли мутахассиси хати роҳи оҳан навиштааст, ки технологияи сохтани тунели зериобӣ дар Чин вуҷуд дорад ва қарор аст, дар бунёди тунели зериобӣ аз ҷануб-шарқи Чин ба Тайванд мавриди истифода қарор гирад. Гуфта мешавад, ки Чин ҷуз тарҳи роҳи оҳани "Чин-Русия-Канада- Амрико", се лоиҳаи дигарро ҳам дар даст дорад.

Яке аз ин тарҳҳо, қарор аст ғарби дури Чинро аз тариқи Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия ба Олмон васл кунад. Тарҳи дигар аз Лондон оғоз шуда ва пас аз убур аз Порис, Берлин, Варшава ва Киев ба Маскав мерасад ва дар онҷо ду шоха мешавад, ки як шоха ба Сибир меравад ва шохаи дигар ба Чин. Тарҳи савум низ ҷануб-ғарби Чинро ба Сингапур пайваст менамояд. Рӯзномаи давлатии Пекин Таймз мегӯяд, ҳамаи ин тарҳҳо дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG