Ин нишаст рӯзи 5-уми август бо ибтикори намояндагии Тоҷикистон дар СММ муттаҳид баргузор шуд ва дар он раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар назар аст рӯзҳои 20-21 августи 2013 дар Душанбе баргузор гардад, баррасӣ шуд. Дар ин нишаст намояндагони зиёда аз сад кишвари узв ширкат карданд.
Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ конфронси мазкурро “яке аз муҳимтарин чорабиниҳо, ки дар татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, ки моҳи декабри соли 2012 бо иттифоқи оро қабул гардида буд”, унвон кард.
Ҳамчунин дар ин брифинг Маҷид Абдулазиз, муовини дабири кулли СММ ва мушовири вижаи дабири кулл дар умури Африқо, Ҷаноби Кензо Ҳирокӣ, намояндаи Маркази байналмилалии мудирияти офатҳо ва хатарҳои марбут ба об, доктор Зафар Одил, мудири Пажуҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи СММ, Ян Ҳарфст намояндаи Барномаи рушди СММ, Пол Эгертон, намояндаи Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ дар бораи ширкати созмонҳои мазкур дар тадорукоти мизҳои мудаввари мухталиф дар чаҳорчӯби Конфронс суханронӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 6-уми август эълон кард, ки сабти номи хабарнигорони Васоили ахбори оммаи дохиливу хориҷиро барои пӯшиши хабарии кори нишасти мазкур оғоз намудааст.
Чанд рӯз қабл, мудири Пажӯҳишгоҳи об, муҳити зист ва тандурустии СММ дар як матлаб ба аҳамияти анҷумани оби қарибулвуқӯъ дар пойтахти Тоҷикистон таъкид карда буд. Зафар Одил дар ин матлаб, ки таҳти унвони “Душанбе ҳамчун Маккаи ҳамкорӣ дар масоили об” дар сомонаи расмии Донишгоҳи СММ нашр шудааст, навишта буд, масоили об – сар карда аз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ то тақсими захоири обҳои фаромарзӣ – мавриди таваҷҷӯҳи афзояндаи ҳам ҷомиа, ҳам коршиносон ва ҳам сиёсатмадорону сиёсатгузорон қарор мегирад.
СММ ҳанӯз дар соли 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар риштаи об эълон кард. Мунтақидон мегӯянд, беҳтар мебуд, агар Тоҷикистон ба ҷои аз минбари СММ пешниҳод кардани ибтикорҳои баланде, чун эълони Соли обу Даҳсолаи об ва Соли ҳамкорӣ дар риштаи об, бештар дар фикри таъмини мардумаш бо оби поки ошомиданӣ мешуд.
Бо онки 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд, бино ба ҳисобҳои расмӣ, ҳар сокини дувуми Тоҷикистон ба оби пок дастрасӣ надорад. Бино ба ҳисоби вазорати обу обёрии Тоҷикистон, имрӯз танҳо 57 дарсади аҳолии ин кишвар бо оби поки ошомиданӣ таъминанд. Омори Хадамоти коммуналии Тоҷикистон ин рақамро боз ҳам камтар – ҳамагӣ 48 дарсад – нишон медиҳад. Дар вилояти Хатлон шумори аҳолие ки ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад, ҳатто то 80 дарсад гуфта мешавад.

Чин сарсахттарин душмани ислом аст . Касе ки Чинро дастгирй мекунад , агар мусалмон аст ,охиратро ба ёд орад .
да точикистон калимаи хоину терарист мода шудай ранги солои 90 бруки чинс мода буд.я гапи хак бзани каппат дуд мекуна.байден кай диктатороя ятарафа мекада боша?
гапои апашка сад фоиз не миллион фоиз ростай
Як зина камаст ,хади акал бояд 10 зина боёд меафтод
Радиои Озоди як хабари муҳимро аз ҳамин мактаб мерасонам. Ман омӯзгорам ва дар инҷо дарс мегӯям. Ҳамин рӯз мудири маориф ва аз ҳукумати шаҳр одам омада, муаллимонро ҷамъ карда, аз мо талаб доранд, ки имзо гузоред, ки ӯ худаш директорони гузаштаро фишор меовард, директорон аз дасти ӯ корро бас карда рафтанд. Агар ягон мақомоти салоҳиятнок бошад моро як як пурсад мо ҳамаи гапро мегӯям. Ҳозир худи мо аз ҳамин директор безор шудаем, хамон журналистатонро фиристед бо муаллимон суҳбат кунад, хамаро мегӯянд, ки кӣ гунаҳгор аст. Сад дар сад ҳамин Сафарова худаш гунаҳгор аст. Худро хеши раиси шаҳр мегираду аз осмон гап мезанад. Мо аз инхел директор ба дод омадем, Сафар ягон гуноҳ надорад, худи ҳамин директор гунаҳгор аст. Хоҳиш аз Шумо ҳамин коментарияи маро чоп кунед. Санҷед, ки мудири маорифи шаҳр Қадамшоҳ Ҳакимзода ва кормандони ҳукумат имрӯз ба ҷонамон заданд, таҳдид карданд, ки имзо накунед маошатон бурида мешавад. Мо чикор кунем, фарзанд дорем, маҷбурем, ки имзо кунем. Ягон намуди адолат дар мактаби мо нест, мо ҳамин Сафарова Суманро намехоҳем, намехоҳем. Озодӣ ҳатман инро дунбол кунед ва ҳоло нигоҳ карда истед, боз Сафари бечораро гунаҳгор мебаробанд, чун тағояш раиси шаҳр ва мудири маориф аст. Дигар қазоват аз шумост.