Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар шуд. Истифодаи барқ кам мешавад? ВИДЕО


Мавсими гармкунии хонаҳо дар шаҳри Душанбе имсол аз охири октябр шурӯъ шуд. Маркази гармӣ ва барқ акнун ҳардуро ба мардум мерасонад, а​ммо ба фарқ аз соли гузашта, сокинон барои ҳарду маблағи бештар пардохт хоҳанд кард.

Ба кор шурӯъ кардани бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳӣ дар пойтахт дар ҳолест, ки сокинон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти барқ ба хонаҳояшон дар оғози фасли сармо шикоят мекунанд. Мақомот ҳамагуна маҳдудиятро рад карда мегӯянд, сабаб “таъмир дар хатҳои барқ аст". Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" қарор аст, на танҳо ҳарорат, балки барқ диҳад ва мушкили мардумро бартараф намояд. Аз сӯйи дигар коҳиши истифодаи барқ барои гарм кардани манзилҳо шиддатро дар хатҳо ва ҳам садамаҳоро камтар хоҳад кард.

Гулрухсор, як сокини пойтахт баъди солиёни зиёд имсол ба бухориҳои барқӣ ниёз нахоҳад дошт. Хонаи нави ӯ воқеъ дар маҳаллаи 82 ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст аст ва ӯ мегӯяд, имсол дигар бо сардӣ мушкил нахоҳад дошт.

"Аз рӯзе ки ҳаво хунук шуд, батареяҳои гармидиҳии моро сар доданд. Шавҳарам онро тоза ва омода карда буд. Хонаҳо акнун гарм. Пештар дигар дастгоҳҳои гармидиҳии барқиро мемондем," - мегӯяд Гулрухсор.

Имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ, нархи нерӯи гармӣ дар шаҳри Душанбе барои сокинон ва ташкилоту идораҳои будҷавӣ ва ҳам хусусӣ баланд бардошта шуд. Бо фармони ҳукумат нархи нерӯи гармӣ барои 1 метри мураббаи манзили сокинон дар Душанбе 1 сомониву 18 дирам муқаррар шудааст. Қаблан сокинон барои 1 метри мураббаъ 1 сомониву 03 дирам пардохт мекарданд.

Бо вуҷуди ин сокинон мегӯянд, интиқоли гармӣ ба хонаҳояшон масрафи барқро камтар кардааст.

Наргис Мирзоева дар ошёнаи 9-ум зиндагӣ мекунад. Хонаи ӯ ҳам ҳарчанд қисман, аммо аллакай бо нерӯи гармӣ таъмин аст. Наргис ба фурӯши сабзавот машғул аст ва мегӯяд, бо ин ҳол дар зимистон харҷаш кам мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, “ду сол боз мо бо нерӯи гармӣ дар зимистон таъминем. Батареяҳои як қисми хона ҳоло чандон хуб кор намекунанд. Аммо дар ҳар сурат аз солҳои пештара вазъ хеле беҳтар аст. Пештар пули барқ то 200 сомону бештар аз он буд, ҳоло ки гармиро медиҳанд, аз ҳисоби барқ ҳам каме сарфа мешавад."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар шуд. Корбурди барқ коҳиш хоҳад ёфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

То ду сол пеш аксарияти бинову иншооти Душанбе аз нерӯи гармии марказонидашуда маҳрум буданд. Бо шурӯи кори Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ки бо 380 миллион доллар қарзи Чин сохта шуд, аксари иншооту биноҳои шаҳр ба манбаи нерӯи гармӣ васл шуданд. Ширкати чинии TBEA бар ивази бунёди ин марказ ду кони тилоро дар ноҳияи Айнӣ соҳиб гашт. Ҳукумати Тоҷикистон ин ширкатро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ҳам озод кард.

Тибқи иттилои ширкати "Барқи тоҷик” гармии 350 иншоот ва биноҳои истиқоматии сокинон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маркази барқу гармидиҳӣ таъмин мешавад.

Аммо сокинони шаҳрнишине, ки ҳанӯз аз низоми гармидиҳӣ маҳруманд аз ҳоло ба фикри зимистонгузаронӣ ва гарм кардани хонаҳояшон афтодаанд. Онҳо бо ҳар роҳ, харидани бухориҳои барқӣ ва маводи сухт ба сардиҳои зимистон омодагӣ мегиранд.

Зуҳро Сайдалиева, як сокини пойтахт, ки ба бозори “Султони Кабир” барои фаҳмидани нархи бухориҳои барқӣ омада буд, гуфт, онҳо ҳанӯз аз шабакаҳои гармӣ маҳруманд.

“Мо ҳанӯз аз бухориҳои барқӣ истифода мебарем. Пули барқ зиёд кор мекунад, қариб тамоми маоши як нафарамон ба барқ меравад. Албатта, мунтазирем, ки нерӯи гармӣ то ба ҷойи мо ҳам мерасад. Аз онҳое, ки хонаашон бо гармӣ таъминанд, шунидаем, ки хеле роҳат аст, махсусан барои кӯдакон дар фасли сармо,”- гуфт ин сокини Душанбе.

Тоҷирони бухориҳои барқӣ мегӯянд, солҳои ахир бо пайваст шудани як қисми биноҳои шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳӣ савдои онҳо ҳам дигар кунд шудааст.

Зикриддин Асоев, як соҳибкори бозори “Cултони Кабир” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳар сол дар ин шабу рӯз то 30-40 адад бухорӣ савдо мекардем. Аз рӯзе, ки гармидиҳиро сар шуд, як-ду дона савдо мекунем. Онро ҳам бисёриҳо барои туҳфа мегиранд. Савдояш суст шудааст, нархаш ҳам имсол арзонтар аст.”

Масъулон мегӯянд, интиқолӣ гармӣ ба биноҳои дигари шаҳр идома дорад. Қарор аст имсол 2180 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин шаванд. Он гоҳ истифодаи нерӯи барқ дар кишвар коҳиш ёфта, сокинони дигар, бахусус минтақаҳои рустоӣ бештар ба он дастрасӣ хоҳанд дошт.

Дар зимн ду ҳафтаи ахир сокинон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти барқ ба хонаҳояшон изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо аз он метарсанд, ки дар остонаи фасли зимистон "лимит"-и интиқоли нирӯи барқ шуруъ шудааст. Мақомот ҳама гуна маҳдудиятро рад карда, гуфтанд, "сабаби қатъи рӯшноӣ ба хонаҳои мардум таъмир дар хатҳои барқ барои омодагӣ ба зимистон аст". Вале мардум ба ин эъломия зиёд бовар надоранд.

Мушкили кори бухориҳои гармидиҳии дохили манзилҳо солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон пайдо шуд. Беш аз ду даҳсола сокинон дар манзилҳои сард ва бо истифода аз бухориҳои худсохту барқӣ зимистонро пушти сар мекарданд. Дар Душанбе маъмулан мавсими гармидиҳӣ миёнаҳои моҳи ноябр шурӯъ шуда, то охири моҳи март идома мекунад.

XS
SM
MD
LG