Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуфаттоҳи Ғоиб: "Қобилияти харидории сокинон кам шудааст"


Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Раиси Хадамоти гумрук мегӯяд, ки дар пайи кам шудани қобилияти харидории сокинон, додугирифт бо кишварҳои берунӣ камтар шуда, нақшаи семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ иҷро нагардидааст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи кам шудани қобилияти харидории сокинон воридоти молу маҳсулот низ камтар гардида, ба иҷрои нақша дар семоҳаи аввал "халал расондааст".

Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба 965,7 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,4 миллион доллар камтар аст.

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, "ин вобаста ба бӯҳрони иқтисодиест, ки дар миқёси ҷаҳон ҳамчунон идома дорад". Вай рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд, "дар семоҳаи аввал аз Русия 30 ҳазор тонна сӯзишворӣ ба Тоҷикистон кам ворид шуд, ки ҳатман ба вазъи иқтисодӣ таъсир хоҳад гузошт. Воридот кам шудааст, гузашта аз ин қобилияти харидории мардум низ кам шудааст."

Ҳамсӯҳбати мо дар ин маврид аз мушкили муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ ёдоварӣ кард, ки ба қавли ӯ барои бозгашти теъдоде аз онҳо "мусоидат" мекунад ва ин ҳама ба вазъи иқтисодӣ бетаъсир нахоҳад буд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб 16 марти соли ҷорӣ бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод шуда ва ҳамон рӯз бо қарори ҳукумат, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Рустами Эмомалӣ -- писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистонро иваз кард, ки ҳоло дар курсии раҳбари Оҷонсии зиддифасод нишастааст. Коршиносон мегӯянд, иҷро нашудани нақша ба даврони раҳбарии Рустами Эмомалӣ рост меояд ва шояд табдили ҷой бо Абдуфаттоҳи Ғоиб аз вазъияти мушкил берун овардани ӯст.

Оқои Ғоиб дар рӯзҳои аввали ба кор шурӯъ карданаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар Хадамоти гумрук бо тими қаблӣ корашро идома хоҳад дод. Вале пас аз чанде се муовинашро аз мақомҳояшон барканор кард ва рӯзи 28 апрел гуфт, дар интихоби ҷойнишинҳои нав аст. Бо ин ҳол афзуд, "ҳолати корӣ дар Хадамот хуб аст ва талош дорем, камбудҳои семоҳаи аввалро рафъ намоем."

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ин сӯҳбаташ бо Озодӣ вазъ дар манотиқи сарҳадӣ бо Афғонистонро ором арзёбӣ кард ва гуфт, танҳо рӯзи 27 апрел аз он сӯи Омӯ ба кишвар 89 мошини борбар ворид шудааст. Аммо коҳишти тиҷорати хориҷӣ ва иҷро нашудани ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар ҳолест, ки дар панҷ соли охир бори нахуст нақшаи буҷаи Тоҷикистон дар семоҳи аввали соли ҷорӣ иҷро нашудааст.

Оҷонсии омори Тоҷикистон дар аввали моҳи апрел эълон кард, ки тайи моҳҳои январу феврали соли равон ба буҷаи давлат каме беш аз 1 миллиарду 725 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки 94 дарсади нақшаи буҷаи давлатӣ барои соли 2015-ро ташкил мекунад. Дар панҷ соли охир бори аввал аст, ки бахши даромади буҷа ба 100 фоиз намерасад, дар ҳоле ки баъзе солҳо то 120 дарсад низ расида буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар ин камомад танҳо ба ҷамъбаст нашудани бархе аз арқом ва тасдиқ нагаштани ин ё он қарордоди иҷрошуда бастагӣ дошта бошад ва на баёнгари тамоюл, пас дар моҳҳои баъдӣ бо иҷрои зиёда аз нақша ҷуброн хоҳад шуд. Вале агар ин ҳолат яке аз паёмадҳои бӯҳрони Русия бошад, метавон ҳадс зад, ки буҷаи давлатиро рӯзҳои душвортаре дар пеш аст.

Кам шудани мавҷи пули муҳоҷирон аз Русия бар замми коҳиши қурби рубли русӣ ба ҷайби хонаводаҳои тоҷик зарба задааст. Бино бар арзёбиҳои охир, даромади 83 дарсади оилаҳои тоҷик аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирашон аст. Аз ин рӯ, поин рафтани қурби рубли русӣ ва душвор шудани шароити кор дар Русия, тавоноии харидории мардумро коҳиш дод ва ба гуфтаи тоҷирон, савдо дар бозорҳои кишвар “тафс”-и як сол пешро надорад.

Тоҷикистон барои соли 2015 қонуни буҷаеро қабул кардааст, ки қисмати даромадаш дар сатҳи 15,3 миллиард сомонӣ, ҳудуди 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар пасманзари коҳиш ёфтани пули интиқолии муҳоҷирони тоҷик, аксари иқтисоддонҳо бар инанд, ки ба эҳтимоли зиёд буҷаи Тоҷикистон дар соли равон ин миқдор даромад нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG