Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Ҷамшед Сиёев, раҳбари "Ҷамол-компания" дар зиндон


Ҷамшед Сиёев -- раҳбари ширкати "Ҷамол-компания" шаби гузашта бар асари сактаи қалбӣ дар боздоштгоҳи "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат даргузаштааст.

Ҷамшед Сиёев -- раҳбари ширкати “Ҷамол-компания”, ки дар аввали солҳои 2000-ум бо тиҷорати муҳра ба майдон омада, бо баҳонаи ҳамин тиҷорат ба паси панҷара рафта буд, шаби 27 октябри соли ҷорӣ дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” дар шаҳри Ваҳдат даргузаштааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ наздикони оқои Сиёев хабар дода ва гуфтанд, ки маросими дафни ӯ 28 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Як масъули раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ даргузашти Ҷамшед Сиёевро тасдиқ кард ва иллаташро “сактаи қалбӣ” гуфт.

Ҷамшед Сиёев, масъули ширкати "Ҷамол-компания", бо ҳукми додгоҳ аз 31 декабри соли 2003 ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум ва бо гузаштани ҷазо дар колонияҳои режимаш пурзӯр маҳкум шуда буд. Вале баъдан дар мурофиаи дигар ӯро 19 сол маҳкум ба зиндон карданд. Тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ, вай пас аз анҷоми давраи маҳбас панҷ соли дигар ҳаққи иҷрои вазифаи раҳбариро дар ин ё он идора надошт.

Бо маҳкум шудани Ҷамшед Сиёев сарнавишти маблағи 56 ҳазор нафаре, ки баробар ба 117 миллион сомонӣ (ба ҳисоби онвақта қариб 40 миллион доллар) буд, норӯшан монд. Мардум аз ин ширкат як қуттии мӯҳраро бо 34 сомонӣ харидорӣ мекарданд ва бо гузашти муддати таъиншуда ва баъди ҳамел кардани он, ин мӯҳраро бар ивази 50 сомонӣ ба "Ҷамол-компания" пас мегардонданд.

Дар моҳи январи соли 2014 овозаҳо паҳн шуда буд, ки Ҷамшед Сиёев аз зиндон раҳо шудааст. Аммо он замон масъулони муассисаи ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ин овозаҳоро рад карда ва гуфтанд, ки вай давраи ҷазоро тайи се сол дар "низоми маҳбасӣ" анҷом дод ва акнун ба маҳбаси рақами 4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и Душанбе интиқол дода шудааст. Ин масъулон гуфта буданд, ки Ҷамшед Сиёев давраи боқимондаи ҷазоро дар ҳамин маҳбаси низомаш пурзӯp паси сар хоҳад кард.

Вале баъдан ӯ ба маҳбаси "Кирпичний", воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, интиқол дода шуд ва то замони маргаш дар онҷо нигаҳдорӣ мешуд.

"Ҷамол-компания" ҳудуди 5 моҳ, аз моҳи март то моҳи августи соли 2003, фаъолият кардааст. Баъдан Додситонии кулли кишвар ба иллати фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ кори ширкатро боздошт.

XS
SM
MD
LG