Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: Ҳамла ба Кабирӣ "ҷинояти тарҳрезишуда" буд (2 ВИДЕО)


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ дар Кӯлобро «ҷинояти тарҳрезишуда" номид ва гуфт, мақомот аз сиёсати сабру таҳаммули ин ҳизби мухолиф сӯиистифода мекунанд.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки рӯзи 11-июн нашр шуд ва нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, ҳамлаи рӯзи 10 июн ба ҳайати ин ҳизб ба раҳбарии раисаш Муҳиддин Кабирӣ, ки рӯзи 10 июн дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, "ҷинояти барномарезишуда" унвон шудааст. Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки «дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом гирифтани ин ҷиноят бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам доираҳои манфиатҷӯ хоҳони бесуботӣ ва нооромии нав дар кишвар ҳастанд.»

ҲНИТ аз он изҳори таассуф кардааст, ки аз сиёсати сабру таҳаммули ин ҳизб мақомоти давлатӣ сӯистифода намуда, фишору ҳуқуқвайронкунии худро бештар карданд. Аз ҷумла, бо роҳи тӯҳмат ва тарсу фишор аз сафи ҳизб берун кардани аъзо, бастани дафтарҳои кории ҳизб бо баҳонаҳои гуногун, нашри мақолаву маводҳои тӯҳматангез ва таҳқиркунанда алайҳи аъзову ҷонибдорони ҳизб, рӯҳоният, арзишҳои динӣ ва миллӣ, фишорҳои иқтисодӣ болои аъзову ҷонибдорони ҳизб аз ҷумлаи шеваҳое гуфта мешавад, ки мақомот дар муқобили ин гурӯҳи сиёсӣ истифода мешавад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ идома ёфтани ин вазъиятро дар остонаи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ барои субот ва амнияти кишвар хатарнок шуморида аз ҳукумат хостааст, ки "бо амалӣ намудани чораҳои мушаххас ҳарчи зудтар пеши роҳи амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвогароёнаи баъзе мақомот ва гурӯҳҳоро бигирад ва нишон бидиҳад, ки масъулияти таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро новобаста аз нажод, дин, ҳизбият ва минтақа ба дӯш дорад."

Кабирӣ дар порлумон ҳамла бо тухму помидорро шарҳ дод

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш дар Кӯлоб, ба парлумони кишвар гузориш дод. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумони кишвар дар робита ба ҳодисаи ҳамлаи рӯзи 10 июн ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш дар шаҳри Кӯлоб дар Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон суханронӣ кард.

Оқои Кабирӣ аз ҷумла гуфт, ки вақти он расидааст, ки Маҷлиси намояндагон изҳороти вакилони порлумонро ҷиддӣ қабул кунад. Ӯ пурсид, чигуна мешавад, ки як гӯрӯҳи авбош ба сафоратҳо, ба вакилон ва дигарон ҳамла мекунад ва касе ӯро ҷазо намедиҳад. Ва ҳатто президент дар ин маврид дастур надод ва мавқифашро баён накард.

Навори суханронии Кабириро инҷо тамошо кунед:

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, аз ин қабл ба Саидумар Ҳусайнӣ, вакили дигари порлумон аз ҳизби наҳзат дар Хоруғ ҳамла сурат гирифт, вале аз ҷониби мақомот ҳеҷ посухе дарёфт нашуд. Оқои Кабирӣ афзуд, ки ҳодисаҳои фоҷеабори солҳои 90 ҳам аз гаравгонгирии вакилони парлумон оғоз шуда, ки дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомонии миллат оварда расонд.

Оқои Кабирӣ ҳамзамон гуфт, ки дар дохили кишвар гурӯҳе аст, ки мехоҳад президентро байни мардум сиёҳ кунад. Вай афзуд, ки ҳеҷ кас ҳаққ надорад, ки як қишри ҷомеаро алайҳи президент бишӯронад. Чун ҲНИТ як нерӯи матраҳ аст, шояд президент ба суханони ин гурӯҳ бовар кардааст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар арафи Иди ваҳдати миллӣ паёми умедворкунанда бидиҳад.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки раиси парлумон чун фарҳанги баланди сиёсӣ доранд, мехоҳанд ки кор аз роҳи мусолиматомез ҳалл шавад, вале вақти он фаро расидааст, ки парлумон дар ин росто бо ҷиддият рафтор кунанд. Чун ин дафъаи аввал нест, ки як вакили мавриди ҳамла қарор мегирад.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, мо ҳам мехоҳем дар як давлати ором зиндагӣ кунем ва бинобар ҳамин ба созишномаи сулҳ имзо кардем. Вай афзуд, агар дар давлат ба мо мантиқан бифаҳмонанд, ки вуҷуди ҲНИТ лозим нест ва таҳдид ба давлати Тоҷикистон ва амнияти он дорад, мо мешинем ва бо бародарон машварат карда тасмим мегирем. Вале бо роҳҳои сиёҳкунӣ, пахши наворҳо ҳатто дар масҷидҳо наметавон ҷилави фаълияти як гурӯҳи фаъоли ҷомеаи кишварро гирифт.

Муҳиддин Кабирӣ қабл аз иҷлосия бо раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот дошт ва гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳодиса дар иҷлосияи навбатии парлумон, ки имрӯз баргузор мешавад, изҳорот хоҳад дод. Зуҳуров дар оғози ҷаласаи имрӯза дархости Кабириро рад кард, вале оқои Зуҳуров баъдан гуфт , "бояд машварат кунад" ва баъди як танаффус дар кори иҷлосия билохира ба Кабирӣ имкон доданд, то суханронӣ кунад.

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 11 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар дидори ӯ бо Шукурҷон Зуҳуров қабл аз иҷлосия мавзӯи ҳамлаи рӯзи сешанбеи афроди ношинос ба ӯ дар Кӯлобро дар миён гузошта ва гуфтааст, ки ин як амали созмонёфта буд.

Зеро ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ашхоси ҳамлавар бо партоби тухму помидор мақсад доштанд, ки аз ҷониби афроди ҳизб вокунише ба амал ояд ва даргирӣ сурат бигирад. Ҳатто ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, дар дасти афроди ҳамлагар корду меху дигар ашё ба мушоҳида расидааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи раҳбари ҲНИТ, ҳатто ҳангоми бозгашт аз Кӯлоб ба Душанбе, дар се ҷой кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ худрави онҳоро манъ карда, дар яке аз нуқтаҳо маъмури пулиси роҳ гуфтааст, ки «ба мо амр шудааст, ки мошинро манъ кунем.»

Кабирӣ гуфт, «онҳо намедонистанд, ки мошини киро манъ кунанд, вале дастур шудааст, ки маҳз ҳамин мошине, ки мо дар он будем, манъ карда шавад, онҳо ҳатто моро намешинохтанд, пас аз муоинаи мошин моро раҳо карданд.»

Кӯлоб. Боздошти 2 нафар дар иртиботи ҳамла ба Кабирӣ

Пулиси шаҳри Кулоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи афроди ношинос ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ду нафарро боздошт кардааст.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 11 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озҳодӣ гуфтанд, ки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар иртибот ба ҳодисаи ҳамлаи дирӯза ба Муҳиддин Кабӣирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ин минтақа ду нафарро боздошт карда ва нисбати онҳо парванда боз кардаааст."
Мулоқоти Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб
Мулоқоти Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб
Ба гуфтаи ин манбаъ, ин афрод, ки яке марду дигаре зан ҳастанд, ба авбошии кучак айбдор карда мешаванд. Ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди ҳамлаи гурӯҳи ношинос ба Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб худдорӣ кард, вале гуфт, ки тафтишот нисбати ин ҳодиса ҷарёан дорад ва баъдан натиҷаҳои он эълом хоҳад шуд.

Як ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Кабирӣ рӯзи 10 июн дар манзили раиси бахши ин ҳизб дар минтақаи Кӯлоб Муҳаммадшариф Набизода дар кӯчаи Оиша Сарвароваи шаҳри Кӯлоб мавриди ҳамлаи як гурӯҳи "мусаллаҳ" бо тухму помидор қарор гирифт. Кабирӣ барои мулоқот бо ҷавонон ба Кӯлоб омада буд, вале азбаски дуруст ҳамон рӯзи 10 июн мақомоти андоз ба дари дафтари ҲНИТ дар Кӯлоб мӯҳр заданд, ин мулоқотро дар манзили Набизода доир карданд.

Рӯзи 27 феврали соли равон низ зимни як сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Кӯлоб як гурӯҳи занон ва фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар ин минтақа Иброҳим Исмоилов ба дафтари ҳизб ворид шуда, талош кардаанд, то ҷаласаи фағълони ин ҳизби мухолифро вайрон кунанд. Ин гурӯҳ баъди як сӯҳбати кӯтоҳи Муҳиддин Кабирӣ бо Иброҳим Исмоилов аз дафтари ҳизб берун шуд.

Навори ҳамла бо тухму помидор ба ҳайати ҲНИТ инҷост:
XS
SM
MD
LG