Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони андози Кӯлоб қароргоҳи ҲНИТ-ро муҳр заданд


Нозироти молиёти Кӯлоб дари қароргоҳи ҲНИТ дар ин минтақаро бастааст. Бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки намояндагии Кумитаи андоз имшаб дари қароргоҳи минтақавии Кӯлобро бидуни шарҳу тавзеҳ бастааст. Муҳаммадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 10 июн бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки субҳи имрӯз барои омодагии мулоқоти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар Кӯлоб ба қароргоҳ омаданд, вале дарвозаи онро баста ёфтанд ва пушти он муҳри идораи молиёти ноҳия зада шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло намояндаи Идораи молиётро надидааст, то сабаби бастани дари қароргоҳро суол кунад. Ҷаноби Набиев мегӯяд, ки «қаблан идораи андоз дар бораи аз қайд гузаштан онҳоро ёддоварӣ намуда буд, вале азбаски шӯъба тобеъи маркази ҳизб дар минтақа аст, зарурат ба сабт надорад ва аз ин рӯ шуъбаро ба қайд нагирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо ҷавонони Кӯлоб дар қароргоҳи шӯъбаи минтақавии ҳизб бояд баргузор гардад. Мақомоти ҲНИТ мегӯянд, ки ҳоло идораи молиёти Кӯлоб ба ҷуз муҳр задани дари қароргоҳ, ба таври расмӣ мавқеашро рӯшан накардааст ва пас аз вохӯрӣ бо намояндагони Идораи молиёт маълум хоҳад шуд, ки онҳо чӣ мехоҳанд ва намояндагони ҳизб барои ҳалли масъалаи пешомада иқдом хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG