Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Исфара: Тоҷирони тоҷикро аз Бодканд нарондаанд


Рустои Хоҷаи Аъло - як маркази муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон
Рустои Хоҷаи Аъло - як маркази муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон

Музокироти навбатии масъалаи ҳассоси Ворух рӯзи 3 май даро Исфара барпо хоҳад шуд.

Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Исфара рӯзи 30 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба хотири дарёфти роҳҳали ниҳоии масъалаи роҳҳо ва мавзеъҳои марзӣ раиси вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамроҳи як ҳайъат рӯзи 3 май дар Исфара бо бо раҳбарони вилояти Суғд мулоқот хоҳанд кард. Ҷаноби Амиров афзуд, ки бояд ба ин масъала поён дод,зеро бидуни дарёфти ҳалли ниҳоӣ ин печидагиҳо дар оянда низ метавонанд мунҷар ҳаводиси нохуш дар марзи ин ду вилоят шаванд.

Раҳмоналӣ Амиров гуфт, феълан вазъ дар атрофи ҷазирақаламрави Ворух комилан ором шудааст, вале ин ба маъное нест, ки мушкилиҳо пурра рафъ шудаанд. Вале сарфи назар аз ин, вазъ мӯътадил аст ва мардуми ҳарду тарафи марз ба зиндагии маъмулии худ идома медиҳанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00
Линки мустақим



Раиси шаҳри Исфара гуфт, ки бозорҳои минтақавӣ дар давоми ду рӯзи муноқиша фаъол набуданд ва ҳоло ҳамаи бозорҳо бозанд. Раҳмоналӣ Амиров хабарҳо дар ин бораро ки гӯё тоҷирони тоҷикро аз фурӯши маҳсулоташон дар бархе аз бозорҳои вилояти Бодканди Қирғизистон манъ кардаанд, беасос номида, рад кард.

Қаблан гузориш шуда буд, ки гӯё тоҷирони тоҷикро аз фурӯши маҳсулоташон дар бозори Самарқандак ба далели ҷавобгӯ набудани ин маҳсулот ба меъёрҳои санитарӣ манъ кардаанд. Мардуми Исфара маъмулан ба бозорҳои марзӣ ва дохилии Қирғизистон меваи хушк ворид мекунанд,ки ба гуфтаи оқои Амиров, ҷавобгӯи меъёрҳои санитарӣ ҳастанд. Онҳо ҳоло дар бозорҳои марзӣ, аз ҷумла дар Самарқандак, деҳаҳои Чоркӯҳ ва Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон маҳсулоти худро ба фурӯш мегузоранд.

Рӯзи шанбе миёни сокинони минтақаҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон муноқиша бархост. Ба гуфтаи сокинони ҷазирақаламрави Ворух, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад, қасди ҷониби Қирғизистон барои сохтани як роҳи мошингард дар заминҳои баҳсӣ сабаби ин муноқиша шудааст. Равуо нақлиёт байни Исфараву Ворух рӯзи якшанбе дар пайи музокироти ҳайъатҳои вилоёти Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон аз сар гирифта шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Қирғизистон аз он кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Ҳарчанд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазирақаламравҳои миёни сокинон Суғду Бодканд гоҳу ногоҳ муноқишаҳое бар сари истифода аз обу замин рух медиҳад. Мақомоти ин ду кишвар соли 2002 ба марзбандии байни кишварҳо оғоз кардаанд, вале печидагии хатти марз ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрав ҷараёни онро суст кардааст.

Ҷамоати Ворух бо 31 000 аҳолии тоҷикаш дар баробари Сӯху Шоҳимардон, ки ба Узбакистон тааллуқ доранд, вале аксари аҳолии ин ду минтақа низ тоҷиконанд, яке аз се ҷазирақаламравест, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор доранд. Баҳси обу замин дар Ворух дар солҳои 1982, 1988, 1989 ва 2003 низ мунҷар ба муноқишаҳое байни тоҷикҳову қирғизҳо шуда буд.
XS
SM
MD
LG