Собиқ генерали СНБ Ӯзбакистон, ки боздоштшҳои наздикони Гулнора Каримоваро раҳбарӣ мекард, аз шароити зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шуд. Ду манбаи мухталиф ва наздик ба ҳукумати Ӯзбакистон ба бахши ӯзбакии радиои Озодӣ – Озодлик тасдиқ карданд, ки муовини собиқи раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон Ҳаёт Шарифхоҷаев ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Моҳи июли имсол генерал Шарифхоҷаев ба боздоштгоҳи муваққати СНБ барои ҷинояткорони махсусан хатарнок дар кӯчаи Гвардейская дар шаҳри Тошканд ҷо карда шуд. Манобеи радиои Озодлик мегӯянд, генерали собиқ бо кӯмаки афроди бонуфуз тавонист, ки шароити боздошти худро аз зиндон ба хона табдил диҳад.
Бо идомаи тафтишот, ӯ ҳақ пайдо кардааст, ки озод аз боздоштгоҳ, дар шароити ҳабси хонагӣ нигаҳдорӣ шавад. Як манбаи радиои Озодлик гуфтааст, ки барои тағйири шароити боздошти Шарифхоҷаев тавсифнома ва корномаи гузаштаи ӯ мусоидат кардааст. Ҳаёт Шарифхоҷаеви 52-сола дар оғози соли ҷорӣ аз вазифаи муовини раиси СНБ Ӯзбакистон барканор шуд. До замони боздошташ дар моҳи июли имсол ӯ дар Мактаби олии СНБ Ӯзбакистон ба ҳайси омӯзгор дарс медод, вале айни замон, таҳти тафтиш қарор дошт. Як манбаи наздик ба ҳукумати Ӯзбакистон дар сӯҳбат бо Озодлик гуфт, ки генерали собиқ ду ҳафта пеш аз боздоштгоҳ озод шуд. Ин хонум, ки нахост ному вазифааш нашр шавад, нақл кард, ки Ҳаёт Шарифхоҷаев ба маъракаи оши Зелимхон Ҳайдаров, раиси дастгоҳи президенти Ӯзбакистон даъват шуд ва ӯро дар ҳамон ҷо дидааст.
Вай гуфт, ки ин маърака ду ҳафта пеш баргузор шуд. Айни замон, меҳмонҳои маърака дидаанд, ки Шарифхоҷаев дар иҳотаи намояндагони амният ва ё муҳофизон ташриф оварда буд. Ин хонуми узви ҳукумати Ислом Каримов гуфт, ки бовар меравад, дар беҳтар шудани вазъи Шарифхоҷаев Рутвам Иноятов, раиси СНБ кӯмак кардааст ва ҳоло муовини собиқи ӯ метавонад на дар таҳхона, балки дар шароити хона зиндагӣ карда, барои додани баёнот ҳозир шавад. Айни замон, як манбаи дигари Озодлик мегӯяд, ки дар болоравии мақоми Шарифхоҷаев бештар Зелимхон Ҳайдаров нақш бозидааст. “Инро тамоми Тошканд медонад, ки Зелимхона-ака барои Шарифхоҷаев хеле корҳое кардааст. Вақте Шарифхоҷаевро шинонданд, Зелимхон-ака ҳам якбора хомӯш шуд.
Ҳатто миш-миш мекарданд, ки муносибатҳои ӯ бо президент Ислом Каримов бад шудааст. Вале ҳоло мебинем, ки ҳамааш ҷобаҷо аст ва Шарифхоҷаев ҳам аз боздоштгоҳ озод шуда метавонад ба хонаи Ҳайдаров меҳмон шавад”, гуфт ин мусоҳиби радиои Озодлик. Ба гуфтаи ӯ, дар доираҳои ҳукуматӣ дигар бовар доштанд, ки Шарифхоҷаев “тамом шуд” ва зиндагии ӯ дар кунҷи маҳбас мегузарад. Генерал Ҳаёт Шарифхоҷаев ва додари ӯ Ҷавдот амалиёти боздошти афрод ва мусодираи молу амволи марбут ба Гулнора Каримова ва ҳамтоёнашро раҳбарӣ кардаанд. Гулнора Каримова, ки беш аз як сол аст дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад, дар хориҷи кишвар барои фасоди молӣ, азхудкунии маблағҳо ва моҷароҳои бисёрмиллиондолларӣ айбдор мешавад.
Баъди моҷароҳои лафзиву интернетии ӯ бо модару хоҳараш ва баъдан мақомоти баландпояи Ӯзбакистон, назири вазири хориҷа, раиси СНБ, нахуствазири кишвар ва дигарон дар соли 2013, ӯ ногаҳон нопадид шуд ва корхонааш баставу зердастонаш ба зиндон андохта шуданд. Худи ӯ, ки замоне бовар мерафт ҷойгузини падари президенташ мешавад, ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Дар ҳоле, ки маълум нест поёни қазияи ӯ чӣ мешавад, коршиносон ҳадс мезананд, ки баъди як муддат муҷозот, падари президент аз гуноҳи духтараш мегузарад ва ӯ дубора дар назди ҷомеа ҳузур хоҳад ёфт.
Э тавбае! Дар байни хадамотҳои ҷосуси ҳам тоҷику паспорт тоҷикӣ предмети мазоқу масхара аст. Ин давлат ягон обрӯе қадру қиммате дошта бошад дар пеши давлатҳои СНГ? Ҷои ҳайрат нест агар пагоҳ вертолету самолетҳои "Тоҷикистон" ягон кишварро дар атрофи Тоҷикистон бомбаборон кунанд. Ин Тоҷикистон давлати мустақил не, як вулусволии Россия шудааст ку. Ин пешво вақте ки истиқлолият мегӯяд чиро дар назар дошта бошад?
Тадкикоти бехтарин. Ташаккур Радиои особи.
дар муддати наздик бояд руйхати ЧОПЛУСОНРО ,нафароне шабу руз таърифу тавсифи диктаторро мекунанд тартиб дода шавад!!!ва ин нафаронро ба руйхати РУЙСИЁХ навишт ки дар тулитаърих монад ва миллат аз ин руйсиёхон бохабар бошад ки ин чоплусон диктатураро химоят карданд дар ватани мо!
асоси бадбахтии миллати мо ин ЧОПЛУСОН хастанд ,чаро мардум намефахмед???бояд руйхати ЧОПЛУСОНРО тартиб дод !охир аз навистана ба чое расидам барои чи намефахмед мардум???бадбахтии асоси ин ЧОПЛУСХО хастанд!!!!
ман аз гуфтанунавистана ба чое расидам ,лекин мардуми мо нафахмид ки нафахмид!бори дигар хооой мардум хушер шавед худатон зиракиро аз даст надихед мо зери рохбарии диктатор карор дорем ин маънии онро дорад ки мо гуломи диктатор хастем чизе ки хамун гуяд хамун мешавад!чашмхоятонро калон кушоед!инчо масъала бисер хатарнок мешавад агар мо истодагари накунем шумо дида истодаед ки киргизхо саргохи обро мехоханд гиранд наход ки саратон кор накунад!шумо чоплусони махалатонро гуш накунед !асоси бадбахтии шумохо мардуми наздисархади ана хамун ЧОПЛУСхо хастанд ки шуморо доим э бача э бача хап кнен хап кунед гуфта вазъиятро дучанд мураккаб мекунанд