Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Эъҷози ҳунаре, ки баҳсҳоро ба миён овард


Кори дастии як ҳунарманд дар як акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Ин акси чубест, ки устое онро кандакорӣ кардаву ба як манзараи зинда монанд кардааст. Ин аксро дар сомонаи Одноклассники Ирина Самойленко, як корбари ин шабака гузоштааст ва аз 23-ум то 29-уми ноябр 325 нафар дар зери ин акс шарҳ навиштаву 65 577 нафар онро писандидаанд ва ҳамин тавр 85 маротиба дар ин сомона аз тарафи корбарон бознашр шудааст.

Ҳарчанд Ирина Самойленко дар шарҳи ин акс ғайр аз «соҳибистеъдод» чизе беш нанавиштааст, аммо корбарони сомона дар зери ин акс ҳарфҳои зиёде навиштаанд.

Ҳатто баъзе корбарон онро шарҳ дода гуфтаанд, ки ин ҳунарро дар кишвари Тайиланд бо чашмони худ дидаанд. Аз ҷумла Лилия Заднепровская, корбари дигари Одноклассники навиштааст, ки дар Тайиланд будааст ва чунин ҳунармандро дар ҳоли кор дидааст. Наташка Кушнир, корбари дигар навиштааст, манзарае, ки дар акс тасвир ёфтааст чанд моҳ пеш дар Тайиланд дидааст ва ин усто алакай ҳамаи чӯбро кандакорӣ карда ба анҷом расондааст.

Ҳамин тавр, чанде аз корбарони сомонаи Одноклассники навиштаанд, ки чунин ҳунармандонро дар Тайиланд зиёд дидаанд ва дар он кишвар бо истифода аз чӯб чунин манзараеро кандакорӣ кардан як манбаи даромад ҳам будааст.

Ин манзара аввал як чуби бузурге будааст, ки ҳунармандон ба ин шакл даровардаанд.
Ин манзара аввал як чуби бузурге будааст, ки ҳунармандон ба ин шакл даровардаанд.
Шарҳи аз ҳама ҷолибро корбаре бо номи Зока Домовая навиштааст. Вай гуфтааст: «Моҳи апрели соли 2013 ман дар Тайиланд будам, дар корхонаи кандакорӣ дидам, кори ин кандакорӣ аллакай тамом шуда буд. Инро давоми 5 сол чанд нафар бо навбат омода кардаанд ва ҳоло нархаш 80 000 евро аст.»

Ҳарчанд дар зери ин акс шарҳои зиёде навишта шудааст ва баъзеҳо онро «акси сохта» гуфтаанд, вале аксаран аз чунин ҳунарманде ситоиш кардаанд.

Аммо ин кори маъмулии гурӯҳе аз устоҳо ё ҳунармандоне аст, ки дар яке аз корхонаи кандакории кишвари Тайиланд кор мекунанд ва натиҷаи кори онҳо бо нархҳои гарон фурӯхта мешавад.

Ҳунари кандакорӣ барои мардуми тоҷик ҳам кори бегона нест. Фарҳангшиносон ин ҳунарро як чузъи ҳунари миллӣ медонанд. Вале дар Тоҷикистон ин ҳунар дар сатҳе рушд накардааст, ки миёни мардум маъруф шудаву ба як касби сердаромад табдил шуда бошад.

Ин навори видеоӣ лаҳзаҳои кори устоҳо дар яке аз корхонаҳои Тайиланд аст, ки дар шабакаи Ютюб нашр шудааст.


XS
SM
MD
LG