Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кушта ва се захмӣ. Ҳамлаи мушакии Русия ба Киев


Украина, 11-уми августи 2024
Украина, 11-уми августи 2024

Мақомоти Украина рӯзи 11-уми август гуфтанд, ки бар асари ҳамлаҳои мушакии Русия дар шаби гузашта дар шаҳри Киев камаш ду нафар кушта шуд. Марди 35-солае бо писари чорсолааш. Маъмурони наҷот ҷасади онҳоро аз зери овор ё вайронаҳо берун оварданд.

Се нафари дигар, аз ҷумла як навраси 13-сола, дар ин ҳамла осеб дидаанд.

Нерӯҳои Русия ба ҷуз Киев ба панҷ минтақаи дигари Украина бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кардаанд.

Бисёре аз украиниҳо ташвиш доранд, ки дар посух ба ҳамлаи охири Киев ба қаламрави Русия, дар вилояти сарҳадии Курск, Маскав метавонад ҳамлаҳои ҳавоии худро афзоиш диҳад.

Украина борҳо аз ҳампаймонҳои ғарбии худ хостааст, ки барояш низоми бештари дифои ҳавоӣ фароҳам кунанд.

Волии вилояти Курск Алексей Смирнов рӯзи 11-уми август гуфт, ки боқимондаҳои як мушаки сарнагуншудаи украинӣ ба болои бинои истиқоматӣ афтода, 13 нафарро маҷрӯҳ кард. Вазъи ду захмӣ вазнин будааст.

Ба гуфтаи Игор Кутсак, раиси шаҳри Курск, маркази вилояти ҳамноми он, бошандагони як бинои нуҳошёна ба ҷойҳои муваққатии зист кӯчонда шудаанд.

XS
SM
MD
LG