Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон воридоти маҳсулоти ғайри "Ҳалол"-ро манъ мекунад


Тоҷикистон воридоти ҳама гуна маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷи кишварро, ки тамғаи “Ҳалол” надорад, манъ мекунад. Ин талаботро Хадамоти назорати давлатии бойтории Тоҷикистон бо воридкунадагони маҳсулоти гӯштӣ дар миён гузошт.

"Аввал месанҷем, баъд иҷоза медиҳем"

Ба бозори Тоҷикистон бештар аз Ҳиндустону Русия ва қисман аз Туркияву Қазоқистон маҳсулоти гӯштӣ ворид мешавад. Пас аз сард шудани муносибатҳо бо Эрон воридоти гӯшти мурғ аз ин кишвар қатъ шуд.

Тоҷибек Норов, муовини раиси Хадамоти назорати давлатии бойтории Тоҷикистон, рӯзи 27-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки минбаъд ширкатҳои хориҷӣ танҳо дар сурати дарёфти аккредитатсияи мақомоти Тоҷикистон метавонанд ба кишвар маҳсулот биоранд.

“Барои ба даст овардани иҷозатнмоа мутахассисони мо бояд ба корхонаи ҳамон ширкати хориҷӣ рафта, аз наздик бо ҷараёни таҳияи маҳсулот ошно шаванд. Бар иловаи ин, маҳсулоти ширкат ҳатман аз идораи муфтиёти ҳамон кишвар тамғаи “Ҳалол” бояд дошта бошад. Танҳо дар сурати мутобиқат кардани сифати маҳсулот ба меърёҳо ширкат аккредитатсияро ба даст меоорад ва метавонад маҳсулоташро ба Тоҷикистон ворид кунад”, - афзуд Норов.

Огоҳии “Росселхознадзор”

Ӯ гуфт, талаби тамғаи “Ҳалол” аз маҳсулоти хориҷӣ ба он хотир аст, ки бахши умдаи мардуми Тоҷикистон маҳсулоти ҳалол истеъмол мекунанд ва аз гӯшти ҳайвоне, ки дар шароити ғайри ин забҳ шудааст, нороҳат мешаванд.

Тоҷикистон кишварҳои коршарикашро низ аз дигаргунӣ огоҳ кард. “Росселхознадзор” - идораи назорати бехатарии молу маводи ғизоӣ дар Русия дар торанамои расмиаш дар бораи тағйирот ва талаботи нави Тоҷикистон дар боби маҳсулоти гӯштӣ як баёния нашр нмауд.

Масъулони “Росселхознадзор” ширкатҳои Русияро огоҳ кардаанд, ки барои содироти мол ба Тоҷикистон гирифтани аккредитатсияи давлатӣ бо сертификати “Ҳалол” ҳатмӣ аст.

Гӯшти арзон - дар супермаркет?

Ба бозори Тоҷикистон бештар аз Ҳиндустону Русия ва қисман аз Туркияву Қазоқистон маҳсулоти гӯштӣ ворид мешавад. Пас аз сард шудани муносибатҳо бо Эрон воридоти гӯшти мурғ аз ин кишвар қатъ шуд. Эрон аз кишварҳои умдаи воридкунандаи гӯшти мурғ ба бозори Тоҷикистон ба шумор меомад.

Дар дӯконҳои гӯштфурӯшии Тоҷикистон танҳо гӯшти ҳалол, ки дар худи кишвар истеҳсол шудааст, ба фурӯш меравад. Гӯшти воридотӣ танҳо дар супермаркетҳо фурӯхта мешавад.

Ошхона ва тарабхонаҳо маъмулан гӯшти арзонро аз супермаркетҳо мегиранд ва ба муштариён ҳалол муаррифӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки масъалаи гӯшти ҳалол барои бахши умдаи аҳолӣ масъалаи принсипиалӣ нест ва мардум гӯштҳои воридотиро низ истеъмол мекунанд. Ин масъала барои қишри муҳофизакори аҳолӣ муҳим аст.

Маҳсулоти "Ҳалол" кадом аст?

Дар саноати хӯрокворӣ, махсусан дар кишварҳое, ки сокинонаш аксаран пайрави дини ислом ҳастанд, “Ҳалол” маъруфтарин бренд ба шумор меояд. Дар Русия ва Қазоқистон кумитае бо номи “Ҳалол” вуҷуд дорад, ки дар он кормандон, бо шумули рӯҳониён, баъди санҷиши шароити забҳи гову мол ва тавлиди маҳсулоти гӯштӣ ба ширкатҳо сертификати “Ҳалол” медиҳанд. Ин сертификатро ширкатҳо бояд ҳар сол дастрас кунанд.

Ин марказҳо маҳсулотеро “ҳалол” унвон мекунанд, ки дар таркибаш алкогол, гӯшт ё равғани хук, гӯшти ҳайвоноти дигар надорад ва мол ҳам бо риояи қоидаҳои исломӣ забҳ шудааст.

Дар Тоҷикистон аксарияти муштариён ҳангоми харидории маҳсулоти гӯштӣ, махсусан ҳасиб аз санаи истеҳсол дида, бештар ба “ҳалол” будан ё набудани он аҳамият медиҳанд.

Латофат Ҳамроева модари ду фарзанд аст, ки бештари вақт маводи ғизои аҳли оилаашро харидорӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, маҳсулоте, ки тамғаи ҳалол надорад, намехарад. “Фарзандонам бештар ҳасибчаҳоро дӯст медоранд. Ҳар вақте ҳасиб гирам, ҳатман аҳамият медиҳам, ки тамғаи ҳалол дорад ё не. Намедонам дар дохилаш чӣ аст, аммо ҳалол навишта шудааст ва сифату таркибашро ба виҷдони истеҳсолкунада ҳавола мекунам”, - гуфт Ҳамроева.

Тоҷикистон соли 2013 меъёри “Ҳалол”-ро ба расмият шинохт ва соли 2013 идораи “Тоҷикстандарт” меъёрҳои тамғаи “Ҳолол”-ро таҳия кард. Айни замон як бахши махсусе дар ин идора фаъолият мекунад, ки пас аз санҷиш ба ширкатҳо ва молу маҳсулоти онҳо сертификат ва ё тамғаи “Ҳалол” медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG