Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 млн мусалмон дар Каъба. Маросими Ҳаҷҷи имсола шуруъ шуд


Рӯзи 19-уми август дар Арабистони Саудӣ адои маросими Ҳаҷ, яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом, шуруъ шуд. Наздик ба ду миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла шаш ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар Ҳаҷҷи имсола иштирок доранд.

  • Мақомоти Арабистони Саудӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои нохуши солҳои гузашта чораҳои иловагии амниятӣ андешидаанд. Онҳо мегӯянд, ки аз ҳамагуна ҳамлаи эҳтимолии ҷангҷӯён, эътирозҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои дигар ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Миллионҳо зоири аҳромпӯш дар тӯли панҷ рӯз чанд русуми Ҳаҷ, аз ҷумла ҳафт бор тавофи Каъба, намозу дуо дар кӯҳи Арафот ва сангандозӣ ба шайтонро анҷом медиҳанд.

Баромадан ба Арафот аз нуқтаҳои аслии Ҳаҷҷи акбар аст. Кӯҳи Арафот маҳаллест, ки паёмбари Ислом охирин паёмашро ироа карда буд.

Баъд аз анҷоми Ҳаҷҷи акбар аксари ҳоҷиён ба Маккаву Мадина рафта, ба зиёрати қадамҷойҳои паёмбар мушарраф мешаванд. Онҳо ба кӯҳи Ҷабал ан-Нур, ки дар яке аз ғорҳои он Қуръони маҷид нозил шудааст, рафта, сипас, дар Мадина оромгоҳи паёмбар ва ёрони ӯ –Абӯбакр, Умар ва Усмонро зиёрат мекунанд.

Сафари Ҳаҷ ва зиёрат аз маконҳои муқаддас барои пайравони дини Ислом яке аз панҷ рукни асосии динӣ аст. Анҷоми ин маросим барои зоирони тоҷик хеле пурхарҷ аст. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон арзиши Ҳаҷҷи имсоларо 33 ҳазору 410 сомонӣ, муодили 3720 доллари амрикоӣ муайян кардааст, ки назар ба як соли пеш тақрибан 50 доллар бештар аст.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст.

Лаҳзаи "селфи"-гирии яке аз зоирон
Лаҳзаи "селфи"-гирии яке аз зоирон

Аммо тибқи қарори се соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо шаҳрвандони аз 40-сола болои кишвар ҳаққи сафар ба Маккаву Мадинаро доранду бас.

XS
SM
MD
LG