Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 август - рӯзи аввали маросими Ҳаҷҷ. ВИДЕО


Додгоҳи Олии шоҳигарии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ҳаҷҷи имсола ба 30-юми август, яъне рӯзи ҳаштуми моҳи зулҳиҷҷа рост меояд. Ҳаҷ яке аз панҷ рукни асосии дини ислом аст. Ин маросим аз панҷ то шаш рӯз давом карда, ба зоирон имкон медиҳад яке аз аъмоли паёмбар Муҳаммад, яъне адои вопасини Ҳаҷҷ дар Маккаро такрор кунанд.

Ҳаҷҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Арабистони Саудӣ, афзоиши шумораи зоирон ба шарофати кӯшишҳои шоҳигарӣ аст, ки барои беҳтар кардани шароити қабули онҳо пайваста талош доранд. Солҳои ахир ду масҷиди асосӣ бозсозӣ шуд, роҳҳои нав, фурудгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо бунёд гардид ва имконоти эҷоди урдугоҳҳои хаймавӣ низ бештар гардид. Хадамоти беҳдоштӣ барои зоирон аз ҳисоби сохтмони бемористон ва дармонгоҳҳо беҳтар карда шуд.

Ба хотири таъмини амнияти заминиву ҳавоӣ тадбирҳои иловагиро рӯи даст гирифтанд. Барои тоза кардани ду масҷиди бузурги асосӣ ва сард намудани ҳавои водии Арафот, ки дар 20-километрии Макка ҷойгир аст, низоми худкор ихтироъ шудааст.

Бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам барои адои маросими ҳаҷ омода ҳастанд. Сафари имсолаи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ рӯзи 16-уми август шурӯъ шуд. Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Имсол низ ин шумора тағйир наёфтааст. Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар муқаррар шуд. Ин назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

Арабистони Саудӣ ба қабули ду миллион ҳоҷӣ омода шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

XS
SM
MD
LG