Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Узбекистон, чанд зан, ки дар чорабинии мазкур иштирок доштанд, баъди нашри навори марде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба пулис шикоят бурдаанд. Занон гуфтаанд, онҳоро тариқи нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқир кардаанд.
Дар он чорабинӣ намоиши либосҳо аз матои атлас сурат гирифта буд.
Дилмурод Маллоев бо нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати либоси заноне бадгӯӣ кард, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд. Ин навор баҳсҳоеро миёни корбарони узбекистонӣ ба бор овард.
Баъди шикояти занон, Дилмурод Маллаевро ба пулис даъват карданд. Вай навори дигар нашр ва аз занон узрхоҳӣ кард.
Бо ин вуҷуд додгоҳ ӯро бо айби майдаавбошӣ 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифт.