Додситонии кулли Узбекистон ба таҳқиқи ҳодисаи пахши навори видеоии амалиёти ҷарроҳии узвҳои таносулии як зан шурӯъ кардааст, ки аз ҷониби табибони бемористони Тирмиз сабт шудааст.
Рӯзи 18 июл бахши Узбекии Радиои Озодӣ бо такя ба додситонии кулл гуфт, ки қазияи табибон аз рӯи моддаҳои «таҳқири шаъну эътибори
Инро дида ман на фақат ҳамчун як духтур, балки як инсон ба хашм омадам. Ин ҳолатест, ки ба он метавонист ҳар зани дигар – модар, хоҳар ё духтари мо дучор шавад
инсон» ва «сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ» таҳқиқ мешавад. Ҳамаи табибон дар ҷараёни таҳқиқот аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.
Дар ин навори видеоӣ табибон ба ҳангоми ҷарроҳии зане, ки баъди озори ҷинсӣ ба бемористон интиқол ёфт, ӯро бидуни иҷозат сабт ва дар ҷараёни амалиёт ӯро масхара мекарданд.
Сабзӣ дар дохили узви таносулии зан
Тӯли ин видео 1 дақиқаю 10 сония аст. Дар сабт дида мешавад, ки зане дар рӯи кати беморӣ хоб аст ва табибону ҳамшираҳо талош доранд аз дохили узвҳои таносулии ӯ як сабзиро берун оваранд. Чеҳраҳои онҳо дида намешавад, вале наворбардори ношинос тамоми ҷузъиёти аъзои маҳрамонаи занро сабт кардааст. Дар ҷараёни кор табибону ҳамшираҳо ба забони омехтаи узбекиву русӣ сӯҳбат мекунанд.
Аз сӯҳбатҳои онҳо маълум аст, ки дар бораи наворбардорӣ шудани ин амалиёт огоҳ ҳастанд. Баъди берун кардани сабзӣ марди наворбардор хоҳиш мекунад, ки ин саҳна аз наздик сабт шавад. Зане, ки зоҳиран духтур аст, ин лаҳзаро бо як шарҳе такмил мекунад: «Василаи нави зидди ҳомиладорӣ – сабзии музрободӣ дар таносули зан». Ин шарҳ боиси хандаи атрофиён мешавад.
Аз гуфтугузорӣ ду табиби ҷарроҳ маълум мешавад, ки зани бемор – як қурбонии озори ҷинсӣ аст ва гумонбар шавҳари бадмасти ӯст, ки ҳамсарашро ба ин ҳол овардааст.
"Камоли бадахлоқии инсониву касбӣ"
Шахсе, ки ба унвонии бахши Узбекии Радиои Озодӣ навори видеоиро ирсол кардааст, гуфт, ки ин навор бори аввал дар интернет моҳи июн пайдо шуд, вале худи видео хеле пештар – дар моҳи январи соли ҷорӣ сабт шудааст.
Як табиби бемористони вилояти Сурхондарё, ки аз нашри номаш худдорӣ кард, гуфт, ки кори табибони бемористони шаҳри Тирмиз «камоли бадахлоқии инсониву касбӣ» мебошад. Вай гуфт:
«Ба ман ҳам ин видеоро нишон доданд. Ман духтуреро, ки беморро масхара мекунад, мешиносам. Ӯ Людмила Климова, раиси шӯъбаи амрози занонаи бемористони шаҳрии Тирмиз аст. Дар он ҳодиса занеро аз ноҳияи Музробод бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон оварданд. Вале табибон ӯро ба навор гирифта аз болояш механданд. Инро дида ман на фақат ҳамчун як духтур, балки як инсон ба хашм омадам. Ин ҳолатест, ки ба он метавонист ҳар зани дигар – модар, хоҳар ё духтари мо дучор шавад. Онҳо на танҳо сирри тиббиро поймол карданд, балки шаъну шарафи инсонро ҳам ба замин заданд».
Вай гуфт, ки амали табибон ғайри қобили қабул ва нобахшиданӣ аст, чунки ин зани бадбахти азиятшуда аз дасти ҳамсараш, ба кӯмаки тиббӣ ниёз дошт ва сарнавишти худро ба табибон бовар кард. Дар натиҷа, ба гуфтаи ӯ, ин зан осеби дубора дид.
Ду табиб ва ду ҳамшира
Дар ҳоле, ки тафтиш шурӯъ шуда маълум нест, чанд нафар дар ин ҳодиса гумонбар мешавад, аз рӯи навори видеоӣ маълум мешавад, ки дар ин амалиёт ду табиб ва ду ҳамшира иштирок кардаанд.
Худи Людмила Климова рӯзи 17 июл дар сари кор буд. Раиси шӯъбаи амрози занонаи бемористони Тирмиз дар посух ба саволи хабарнигорони радиои Озодлик нагуфт, ки дар бораи ин ҳодиса хабар надорад ва ҳам нагуфт, ки шахсан худи ӯ ба ин чиз рабт надорад. Ӯ танҳо гуфт: «Ман ин видеоро наворбардорӣ накардаам. Ҳатто ба ёд оварда наметавонам, ки ин наворро кӣ ва кай сабт кардааст». Климова гуфт, ки агар хабарнигор каме дертар занг занад, ӯ омода аст тафсилоти ҳодисаро бигӯяд, вале баъди ин телефони ӯ хомӯш шуд.
Як мақоми Иттиҳодияи табибони вилояти Сурхондарё ҳам тасдиқ кард, ки навори видеоӣ кори дасти табибони бемористони шаҳри Тирмиз аст.
Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи зани ҷабрдида ҳуввияти ӯро аз матбуот пинҳон медорад ва манфиатдор аст, ки ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ шавад. Вале хабарнигорони Озодлик мегӯянд, зан тахминан 40 сол дошта, зоҳиран рустоӣ мебошад.
Додситонӣ: ҳуқуқи зан бояд ҳимоят шавад
Маълум нест, ки ҳодисаи озори ҷинсии ӯ дар чӣ шароит ва бо чӣ сабаб рух додааст. Додситонӣ нагуфт, ки то куҷо дар ҷараёни таҳқиқи ҳодиса ҳамсари ӯ низ барои озори зан ба як шакли ваҳшиёна ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ё на.
Бори аввал нест, ки дар интернет сабти видеоии зани бараҳна ва дар ҳолати ҳақиру таҳқиромез нашр мешавад. Оғози моҳи июл дар вилояти Самарқанд як ходими полис занеро, ки дар дуздӣ гумонбар мешуд, ба идораи полис оварда ӯро дар ҳолате, ки наворбардорӣ мекард, маҷбур кард бараҳна шавад. Дар паи ин моҷаро полиси озордиҳанда боздошт шуд.
Бо фаъол шудани имконияти сабти видео дар телефонҳои мобилӣ, сокинони Узбекистон ҳарчи бештар саҳнаву ҳолатҳои моҷаробарангези бархӯрд бо мақомот ва масъулини давлатиро наворбардорӣ ва дар интернет пахш мекунанд. Бархе мегӯянд, маҳз аз роҳи пахши озоди ин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд таваҷҷӯҳи мақомоти баландпояро ба мушкилот дар маҳалҳо ҷалб кунанд. Дар паи чанд навори видеоии дашномдиҳиву латукӯби мардум аз ҷониби мақомот дар маҳалҳо чандин нафар ҷои худро аз даст дода ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?