Аз як мавсими нишастҳои хабарӣ то дигараш шеваи бархӯрди мансабдорони тоҷик ба суолҳои хабарнигорон тағйир меёбад. Акнун ҷиддият камтар дида мешавад ва ҷойи онро бепарвоӣ, гурез аз суол, баҳонаҷӯӣ ва талаби ошкорои суол надодан мегирад. Бепарвоӣ ҳамчунин сабаби эълони маълумоти носаҳеҳ ва зидду нақиз ҳам мегардад.
"Инро аз ман напурсед"
Барои мисол, мудирияти зиндону боздоштгоҳҳо яке аз риштаҳои кори Вазорати адлияи Тоҷикистон аст, аммо вазири адлия Музаффар Ашӯриён инро намепазирад.
Хабарнигор: Бо таваҷҷуҳ ба салоҳияту ваколату огоҳиҳое, ки шумо доред, ҳодисаи Боздоштҳои шаҳри Хуҷандро шарҳ медод, ки чӣ шудааст?
Вазири адлия: "Шумо худатон чӣ хабар доред?"
Хабарнигор: То ҷое мо хабар дорем, дар он ҷо тирпаронӣ шудааст, дар зиндон.
Вазири адлия: "Ин ҷиноят ҳаст, ҳуқуқвайронкунӣ ҳаст, ё нест? Ман ба шумо чӣ гуфтам, аллакай салоҳияти мо нест."
Хабарнигор: Ҳамин кор шудааст ё не?
Вазири адлия: "Инро аз ман напурсед шумо."
Ба суоле, ки асабонияти вазири адлияро ба бор овард, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул, посухи оромонае дод: "31-уми январи 2026. Се нафаре, ки бо ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ аз 12 то 14 сол аз озодӣ маҳрум гардида буданд… ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонданд. Ба талаби кормандон, ки ҳаракатҳои худро қатъ кунанд, розӣ нашуда, ба ҷони онҳо хатари ҷиддӣ эҷод карданд. Дар чунин ҳолат аз ҷониби хидматчиёни ҳарбӣ безарар гардонида шудаанд."
Чорво зиёд шудааст, ё кам?
Дар мавриди дигар, баъзе омору таҳлилҳои мансабдорони ду ниҳод дар Тоҷикистон дар як мавзуъ зидди ҳаманд. Барои мисол, сабабҳои камчин ва гароншавии гӯшти чорво дар ду ниҳод чунин пешниҳод шуд:
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омор: “Чорвои калон ба 2 миллиону 782 ҳазор расидааст, ки 100 ҳазор бештар аст. Чорвои майда, бузу гӯсфанд қариб 3 миллион шудааст. Ин ҳам қариб 300 ҳазор зиёд. Дар баробари ин, талаботи мардум ҳам зиёд шудааст."
Хуршед Мирзозода, сардори раёсат дар Хадамоти зиддиинҳосорӣ: “Сабаби асосӣ ин кам будани чорво дар бозорҳо аст. Омили асосии кам будани чорво ин гарон шудани хӯроки чорво аст, аввалан. Дуюм, кам ворид шудани чорво ба бозорҳои ҷумҳурӣ мебошад. Сеюм, шумораи чорвопарварон кам шудааст.”
Омӯзгор мерасад, ё намерасад?
Муовини вазири маориф аз ҷой надоштани мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон суҳбат мекунад, вале Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ҳарфҳои ӯро бо омор инкор мекунад.
Равшан Каримзода, муовини вазири маориф: "Аллакай мо пурра норасоии кадрӣ надорем. Ғайриихтисос 697 дорем, бо инҳо куллан корбарӣ рафта истодааст ва норасоии кадрӣ надорем. Чи тавре аз ҷониби сардорони раёсат, сарраёсат, мудирони шуъбаҳои маориф пешниҳод шудааст."
Муҳаммадтоир Саидзода, раиси Оҷонси назорат дар соҳаи маориф: "Муайян гардид, ки то 20-уми декабри соли 2025 дар 374 мактаб норасоии омӯзгорон 245 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 158 омӯзгор тахассуси омӯзгорӣ надоранд. 901 нафари дигар омӯзгор ҳастанд, вале аз фанҳои дигар сарбории таълимӣ доранд."
Ҳамчунин бархе мансабдорон монеи аз як савол бештар додани рӯзноманигорон мешуданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ: "Бас аст як савол, марҳамат шумо."
Хабарнигор: Як саволи дигар дорам, тамом.
"Масъалаҳои ҷиддӣ камтар матраҳ мешуданд"
Ба далели баста шудани расонаҳои мустақили таъсиргузор ва маҳдуд шудани озодии баён солҳои охир дар нишастҳои хабарӣ аз сӯи худи хабарнигорон мавзуъҳои ҳассос пурсида намешавад.
Меҳрофарин Наҷибӣ, хабарнигори "Азия-Плюс" мегӯяд, "нишастҳои хабарии имсола нисбат ба нишастҳои чанд сол пеш, масалан, солҳои 2019-2020, нисбатан оромтар буд. Бале, масъалаҳои ҷиддитар кам матраҳ мешуд. Азбаски саволҳои худи журналистон нисбатан ҷиддӣ набуд, саволҳои умумӣ буд, саволҳои дақиқ набуд, мансабдорон ба ҳадди имкон ҷавоб медоданд ва ҷавобҳояшон барои ҳамон идда қонеъкунанда буд, ба фикри ман."
Баргузории нишастҳои хабарии даврии ниҳодҳои давлатӣ аз соли 2016 оғоз шуд. Дар оғоз вазорату идораҳо ҳар се моҳ як бор нишасти хабарӣ баргузор мекарданд. Соли 2011 дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ нишастҳоро кам кард ва он ҳар шаш моҳ як бор сурат мегирад. Ба далели коҳиши расонаҳои мустақил, солҳои охир рӯзноманигори зиёди расонаҳои давлатӣ ба ин нишастҳо мераванд, ки умдатан ё саволҳои мувофиқашуда медиҳанд ё суолҳои таблиғотӣ. Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ягон бор нишастҳои хабариро ҷамъбаст ва таҳлил накардааст.