Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи саломатии Ислом Каримов номаълум аст


Намоиши рақси Ислом Каримов дар иди Наврӯз дар Тошканд, 19-уми марти соли 2013.
Намоиши рақси Ислом Каримов дар иди Наврӯз дар Тошканд, 19-уми марти соли 2013.

Раддияи Гулнора Каримова хабар ва овозаҳои бемории Ислом Каримовро бештар кард.

Бархе аз расонаҳо бо такия ба манобеи худ дар Тошканд хабар доданд, ки раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, инфаркт ё сактаи дил шудааст. Аммо Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон дар Твиттер ин иттилоъро рад кард. Вай навишт: “Кадом президент? 20 дақиқа дар иди Наврӯз беист рақс кардани ПРЕЗИДЕНТАМОНРО дида, чунин хабареро нашр кардан аҳмақист.”

Аввалин шуда ин хабарро мухолифони давлати Узбакистон ҳафтаи гузашта нашр карданд ва гуфтанд, Каримов рӯзи 22-юми март бо сактаи дил ба бемористон интиқол дода шуд.

Дертар, ин хабарро ҳамчунин расонаҳои дигаре ба монанди Rosbalt, RIA-Novosti, Fergananews нашр намуда “Евразинет” навишт, дар Тошканд нақшаи омодаи интиқоли қудрат мавҷуд нест.

Бино бар хабарҳо, 28 март ҷаласаи сенати Маҷлиси Олии Узбакистон баршузор мешавад ва мақомот гуфтаанд, ширкати раисиҷумҳур Ислом Каримов дар ин иҷлосия дар ихтиёри ӯст. Ин изҳорот низ сабаб шудааст, ки эҳтимоли ширкат накардани Каримов дар ҷаласа ба миён ояд. Таҳлилгарон мегӯянд, пас аз чунин хабарҳо Каримов одатан хеле зуд дар барномаи “Ахбор”-и телевизиони Узбакистон зоҳир мешуд. Ин бор чунин ҳолат ба амал наомадааст.

Албатта, ба ин ҳам ишора мешавад, ки раисиҷумҳури Узбакистон дар гузашта низ муддати зиёд аз мазҳари ом дур монда, сипас дубора ба майдон омадааст.

Рақси Ислом Каримов дар иди Наврӯз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00
XS
SM
MD
LG