Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов бо нашри як номаи боз ба унвонии президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев гуфта, ки омодааст, бар ивази озод шудан аз тамоми моликияташ даст бикашад. Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Узбекистон ҳануз ин муроҷиатро шарҳ надодааст.
Ин нома 25 феврал дар сафҳаи Имон Каримова, духтари Гулнора дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм нашр шудааст. Гуфта мешавад, ки ин сафҳа аз сӯи гуруҳи вакилони ҳуқуқӣ идора мешавад. Дар аввали нома Гулнора Каримова ба президент Шавуат Мирзиёев ҳамчун "ба шахсе муроҷиат мекунад, ки ӯро солҳои хеле зиёд шахсан мешиносад". Сипас муаллифи нома аз гузаронда шуданҳои батакрор аз як зиндон ба зиндони дигар ва қатъ нашудани парвандаҳои ҷиноие шикоят кардааст, ки бархилофи Конститутсия ва Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон баррасӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Каримова, бо вуҷуди мусодира шудани тамоми дороиҳои ӯ ва фарзандонаш ба маблағи 1,2 миллиард доллар ҳаҷми "хисороти расонидаи ӯ ба давлат кам нашудааст". Каримова афзуда, ки ба хотири ҳифзи саломатӣ ва хонаводааш омодааст, аз ҳама гуна даъвои молии худ, бахусус аз ягона дороии ҳабсшудаи хонаводааш дар Швейтсария бар ивази "қатъи парвандаҳо" даст кашида, ба додани 686 миллион доллар ба давлати Ӯзбекистон розӣ шавад.
Духтари калонии Ислом Каримов гуфтааст, ки вазъи саломатиаш хеле бад шуда, ба чандин ҷарроҳӣ ниёз дорад. "Умедворам, ин муроҷиати маро ҳамчун шахси бомасъулият, поквиҷдон ва ба хотири падарам, ки борҳо ӯро устоди хеш номидаед, ҷонибдорӣ мекунед. Муроҷиати ман ба он хотир бозу тавассути расонаҳо сурат мегирад, ки медонам, номаҳои расмии ман ба шумо намерасанд", - навиштааст Каримова ба Мирзиёев.
Соли 2017 Гулнора Каримоваро дар Ӯзбекистон 10 сол зиндонӣ карданд. Вай дар сарпечӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳвсозии ҳуҷҷатҳои ширкатҳои офшорӣ айбдор шуд. Вале охири соли гузашта Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд.
Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон бо муроҷиат ба вазоратҳои адлия, додситониҳо ва ҳукуматҳои Швейтсария, Фаронса, ИМА, Гибралтар ва Узбекистон талаб карданд, ки парвандаи Гулнора Каримова одилона таҳқиқ шавад. Ва сарнавишти амволи ғайриқонунии вай рушан гардад.
"Мушкили аслии мо он аст, ки дар Узбекистон миёни вакили мудофеи Гулнора Каримова ва мақомоти кишвар гуфтугӯи махфӣ ҷараён дорад. То ҷое мо медонем, Каримова соли 2014 ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Соли 2017 ӯро ба зиндони занона интиқол доданд. Охири моҳи июн ӯро дубора ба ҳабси хонагӣ оварданд. Ва бори дигар дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ ба зиндон фиристода шуд. То ҷое мо огоҳ ҳастем, дар ивази баргардонии маблағҳо аз Швейтсария ба Узбекистон талаб карда мешавад, ки Гулнора аз зиндон озод ва кишварро тарк кунад",-омадааст дар муроҷиати фаъолон.
"Мо ҳоло дақиқ намедонем, ки оё ҳукумати Узбекистон ин шартро мепазирад ё не, вале Каримова дубора ба ҳабси хонагӣ интиқол дода хоҳад шуд. Ҳама гуна созиш бо вай бояд фасодкорӣ унвон шавад. Ин гуна созиш ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ созгор нест ва хилофи манфиати мардуми Узбекистон аст",-навиштаанд муаллифон.
Тафтишот мегӯяд, Каримова аз ширкатҳои мобилии хориҷӣ барои роҳ додани онҳо ба бозори Узбекистон наздики 1 миллиард доллар пора гирифтааст. Вай қисме аз ин маблағҳоро дар бонкҳои хориҷ пинҳон ва бо қисми дигари онҳо дар кишварҳои аврупоӣ амволи ғайри манқул харидааст. Расонаҳо борҳо дар бораи дороиҳио ӯ гузориш додаанд.
Хизмати харбй бояд касбй бошад, яъне он нафароне, ки хизмат рафтанй нестанд (писарони одамони давлатманд ва дигарон), бояд маблаги муайян супоранд ва онхое, ки дар хизмати харбй карор доранд, бояд на кам аз дигар кормандони давлатй маош гиранд, бо хонаву дар таъмин бошанд, ба онхо имтиёзхои дигар дода шавад. Ин аст рохи халли масъала, на облававу дар хизмат бечорагонро лату куб кардан. Дар сурати пулакй шудани хизмат тартиби дуруст чорй мешавад мухтарам генералхо!!!!
Масчид макони мукаддас аст, кушодани масчид савобу баракат аст. Факат мо бояд донишу хиради исломй дошта бошем, бедонишй моро ба таассуб мебараду гумрох мешавем. Бо саллаву риш Худои покро нашиносем, бо калби поку корхои хайр шугл варзем. Дар Точикистон барои ибодати озод ягон монеа нест, факат ба ифротгарону каллобон монеахо мавчуданд!!!
хабари хуш
(Аммо Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик ба ин бовар аст, ки озод шудан аз хизмат ба ивази маблағ метавонад, ба қудрати артиш осеб расонад. ) Ин шахс хомии хукук буда ба кадом шахс кумаки ройгон расонидааст. Хич кор намекунад. Фарзандаш агар ба синни даъвати мебуд ин зан ин хел гап намезад. Муаммо нест конун кабул шавад маблаг супорад озод шавад, хонад, оиларо обод кунад, чи даркор хамон армие ки бутун ба корхои дехкони бурда хамчун мардикор истифода мебаранд. Неърухои вижа (ОМОН ва СОБР инхо худаш кифоя аст) дигар майда чуйда кисмхо харбие ки ба гайр аз харочоти буча дигар ба хич кор намедихад махкам кунанд. Ягон кас Точикистони моро кашида намегирад. Ба пеш Шерали Мирзо тасдик кардан гиред.
МашаАллох