Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишкошим чӣ гузашт? САДО


Ҳудуди 15 тан аз сокинони Ишкошим дар назди идораи пулиси ин ноҳия ҷамъ омада ва раҳоии ду сокини ин минтақаро талаб карданд. Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ин ду нафар бо ҷурми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ, боздошт шуданд ва алайҳи онҳо бар асоси Кодекси маъмурии Тоҷикистон, парванда боз шудааст.

Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим рӯзи 29-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки баъд аз зӯҳри имрӯз ҳудуди 15 ҷавон ба нишони эътироз таҷаммӯъ намуда ва талаб карданд, ки ду нафари боздошшуда раҳо шаванд.

Сӯҳбат бо корманди Шӯъбаи корҳои дохилии Ишкошим
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00
Линки мустақим

“Мо ҳайронем, вақте як ҷинояткорро боздошт мекунем, зуд мардум ҷамъ мешаванд ва талаб мекунанд, ки озодаш кунед. Агар як марзшиканро боздошт кунем, низ боз ҳамин ҳолат. Намедонем, ки аз рӯи қонун ва тартибот кор кунем ё аз рӯи кадом талабот. Бо ин ҳам, вазифаи худамонро иҷро карда истодаем”,-афзуд навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Ишкошим.

Бо вуҷуди талаби сокинон, ин ду тан айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, афроди боздоштшуда сокинони мулкӣ ҳастанд, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд ва кормандони пулис низ маҷбур шуданд онҳоро ба идораи пулис биёранд ва нисбати онҳо парвандаи маъмурӣ боз намоянд.

Бо вуҷуди талаби сокинон, ин ду тан айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор доранд. Ба иттилои масъулони шӯъбаи корҳои дохилии Ишкошим, афроди эътирозгар пас аз муддате ба хонаҳояшон баргаштанд ва ҳоло вазъ ором аст.

Ҳарчанд пулис аз ду тани боздоштшуда афроди мулкӣ ном мебарад, вале бархе пойгоҳҳои хабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки чанд тан сарбозони ОМОН бо силоҳ дар даст дар ҳолати мастӣ дар маркази ноҳия бархе аз сокинони маҳалиро мавриди зарбу шатм қарор доданд ва нисбати ҳар нафаре, ки аз пешорӯяшон зоҳир мешуд, зӯрӣ менамуданд.

Ин пойгоҳҳои интернетӣ навиштанд, ки бар асари ин ҳодиса, се нафар аз мардуми маҳаллӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ишкошим бистарӣ шудаанд. Ба иттилои ин расонаҳо, онҳо панҷараҳои бинои навсохти "Мегафон" дар маркази ноҳияро шикастаанд. Вале ин хабар аз сӯи манбаъҳои расмӣ ва сокинон таъйид нашуд.

Барои бори аввал нест, ки гурӯҳҳои сокинон дар Бадахшон дар пайи боздошти наздиконаш дар назди идораҳои интизомӣ таҷаммӯъ намуда ва раҳоии онҳоро талаб мекунанд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта як нафар дар Бадахшон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт гардид ва як гурӯҳи ҷавонон тақрибан як соат дар назди идораи пулис таҷаммӯъ карданд, то ин нафар раҳо шавад.

Дар моҳи август мақомот шаш сокини ноҳияи Ванҷро, ки дар назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия барои раҳоии чор гумонбар дар узвият ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" даст ба эътироз зада буданд, боздошт карданд​. Мақомот ин ҷавононро дар таҳрики сокинон барои гирди ҳам омадан назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам намуданд.

Маъмулан, дар чунин ҳолат, додгоҳҳои Тоҷикистон қазияро бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне “майдаавбошӣ” баррасӣ мекунанд. Ин модда муҷозотро ба андозаи то 500 сомонӣ ҷарима ё аз панҷ то понздаҳ рӯзи ҳабс дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG