Доналд Туск, раиси Иттиҳодияи Аврупо нишасти сарони 28 кишвари узвро, ки қарор буд, 12 июл баргузор шавад, лағв кард. Ӯ гуфт, ки фақат раҳбарони 19 кишвари ҳавзаи евро дар шаҳри Брюссел мулоқот мекунанд.
Вазирони молияи ин кишварҳо бо ҳамтои юнонии худ пеш аз он нишаст дар бораи шарту шароити додани ёрии молии навбатӣ ба Юнон гуфтугӯ хоҳанд дошт. Дар сурати ҳосил нашудани созиш, Юнон мумкин аст муфлис шавад ва аз ҳавзаи евро берун равад.
Рӯзи 11 июл гуфтӯгуҳои 19 вазири молияи ҳавзаи евро дар Иттиҳодияи Аврупо натиҷае надод, зеро аксари вазирон бовар надоранд, ки давлати Юнон ислоҳоти зарурӣ барои гирифтани кумакҳои молиро амалӣ мекунад. Александр Стуб, вазири молияи Финландия гуфт, умедвор аст, ки созиш ҳосил шавад, вале ба гуфтаи ӯ, “мавзеъгирии тарафҳо бисёр ва бисёр фарқ мекунад.” Ӯ афзуд, "мо ба аҳди возеҳ, шартҳои возеҳ ва ба далелҳои собит ниёз дорем, ки шартҳои гузошта дар ниҳоят иҷро мешаванд.”
Ба гуфтаи Карло Падоан, вазири молияи Итолиё, вомдиҳандагони байнулмилалии Юнон ба ин кишвар бовар надоранд. Ба гуфтаи ӯ, монеаи аслӣ дар роҳи расидан ба созиш бо Юнон адами боварӣ ба давлати ин кишвар аст: “Ман мехоҳам, ҳукумати Юнон аз 13 июл дар парлумон тадбирҳои мушаххасро амалӣ кунанд, ки аввал барои Юнон зарур аст. Ва баъд бовариро барқарор карда иҷоза диҳад, ки музокирот пешрафт кунад. Мо вақти зиёдеро талаф додем ва дигар наметавонем аз ин бештар вақтро зоеъ кунем.”
Йерун Дисселблум, вазири молияи Ҳолланд ва айни замон раҳбари вазирони молияи ҳавзаи евро низ масъалаи набуди эътимод ба давлати Юнонро зикр кард ва 12 июл гуфт, мушкили азим дар боварӣ ба ваъдаҳои Юнон аст, ки иҷро мешаванд, ё не. Дар сурати ба созиш нарасидани тарафҳо, мумкин аст, Юнон муфлис шавад ва аз ҳавзаи евро берун равад. Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон мехоҳад, Иттиҳодияи Аврупо, Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Марказии Аврупо ба кишвараш барои пардохти фоизҳои қарзҳои зиёди Юнон то соли 2018 53 миллиарду 500 миллион евро кумак кунанд.
Ба гуфтаи хабарнигорон дар Брюссел, дар робита ба барномаи нави ислоҳоти иқтисодии Юнон ихтилофҳои амиқи назар вуҷуд дорад, зеро аксарият бар ин андешаанд, ки ислоҳоти ваъдагӣ барои додани ёрии навбатӣ ба Юнон кофӣ нест.
Баъд аз бад шудани вазъи молии Юнон дар соли 2010, Иттиҳодияи Аврупо, Сандуқи Байнулмилалии Пул ва Бонки Марказии Аврупо ба Юнон ду дафъа кумаки молӣ карда ва ба он бештар аз 200 миллиард евро доданд. Бо беҳтар нашудани вазъи молии Юнон, Олмон, ки саҳмаш дар додани қарз ба Юнон аз ҳама зиёд аст, аз ҳукумати ин кишвар ноумед шуд ва ҳоло талаб дорад, ки дар ивази кумакҳои нав Юнон аз буҷаи кишвар сарфаҷӯӣ карда ва қодир ба пардохти қарзҳои хориҷиаш шавад.