Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ пирӯз мешавад? Абераи Нусратуллоҳ Махсум? Ё духтари Нурӣ? (ВИДЕО)


Одил Атоев, абераи Нусратуллоҳ Махсум
Одил Атоев, абераи Нусратуллоҳ Махсум

Дар ҳавзаи Шоҳмансури Душанбе барои курсии вакилии порлумон 7 номзад, аз ҷумла духтари Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва абераи Нусратуллоҳ Махсум, мубориза мебаранд.

Абераи Нусратулло Махсум, қаҳрамони Тоҷикистон ва аз аввалин раҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ мошини шахсиашро ба фурӯш гузоштааст, то харҷи ширкат дар маъракаи интихоботи парлумонии Тоҷикистонро пӯшонад.

Одил Атоев, пизишки 28-солаи тоҷик ва ҷавонтарин номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, ки акси бобояш рӯи пули миллии 200-сомониро зиннат медиҳад, рӯзи 12 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни сабти ном ва таблиғ ба мушкили молӣ дучор ва беш аз 6 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.

Ӯ ҳоло ҳамчун номзад дар ҳавзаи №3-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабти ном шудааст ва 4 ҳазор сомонӣ ҳамчун гаравпулии интихоботӣ расман ба буҷаи ҳукумат супурда, то кунун беш аз ду ҳазор сомонии дигар барои нашри аксу маводҳои таблиғотиаш сарф кардааст.

Руқияи Нурӣ, рақиби Одил Атоев
Руқияи Нурӣ, рақиби Одил Атоев

Ҳоло ӯ мошини навъи “BMW”-ашро ки соли 2000-ум истеҳсол шудааст, бо нархи 5 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузоштааст ва мутмаин аст, ки бо ин маблағ пурра маъракаи интихоботиашро анҷом медиҳад. Одил Атоев мегӯяд, ӯро бештар корномаи бобояш, ки то расидан ба мақоми раҳбари аввали Тоҷикистони солҳои 30 вакили порлумони Иттиҳоди Шӯравӣ низ буд, барои расидан ба курсии вакилии порлумони Тоҷикистон таҳрик додааст.

Дар сурати пирӯзӣ ӯ тасмим дорад, пеш аз ҳама бо пешниҳоди тағийру илова ба қонунҳо соҳаи тандурустиро куллан дигар кунад. Ӯ гуфт: “Аввалин пешниҳоде, ки пас аз депутат шудан хоҳам кард, дар мавриди таваҷҷӯҳ ба занони ҳомила ва кӯдакони то 5-сола хоҳад буд. Зан ва кӯдак ин қимматтарин сарвати миллист. Ҳоло мебинам, ки кӯдакон ва занони ҳомилдаи тоҷик аз лиҳози солимӣ осебпазир шудаанд. Пешниҳод хоҳам кард, аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ зан зери назорат гирифта шавад ва то таваллуду 5-сола шудани кӯдакаш ба таври ройгон бо ғизои сервитамин ва бо дорувор таъмин карда шавад. Бо ин роҳ мо метавонем, ҷомеаи солим ва миллати солим дошта бошем.”

Одил Атоев - ҷавонтарин номзади интихоботи парлумонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Аммо мушкили молӣ дар ин ҳавзаи интихоботӣ хоси танҳо ин номзади ҷавон набудааст. Абдулло Холиқов, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 3 дар ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, аз 8 нафаре, ки ин ҷо мехостанд, номзад шаванд, ду нафар бо далели супурда натавонистани гаравпулӣ сабти ном нашуданд.

Ӯ гуфт: “Мувофиқи моддаи 35-и қонуни интихобот номзадии Аҳмадшоҳ Комилзода аз ҳизби демократ ва Насиб Иброҳимов аз ҳизби аграрӣ сабт нашуд, зеро онҳо гаравпулиро дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супурда натавонистанд. Ҳар номзаде пирӯз шуд, гаравпулиро бозпас мегирад ва агар пирӯз нашуд, он ба буҷаи давлат мегузарад.”

Дар интихоботи қабли ҳаҷми гаравпулии номзадҳо 8 ҳазор сомонӣ буд, вале бо ислоҳи қонуни интихобот онро ин дафъа ду баробар кам карданд.

Бо Одил Атоев дар ҳавзаи рақами 3, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур 6 нафари дигар вориди рақобат шудаанд. Баҳром Абдуҳалимов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ба таври худпешбарӣ, Сафаргул Давлиёрова аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Абӯбакр Комилов аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мунира Расулова аз ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Руқия Саидова, духтари асосгузори ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба намояндагӣ аз ин ҳизби мухолиф рақибони ин номзади ҷавон ҳастанд.

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов

Ин ягона ҳавзаи интихоботии инфиродӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар он ягон номзад надорад. Ин ҳизб ин дафъа низ ҳавзаи Шоҳмансур сиёсатшиноси маъруф Сӯҳроб Шарифовро номзад карда буд, вале ӯ баъди анҷом шудани марҳалаи пешбарии номзадҳо дар синни 52 аз олам даргузашт.

Рақибони Одил Атоев мегӯянд, ӯ дар сӯҳбат бо интихобкунандагнон хеле фаъол аст. Абӯбакр Комилов, номзад аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мегӯяд, ин ҷавон дар аввал шармида бо сокинон сӯҳбат мекард, вале ҳоло хеле фаъолтар шудааст: “Аммо вакил шудан ва ё нашудани ӯ аз мо вобаста нест. Мо ҳама баробар бо мардум сӯҳбат дорем ва интихоб дар дасти онҳост, ки пас аз 1-уми март маълум мешавад. Кӣ медонад, ки барномаи кӣ бештар ба мардум писанд аст?”

Талоши Одил Атоев, ҷавонтарин номзад барои роҳ ёфтан ба парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар гузашта ҳузур надоштани ҷавонон дар парлумон зиёд интиқод мешуд. Ҷавонтарин вакили парлумон дар 5 соли гузашта 40 сол дошт.

Аммо Муҳаммадсаиди Сиддиқ, як коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳузур пайдо кардани ҷавонон дар порлумон чизеро зиёд тағийр нахоҳад дод, зеро вакилон дар қабули қонунҳо мустақил нестанд ва аз ин рӯ фарқ надорад, ки он ҷо ҷавонон интихоб мешаванд ва ё калонсолон.

Ӯ афзуд: “Дар қабули қонун ба назар мерасад, ки вакилон мустақил нестанд. Вакилон фақат вазифаи тугмапахшкуниро иҷро мекунанд. Агар ягон ҷавони фаъол ҳам ба парлумон роҳ биёбад, ба ҷуз хоболудагӣ ва тугмапахшкунӣ дигар ҳеҷ кореро анҷом дода наметавонад. То кунун нашудааст, ки парлумони Тоҷикистон ягон лоиаҳаи қонунро, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, қабул накарда бошад ва ё ба он тағийру илова дароварда бошад.”

Аммо Сулаймон Юсуфов, як ҷавони тоҷик, ки дар ду давра дар ноҳияи Ховалинг ҳамчун вакили маҳаллӣ фаъолият кардааст, ба ин ақида розӣ нест. Ӯ мегӯяд, дар ноҳия борҳо зимни қабули қарорҳо талош кардааст, то ҳарфи худро гузаронад: “Дигар асри 21 аст ва ин ақида, ки ҷавонон наметавонанд, коре кунанд, кӯҳна шудааст. Ҳоло ҷавонон хеле огоҳанд ва бо роҳ ёфтан дар порлумон ҳатман ташаббусҳое нишон хоҳанд дод. Онҳо барои ҳалли мушкилоти ҷомеа пешниҳодҳои хуб доранд.”

Ҳоло дар Тоҷикистон дар як ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ва 41 ҳавзаи инфиродӣ барои 63 курсии порлумон беш аз 300 номзад мубориза мебаранд. Одил Атоев, ҷавонтарин номзад ва абераи Нусратулло Махсум, аз чеҳраҳои шинохтаи солҳои 30-уми асри гузашта дар Тоҷикистон умедвор аст, ки бо харҷи пуле, ки аз фурӯши мошини шахсиаш ба даст хоҳад овард, дар интихоботи рӯзи 1 март пирӯз шавад.

XS
SM
MD
LG