Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имлои нав ба ҳарҷу марҷ дар забони тоҷикӣ поён хоҳад дод? ВИДЕО


Таҷлил аз рӯзи забони тоҷикӣ дар Душанбе. 4-уми октябри соли 2019

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз мардум ва донишмандон хостаанд, ки пешниҳодҳои худро барои ислоҳи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" ба онҳо фиристанд. Қарор аст, қоидаҳои имло соли 2020 тағйир ёбад ва ба гуфтаи мақомот, ба ҳарҷу марҷ дар забони давлатӣ поён хоҳад дод. Аз замони қабули қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 то ин дам қоидаҳои имло ду дафъа иваз шуда, вале ба гуфтаи забоншиносон, ҳанӯз ҳам мушкилу нофаҳмиҳо кам нагардидааст. Тағйироти охир ба имлои забони тоҷикӣ ҳашт сол пеш сурат гирифта буд.

Баҳсҳо дар атрофи имлои забон ва пешниҳоду талошҳо барои ислоҳи он солҳо боз идома доранд. Ин кӯшишҳо аз он ҷо низ маншаъ мегиранд, ки дар матбуот шаклҳои гуногуни навишт ва истифодаи бемеъёри калимаҳо аз забонҳои дигар ба авҷи худ расид.

Баҳсҳо дар атрофи истифодаи "у"-и дароз дар вожаҳои арабӣ ва бахусус пеш аз "ҳ" ва "ъ", ки тибқи қоидаи ахири имлои забон имконнопазир гашт, байни донишмандону забоншиносон ҳам зиёд шуд.

Саодатшоҳ Матробиён, муовини раиси Кумитаи забону истилоҳот, рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "кор ба ҷое расид, ки муаллимони мактабҳо ба мо занг зада, дуруст истифода кардани садоноку ҳамсадоҳоро мепурсанд." Вай ба унвони мисол гуфт, тибқи имлои нав истифодаи калимаи "афв" ва "авф" дуруст дониста мешавад, вале як гуруҳ афв менависанду ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд ва гуруҳе дигар ба авф ва ҳамин тавр нофаҳмиҳоро ба вуҷуд овардаанд.

Ба ин монанд баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳс мешавад, ки оё сӯҳбат гуфт ё суҳбат, мавзӯъ навишт ё мавзуъ, рӯи ё рӯйи, президент омад ё президент омаданд, таъйин, таъин ё таин ва Алӣ навишт ё Ъалӣ?

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Аз ин пеш, рӯзи 4-уми октябри имсол, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати маориф ва илм, Иттиҳоди адибон ва ниҳодҳои дигар дастур дод, ки тарҳи нави "қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ"-ро то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод кунанд. Ӯ гуфт, рӯшан набудани бандҳои қоидаи забон ва баҳсу мунозираҳо дар атрофи он ба сатҳи саводнокии мардум, ба вижа ҷавонон, таъсири манфӣ расонидааст.

Бархе аз забоншиносон мегӯянд, мушкил дар он аст, ки ҳукумат ба ҷуз аз шиор додан иқдоми ҷиддие барои беҳбуди имлои забон ва куллан вазъи он анҷом намедиҳад.

Сайфиддин Мирзоев, як масъули Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, рӯзи 18-уми ноябр аз тасмими Кумитаи забон ва истилоҳот барои расонаӣ кардани раванди тағйири имлои забони тоҷикӣ сахт изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, "таҳияи имло кори забоншиносон аст, на кори ҳар як раҳгузар. Бигзор, забоншиносон пешниҳодҳои худро ба ҳукумат фиристанд. Дар акси ҳол, имлои нав низ саршор аз хатоҳое мешавад, ки дар гузашта дошта буд."

Баъзе аз забоншиносон мегӯянд, ҳашт сол пеш ҳангоми қабули қоидаи имло назари мардум ба инобат гирифта нашуд ва таҳқиқоте анҷом наёфт. Ин бор ба таъкиди онҳо бояд пешниҳодҳои мардум ҳам қабул ва баррасӣ шавад.

Сайфиддин Мирзоев хабар дод, ки Академияи илмҳо аллакай пешниҳодҳои худро барои тағйири имлои забони тоҷикӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон фиристодааст. Ба қавли ӯ, бештаре аз пешниҳодҳои онҳо барои ислоҳи имлои забони тоҷикӣ марбут ба ҳарфи "у" ва "ӯ" дар забони тоҷикӣ будааст.

Дар ин байн як гуруҳ аз равшанфикрон мушкилро маҳз дар хатти сириллик арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, бозгашт ба хатти ниёкон метавонад ҳамаи ин баҳсҳоро аз байн барад. Аммо Сайфиддин Мирзоев гуфт, "хатти сириллик яке аз соддатарин хатҳост, вале бо ин вуҷуд бештаре аз ҷавонони мо камсаводанд. Дар хатти форсӣ чаҳор ҳарфи "З" ва се ҳарфи "С" вуҷуд дорад. Магар ҷавонони мо ҳоло қодиранд бо чунин хат босавод бошанд?"

Азизи Нақибзод, хабарнигори тоҷик, аз иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон барои ислоҳи қоидаи имлои забони тоҷикӣ ва фаҳмидани назари мардум дар ин бора ситоиш кард ва гуфт: "Садҳо нафарро медонам, ки унвони илмӣ надоранд, аммо донандаи хуби забон ҳастанд. Ба унвони мисол, Дориюши Раҷабиён, Исфандиёри Одина, Абдулқодири Рустам ва дигарон. Бояд назару пешниҳодҳои онҳо шунида шавад."

Қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пойфишориҳои бардавоми зиёиёни тоҷик 22-юми июли соли 1989 тасвиб шудааст. Дар ин муддат имлои забони тоҷикӣ ду бор таҳрир хӯрд.

Ҳоло маълум нест, Кумитаи забон ва истилоҳот кадом бахши пешниҳодҳоро қабул ва ба ҳукумат пешниҳод мекунад ва оё ин тағйирот ҳамон тавр ки интизор меравад ҳарҷу марҷро аз байн хоҳад бурд ва ё ба онҳо хоҳад афзуд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG