Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби мухолифи сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон рӯзи 26 май ба Озодӣ хабар дод, ки тавофуқоти бадастомада дар музокироти рӯзи якшанбеи намояндагони эътирозгарон бо ҳайати ҳукумат, ки аз ҷумла ёвари президент генерал Шералӣ Хайруллоев ва вазири умури дохила Рамазон Раҳимзодаро дар бар мегирифт, то кунун танҳо стенография шуда буд ва бояд субҳи сешанбе имзо шавад. Ӯ дар масъалаи рад шудани талаби аз ҷавобгарӣ озод кардани эътирозгарон гуфт, маслиҳат ин шуда, ки ба масъалаи ҷавонони шӯрида баъди маълум кардани сабабгорони нооромиҳои ахир баргарданд.
Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, ҷониби эътирозгарони Хоруғро дар кумиссиюни тафтиши ҳодисаҳои рӯзҳои 21-25 май 5 мутахассис намояндагӣ хоҳанд кард:
Фаромӯз Эргашев -- ҳуқуқшинос,
Хурсанд Маҳмадшоев – корманди собиқи вазорати умури дохилӣ,
Бахтовар Бахтиёров ва
Назар Эмомназаров – кормандони собиқи мақомоти қудратӣ ва
Музаффар Муборакшоев – соҳибкор.
Оқои Шерзамонов афзуд, дар маҷмӯъ аз эътирозгарон дар кумиссиюни муштарак 9 нафар намояндагӣ мекунанд, вале худи ӯ, Улфатхоним Мамадшоева – созмони ҷамъиятии “Номус ва инсоф” ва фармондеҳони собиқ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Толиб Аёмбеков – раҳбарони маҳаллаҳои Хоруғи боло ва “Хлебзавод”, қарор кардаанд, ки танҳо дар мавриди пеш омадани масоили ҷиддӣ ва зарурати музокира бо намояндагони аршади ҳукумат, назири Шералӣ Хайруллоев дахолат кунанд. Шерзамонов гуфт: “Азбаски мо мутахассиси соҳаи тафтишот нестем, бо вуҷуди исрори зиёди он тараф, гуфтем, ки мо ба раванди тафтиш дахолат намекунем. Мо ин ҷараёнро фақат назорат хоҳем кард ва агар дахолати мо зарур шуд, мудохила мекунем. Вале фикр мекунем, ки беҳтар аст, то тафтишро мутахассисон пеш баранд. Ба ҳамин далел, мо аз тарафи худ фақат кормандони собиқи мақомоти интизомиро ба ин кор пешбарӣ кардем.”
Оғози кори кумиссиюни муштарак дар Хоруғ
Як узви кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ мегӯяд, ки онҳо корро аз боздид ва таҳқиқи маҳалли ин ҳаводис дар маркази шаҳр шурӯъ кардаанд. Музаффар Муборакшоев, соҳибкори 42-сола аз шаҳри Хоруғ ва яке аз аъзои кумиссиюни муштараки таҳқиқи рӯйдодҳои ахир дар маркази Бадахшон, рӯзи 26 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кумиссиюн корашро имрӯз бо боздид аз маҳалли рӯёрӯиҳо шурӯъ кардаанд. Музаффар Муборакшоев гуфт, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар ин кумиссиюн ҳаққи анҷоми ҳаракатҳои тафтишотиро надоранд, балки танҳо ҷараёни тафтишотро назорат мекунанд, ки қонунӣ ва шаффоф бошад.
Мусоҳиби мо ҳамчунин гуфт: "Мо дар қадами аввал имрӯз рафта, биноҳои сӯзондаро диданд. Инҷо мегӯянд, ки ин нахустин бор аст, ки ба тафтиши ҳодиса дар баробари мақомоти тафтишотӣ намояндагони мардум ҳам ҷалб мешаванд. Ва мо умедворем ва кӯшиш мекунем, ки ин масъулиятро хуб анҷом диҳем." Ба гуфтаи Музаффар Муборакшоев, қарор шуда, ки аъзои кумиссиюн ҳар шом дар ситоди вижае ҷамъ омада, натоиҷи корашонро баррасӣ кунанд ва ба самъи мардум, ки онҳоро намояндаи худ интихоб кардаанд, бирасонанд.
Рӯзи 21 май дар як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ 3 нафар кушта ва 4 тан захмӣ шуданд. Мақомот мегӯянд, ки ин тирпарронӣ дар ҷараёни амалиёти боздошти як гкрӯҳи қочоқбари маводи мухаддир сурат гирифта буд. Аммо сокинони шаҳр мегӯянд, дар ин тирандозӣ раҳгузарон низ осеб дидаанд.
Ба дунбол садҳо нафар ба нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтаанд ва як гурӯҳи ҷавонони башӯромада биноҳои милисаву амният ва додситониро оташ заданд. Ҳамин тавр, шаби 22 ба 23 май дар як ҳодисаи дигар дар Хоруғ, ки мақомот қасди ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои идораи амнияти вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.
Эътирозҳо дар Хоруғ бо талаби муҷозоти гунаҳкорони тирпарронии рӯзи 21 май 4 рӯз давом кард ва шоми 25 май бо имзои як протокол байни намояндагони "ҷомиаи шаҳрвандӣ"-и Бадахшон ва ёвари раисиҷумҳур генерал Шералӣ Хайруллоев, ки ҳамроҳ бо вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода аз Душанбе барои ҳалли бӯҳрон ба Хоруғ омадааст, ба поён расид. Аз 9 талаби эътирозгарон мақомот талаби қонунӣ кардани гирдиҳамоӣ ва ба ҷавобгарӣ накашидани ҷавононони эътирозгарро қабул накардаанд.
Тавофуқоти Хоруғ оё иҷро хоҳад шуд?
Аммо аъзои кумиссиюни муштарак аз ҷониби «ҷомеаи шаҳрвандӣ» мегӯянд, комиссиюн дар ҳоле ба кори худ шурӯъ мекунад, ки раҳбарони ниҳодҳои интизомиву амниятии маҳаллии шаҳр ҳамоно аз мансабҳояшон барканор нашудаанд ва метавонанд раванди тафтишро халалдор кунанд. Алим Шерзамонов, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ва аз аъзои «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-и Бадахшон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, «яке аз талабҳо он буд, ки раҳбарони сохторҳои қудратӣ ақаллан муваққатан аз кор озод шаванд то ба рафти тафтишот таъсир расонида натавонанд. Вале то он даме ки ин сардорон дар вазифа боқӣ мемонанд, мо эътимод надорем, ки тафтишот объективона сурат бигирад.»
Ҷаноби Шерзамонов боз ҳам изҳори умед кард, ки дар пайи ин созиш ва оғози ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сулҳу субот дар Бадахшон ҳоким хоҳад шуд. Аммо то куҷо ин интизорҳо бароварда хоҳанд шуд?
Бархе аз коршиносон бо ёдоварӣ аз ҳаводиси Хоруғ дар тобистони соли 2012, ки бо айни чунин як созише анҷом ёфта, аммо акнун пас аз 2 сол дубора ҳолати бӯҳронӣ пеш омад, таъсири тавофуқи ахирро зери шуба мегузоранд. Комёб Ҷалил, коршиноси тоҷик дар масоили амниятӣ дар ин замина мегӯяд: «Чунин тавофуқот аҳамият доранд, чун бе ин дар шароити феълӣ намешавад. Аммо вақте чунин як санаде рӯи даст меояд, бояд бо истифодаи он сиёсат дар минтақа дуруст ба роҳ монда шавад ва иҷро шавад. Мутаассифона, бисёр тадобире ҳаст, ки рӯи даст гирифта мешавад, як ҳайат таъсис меёбад барои иҷрояшн, аммо оҳиста-оҳиста он тадбирҳо фаромӯш мешавад. Яъне масъулин иҷрои кореро, ки муваззаф шудаанд, аз ёд мебаранд. Аслан ба фикри ман, ин ҳодисаҳо тасодуфӣ нест. Ноӯҳдабароии ҳокимияти маҳаллӣ аст ин ҷо.»
Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоиси сиёсӣ тавофуқи бадастомада миёни мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми гирдиҳамомадаро ягона роҳи бурунрафт аз мушкили феълӣ дар Бадахшон донист. Вай афзуд, «ин ягона роҳи ҳал буд барои ҳал кардани бӯҳрон ва эътидоли вазъ. Агар иғво ё ягон ҳодисаи дигаре сар назанад, албатта, тавассути ин тавофуқ мешавад вазъиятро хуб кард. Чунин муколама ё гуфтугӯҳо дар ин ҳолат муҳиманд.»
Ин коршиноси тоҷик бар ин назар аст, беҳтар аст, то дар Бадахшон як маркази вижаи таҳлилӣ созмон дода шавад, ки тавонад аз роҳи баргузории маҳфилу нишастҳое бо ҳузури мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва коршиносону хабарнигорон масоили мавҷуд дар ин минтақаро ба баррасӣ бигирад ва то андозае аз вуқӯи ихтилофот ва сар задани ҳар навъ ҳодисаи номатлуб ҷилавгирӣ кунад.
Баҳсҳо сари феҳристи пешниҳодии "ҷомеаи шаҳрвандӣ"
Намояндагони «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Бадахшон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир феҳрасти пешниҳодии гурӯҳро бо мақомоти қудратӣ баррасӣ доранд ва сипас комиссияи муштарак ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ва аз аъзои «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-и Бадахшон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки дар нимаи аввали рӯзи душанбе масъалаи тасдиқи феҳрасти ному насаби намояндагони «ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз 10 нафар иборат мебошад бо мақомоти қудратии кишвар баррасӣ хоҳад шуд ва сипас Комиссияи муштарак барои баррасии пешниҳодоти онҳо, ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Оқои Шерзамонов афзуд, ки намояндагони мақомоти қудратӣ пешниҳод карданд, ки рӯйхати намояндагони «ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз 5 нафар бештар набошад: «Ҳоло мо дар Додситонии вилоят ҳастем ва масъалаи руйхатро баррасӣ намуда бо тасдиқи феҳрасти дақиқ, комиссия фаъолияташро ҷиҳати ҳаллу асли пешниҳодҳо шурӯъ хоҳад кард.»
Ин дар ҳолест, ки дирӯз "ҷомеаи шаҳрвандӣ"-и Бадахшон руйхати 10 нафараи намояндаҳои худро барои пеш бурдани музокира ба мақомоти қудратӣ барои иҷрои талабҳо пешинҳод карда буд. Аз ҷумла Халифа Давлатмиров - рӯҳонӣ,Фаромӯз Эргашов – ҳуқуқшинос,Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров - раиси маҳаллаи Хоруғи боло, Толиб Аёмбеков - раиси маҳаллаи “Хлебзавод”,Зоир Раҷабов - раиси махаллаи УПД,Ёғибек Ёғибеков - намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Холбаш Холбашев – сардори раёсати нирӯҳои марзбонии Бадахшон,Алим Шерзамонов - раҳбари бахши вилоятии ҳизби сотсиал-демократ ва Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Номус ва инсоф” пешниҳод шуда буданд.
Хоруғ. Талаби "ба ҷавобгарӣ накашидани ҷавонон" рад шудааст
Дар музокироти рӯзи гузашта миёни намояндагони ҳукумат ва «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-и Бадахшон, талаби асосии эътирозгарон – қонунӣ кардани гирдиҳамоӣ ва ба ҷавобгарӣ накашидани ҷавононе, ки биноҳои мақомотро оташ задаанд, рад шудааст.
Алим Шерзамонов, раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон ва ҳамзамон роҳбари эътирозгарон рӯзи 26-уми май дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки «ҷомеъаи шаҳрвандӣ» пешниҳод кардааст, ҷавононе, ки дар ҳодисаҳои Хоруғ ширкат карданд, ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, аммо намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ин пешинҳодро «номумкин» шуморида, мехоҳанд наврасону ҷавононро аз рӯи қонун ба ҷазо кашанд.
Алим Шерзамонов афзуд, дар музокираи дирӯз намояндагони ниҳодҳои қудратӣ бо ҷомеъаи шаҳрвандии Бадахшон, ки агар майдонинишинӣ ҳамчунон идома кунад, дар фазои ноамнӣ комиссия ҷиҳати ҳалли масоили талабнома ҳеҷ коре карда наметавонад, аз ин рӯ гирдиҳамоӣ пароканда шуд ва имрӯз 26-уми май кори кумиссион амалан шурӯъ хоҳад шуд. Шерзамонов гуфт «ба хотири боз ягон дасисае нисбати мо эҷод нашавад, майдонро тоза кардем».
Аммо ба гуфтаи Шерзамонов «пиромуни дигар нуқтаҳои талабнома тавофуқ ба даст омадааст.»
Шоми 25 май дар музокироти ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амният ва дифоъ Шералӣ Хайруллоев бо намояндагони гурӯҳе ки худро "ҷомиаи шаҳрвандӣ"-и Бадахшон унвон мекунанд, пиромуни "тамоми нуқтаҳои талабнома"-и ин гурӯҳ тавофуқ ба даст омадааст.
Манбаи "Озодӣ" мегӯяд, дар поёни музокирот байни тарафҳо як протокол ҳам ба имзо расидаст. Ҳамчунин имрӯз, 26 май комиссияи муштарак дар шакли густаришёфтааш ба кор шурӯъ мекунад.
Як гурӯҳи сокинони Хоруғ аз рӯзи 21 май дар паи ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 4 тани дигар дар як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ ба нишони эътироз биноҳои милисаву амният ва додситониро оташ заданд ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони тирпарронии хунинро талаб карданд. Дар хушунатҳои баъдӣ боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.