Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Айнӣ корхонаи нави тило ба кор оғоз мекунад. Бо пули Чин


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар наздиктарин фурсат дар ноҳияи Айнӣ корхонаи коркарди тило ба кор шуруъ мекунад. Ширкати «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ», ки 70 дарсади саҳмияҳояш моли Чин аст, масъули ин тарҳ мебошад. Мақомоти Тоҷикистон аз тарҳ ҳимоят мекунанд, вале экологҳо аз паёмадҳо барои табиат ҳушдор медиҳанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар корхонае, ки дар наздикии маҳалли конҳои тилои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи шарқӣ” дар ноҳияи Айнӣ бунёд мешавад, садҳо мутахассис ҷойи корӣ хоҳанд ёфт. Ширкатҳои чинӣ тайи солҳои охир ба таври густарда ба соҳаи саноати истихроҷ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда муҷаввизи маъданҳои гаронбаҳо, аз ҷумла тилоро яке пайи дигар ба даст меоранд. Коршинос эътироф мекунад, ки Чин зарфиятҳои бузург ва таҷрибаи муносиб дар бахши маъданҳои кӯҳӣ дорад, вале ҷалби сармоя дар ивази дастрасӣ ба захираҳо ва ҳам паёмадҳои экологии бунёди коргоҳҳои металлургӣ дар кишвар дар оянда хатарҳоро ба дунбол дорад.

Миралӣ Ташрифов, сардори шӯъбаи назорати геологии саридораи геологияи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони ин корхона дар зудтарин фурсат анҷом ёфта ба тавлиди маҳсулот шуруъ мекунад. Ҳарчанд мақомот ҳазинаи бунёди ин корхонаро шарҳ намедиҳанд, аммо сохтмони онро дар канори майдонҳои тило аз лиҳози иқтисодӣ муфид медонанд. «Одатан фабрикаҳои бойгардонию корхонаҳои металгудозиро дар канори конҳо месозанд. Чун марҳилаҳои истихроҷ зиёд аст, бунёди фабрикаҳо бояд наздик ба майдонҳои омӯзиши маъдан бошад. Барои мисол тилоро аз куҳ мекананд, баъдан бо техналогия онро коркард ва ҷудо мекунанд, то замони холисгардонӣ ва пробаи он корҳои зиёде анҷом дода мешавад».

Ширкати «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» ба ин конҳо дар бадали бунёди МБГ “Душанбе-2”, ки арзиши он 330 миллион доллар мебошад, даст ёфт. Бар асоси қарордод, тило то замоне истихроҷ мешавад, ки маблағҳои масрафшуда барқарор нашаванд. Захираи умумии тило дар ин ду кон 52 тоннаро ташкил медиҳад. Ширкати чинии ТВЕА дар ноҳияи Айнӣ барои ҷалби ду ҳазор шаҳрванди Чин иҷозати расмӣ дорад.

Сохтмони корхонаи коркарди тило дар ноҳияи Айнӣ аз сӯи ширкати «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» дар ҳолест, ки дар бештари ҳолатҳо ширкатҳои хориҷӣ ашёи хомро аз ин ҷо мебаранд ва маҳсулотро дар берун аз Тоҷикистон омода мекунанд. Бо ҳадафи аз байн бурдани ин падида ва рушди саноати Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2015 президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон изҳор карда буд, ки иҷозатнома барои истихроҷи конҳои металлҳои рангаро танҳо ширкатҳое ба даст меоваранд, ки омодаанд маҳсулоти ниҳоиро дар дохили кишвар истеҳсол кунанд. Аммо Миралӣ Ташрифов мегӯяд, ҳанӯз дақиқ нест, ки чанд дарсади маҳсулот дар ин корхона баъди истихроҷу коркард дар дохили кишвар боқӣ мемонад.

Бунёди корхонаи коркарди тило дар бахши маъдани куҳии Тоҷикистон аз сӯи ширкатҳои чинӣ бори аввал нест. Корхонаи муштараки чиниву тоҷикии “Зарафшон” бузургтарини онҳост, ки 75 дарсади саҳмияҳои он мансуб ба ширкати чинии Zijin Mining Group Co. Ltd мебошад. Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори саридораи геологияи Тоҷикистон рузи 17-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ ҳам дар баробари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» ҳамчунин ба ду ширкати дигар изоҷатномаи омӯзиши кони маъданҳои гаронбаҳоро додааст. Вай гуфт: «Ба «Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Чин” ҳуқуқи истифодаи омӯзиши конҳои сурбу руҳи Ағба ва Сеқабата ва кони тилои Боярбек иҷозатнома дод. Ҳамчунин ба "Апрелевка" - ширкати муштараки Тоҷикистону Канада ҳақ дод ба омузиши конҳои тилои ноҳияи Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳ машғул шаванд».

Ба ҷуз аз ширкатҳои чинӣ дар бахши маъданҳои куҳии Тоҷикистон чандин сармоягузори дигари хориҷӣ низ амал мекунанд. Аз ҷумла, КМ “Анзоб”, ки 100 дарсад мутааллиқ ба ширкати амрикоии Comsap Ink. мебошад, “Апрелевка”, ки 49 дарсад мансуб ба ширкати канадагии Gulf UK ва дар гузашта Central Asian Minerals and Resources PLC (CAMAR) аст ва ҳамчунин Корхонаи маъдантозакунии Адрасмон, ки 100 дарсад моликияти ширкати қазоқии ҶС “Кони Мансур” аст.

Сохтмони корхонаи истихроҷи маъданро дар ҳоле зарур мешуморанд, ки ҳамасола баҳсҳое сари амнияти экологии ин корхонаҳо матраҳ мешавад. Дар гузашта ҳам сокинони маҳаллӣ аз олуда шудани обу табиати атрофи маҳалли зисташон аз боқимондаҳои корхонаҳои оҳангудозии марбут ба Чин шикоят карда буданд. Саидусмон Судуров, сардори шӯъбаи ҳифзи атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, вақте замин барои сохтмони корхона интихоб мешавад, кумита талаботи экологиро ба назар гирифта, баъдан иҷозати бунёд медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, баъдан бар асоси хулосаи санҷиши экологӣ корхона бунёд ёфта, баъди ба фаъолият шуруъ кардан аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист зери назорат ҳастанд.

Ӯ мегӯяд дар пайи бунёди ҳаргуна корхонаҳои истихроҷи маъдан ҷараёни кори онҳоро низ назорат мекунанд. Ӯ барои намуна мегӯяд, “фаъолияти корхонаи коркарди тилои ноҳияи Айнӣ, ки сарчашмаҳои обии дарёи Зарафшону Варзоб аз онҷо шуруъ мешавад набояд таъсири партову боқимондаҳои он ба муҳит ва мардум зарар расонад”. Ӯ мегӯяд, корхонаҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, вобаста ба ҳаҷми зарар пардохти экологӣ мекунанд. Ӯ нигарониву шикояти сокинонро аз таъсири корхонаҳои чинӣ рад намекунад, вале мегӯяд, ин корхонаҳо на дар ҳама ҳолат муҳити зистро вайрон мекунанд. “Ҳастанд корхонаҳои хурде, ки онҷо технологияҳои куҳнаро истифода мебаранд. Онҳо бештар чунин дастгоҳҳои куҳнаро ба кишварҳои дар ҳоли рушд мебаранд ва онҷо истифода мекунанд. Дар гузашта ҳам ширкатҳои чинӣ дар Душанбе корхонаҳои оҳангудозӣ, доштанд. Ва ҳоло аз 26 чунин корхона ҳамагӣ 3-то аз ин корхонаҳо фаъолият мекунанд. Ҳоло корхонаҳои бузурги металгудозӣ дар ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор фаъолият доранд, ки аз дастгоҳҳои муосир истифода мебаранд ва ки дараҷаи самарнокии ҳавотозакунӣ доранд”.

Аммо муҳитшиносони мустақил ба безарар будани корхонаҳое ба мисли корхонаи коркарди маъдан шак доранд. Онҳо мегӯянд, агар чунин мебуд, Чин аз ин гуна ширкатҳо роҳи халосӣ намеҷуст. Ба гуфтаи экологоҳо, онҳо барои ташхиси таҷҳизоте, ки дар ширкатҳои мазкур насб шудаанд, иҷозат надоранд. Муҳитшинос Парвиз Давлатов мегӯяд, агарчи аз як ҷониб истихроҷу коркарди маъданҳои гаронбаҳо дар дохили кишвар хуб аст, аммо набояд масъалаи муҳити зист ва атрофу инсонҳо фаромуш шавад.

Ӯ ба ин андеша аст, ки бояд ҷониби Тоҷикистон ҳангоми бунёди чунин корхонаҳо ҳаҷми ҳаҷми зарарро гаронтар бикунанд то пардохти экологӣ боиси риояи олудашавии муҳити зист бошад. “Ҳама медонад, ки кишварҳои бузург аз ҷумла Чин ҳамеша аз ин истеҳсолоти олудааш даст мекашад ва онро ба кишварҳои дигар интиқол медиҳад. Мантиқӣ буд агар мақомоти тоҷик ҳам баробар бо манфиатҳои иқтисодӣ, сиҳатии шаҳрвандонро ҳам ба назар бигаранд”.

Истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тиллову асъори кишвар мехаранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 24 майдони мушаххасшудаи тило вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тило нуҳуфтааст. Вале Миралӣ Ташрифов, сардори шӯъбаи назорати геологии Саргеологияи тоҷик мегӯяд, конҳои тило дар Тоҷикистон пошхӯрда ҳастанд ва на дар ҳамаи онҳо корҳои геологӣ анҷом дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ дар сурати анҷоми корҳои омузишӣ дар бархе минтақаҳои мушаххаснашуда амалӣ шавад, теъдоди конҳо ба маротиб бештар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG