Пайвандҳои дастрасӣ

13 миллион $-и Бонки Ҷаҳонӣ барои наҷоти пиряхҳои Тоҷикистон. ВИДЕО


Бонки Ҷаҳонӣ барои назорати пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ва ҷилавгирӣ аз обшавии батадриҷи онҳо ба Тоҷикистон 13 миллион доллар ҷудо кардааст. Пиряхҳои "Федченко", "Пётри 1", "Гӯри Кампир" ва "Дидал" дар Тоҷикистон аз ҷумлаи пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ва хатарнок унвон мешаванд. Назорат аз обшавии пиряхҳо, ки дар натиҷаи гармшавии иқлими сайёра мушоҳида мешавад, барои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиии хатарбор барои зиндагии одамон мусоидат мекунад.

То 50 соли пеш дар Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхи хурду бузург ба қайд гирифта шуда буд.

Ҳомидҷон Расулзода, мудири Оҷонсии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзи 17 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар даҳ соли ахир бори аввал аст, ки омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шудааст. Ӯ гуфт, "мо ба таври доимӣ мушоҳида мекунем, то дар ҳар мавсим аз ин пиряхҳои рӯ ба ҷунбиш маълумот дошта бошем. Сари вақт хоҷагиҳоеро, ки дар поёни пирях ҷойгир шудаанд, аз хатар огоҳ мекунем. Соли гузашта аз ҳисоби ҷунбиши пирях офати табиӣ ба амал омада буд."

Сел дар Бадахшон. Моҳи июли 2015
Сел дар Бадахшон. Моҳи июли 2015

Ба қавли Ҳомидҷон Расулзода, ҳоло қисмати поёнии "Федченко" ва "Скогач" мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. "Бар асоси ин барнома ҳолати пиряхҳои Тоҷикистонро пуррамавриди омӯзиш қарор медиҳем", - афзуд ӯ. Ин тарҳ дар ҳоле амалӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳамасола аз канда шудани пораи пиряхҳо селхезӣ ба амал омада, хоҷагии деҳот зиён мебинад. Тобистони соли гузашта дар пайи канда шудани як пора пиряхи “Пётри 1” сокинони деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод зиён дида буданд.

Пиряхҳои "Федченко", "Пётри 1", "Гӯри Кампир" ва "Дидал" дар Тоҷикистон аз ҷумлаи пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ва хатарнок унвон мешаванд.

Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 17 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, барномаи омӯзиши пиряхҳо хеле хуб оғоз шудааст. Ӯ гуфт, «Тоҷикистон яке аз давлатҳои пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим аст ва дар ин самт дар шаш бахш барномаҳо татбиқ мешавад. Мо дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеи аввалро ишғол мекунем ва бинобар ин ба мо ба таври иловагӣ маблағ ҷудо кардаанд. Бар асоси ин барнома бунёди 54 истгоҳи обу ҳавошиносии муосир ва 16 Дидбонгоҳи обченкунӣ дар назар аст.»

Масъулон мегӯянд, даҳҳо гранти хурду бузурги Бонки ҷаҳонӣ дар бахшҳои дигари ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон амал мекунад. Шарифхони Тилло, собиқадори кор дар Идораи ҳифзи муҳити зист, мегӯяд, обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон на танҳо ба ин кишвар, балки ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ зиён мерасонад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи ҷаҳонӣ обшавии пиряхҳо ҳамчун як бонги хатар қабул шудааст.

"Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи об дар Осиёи Марказӣ ҳаст. Агар инҳо кам шаванд, дар кишварҳои поёноб хушксолӣ ба вуҷуд меояд. Дар пайи хукшсолӣ гулу буттаҳо ва паррандаҳо ҳалок шуда, мардуми оддӣ гуруснагӣ хоҳад кашид. Таваҷҷӯҳ аз ҳамин лиҳоз ба Тоҷикистон бештар аст", - гуфт ӯ.

То 50 соли пеш дар Тоҷикистон 14 ҳазор пиряхи хурду бузург ба қайд гирифта шуда буд. Пиряхҳои хурду бузурги Тоҷикистон манбаи аслии об дар Осиёи Марказианд, аммо дар 30 соли ахир ба сабаби гармии кураи Замин беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд ва садҳо пиряхи дигар дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд.

Пиряхҳое, ки дар ҳоли ҳаракат ҳастанд, ҳоло хатаре барои сокинони поёноб маҳсуб меёбанд. Зеро бо канда шудани онҳо обхезӣ ба миён омада, сокинон аз он зиён хоҳанд дид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG