Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин "selfie" дар Сурхоб: Лаҳзаи марги духтарҳо дар навори видеоӣ


Волидони Саида ва Шукрона, ду духтаре, ки ҳангоми бозӣ дар лаби соҳили дарёи Сурхоб ғарқ шуданд, ҳоло навори лаҳзаҳои охирӣ муборизаи фарзандонашон барои зиндагиро мебинанд ва ашк мерезанд.

Навори ба дарё афтодан ва ғарқ шудани Шукрона ва Саида аз сӯйи як ҳамроҳи дигари онҳо сабт шудааст. Мақомот ва наздикони духтарон мегӯянд, дар навор дида мешавад, ки Саидаи 19-сола, ки дар ноҳияи

Вақте онҳо ба дарё афтиданд, духтари дигар, ки апаи Шукрона аст, бо телефони даст, ки духтаронро наворбардорӣ мекард, қад-қади дарё аз пушти онҳо медавад, ки наҷоташон диҳад

Рашт меҳмон буд, рӯйи санге лаби дарё баромада, мехоҳад лаҳзаи бозикуниaш бо об наворбардорӣ шавад. Шукронаи 15-сола, ки Саидаро бо мавзеъҳои зебои Рашт шинос мекард, ба ӯ таъкид кардааст, ки эҳтиёт кунад, чун Сурхоб чандин нафарро аз ҳаёт маҳрум кардааст. Зоҳиран ин таъкид ҳам пеши роҳи духтари меҳмонро, ки намехост ин мавзеъ ва манзараи зебову руди пурхуруш аз дурбини телефонаш дур монад, намегирад.

Сурхоб, Шукрона ва меҳмонашро ба коми худ фуру мебарад. Шодмон Ғиёсов, масъули бахши ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Рашт мегӯяд, “Духтари меҳмонро пояш лағида ба дарё афтодааст. Духтараки дигарро ҳам, ки мехост кӯмак кунад ва дасташро ба ӯ дароз кард, бо худ ба дарё мекашад. Навори ғарқшавӣ ва то 10 метр рафтану талош кардани онҳо сабт шудааст.”

Навор дар Инстаграм

Ин сабт рӯзи 1 май дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ҳам нашр шуд:

https://www.instagram.com/p/BiOZc_0gvLu/?r=mg1

Ҷасади Шукрона ва Саида субҳи 29 уми апрел, пас аз як рӯзи ба дарё афтидан, аз деҳи Навободи Рашт пайдо ва берун оварда шудааст. Саидаи Садриддин, аз деҳаи Меҳрободи Восеъ буда, дар соли дувуми коллеҷии тиббии Душанбе таҳсил мекардааст. Наздикони ӯ мегӯянд, Саида барои тамошо ва дидорбинӣ ба назди пайвандонаш ба ноҳияи Рашт рафта буд. Самариддин Зарипов, амаки Саида рӯзи 30 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт. “Саида духтари аввали хонавода буд. Ҳоло ҳоли падару модараш хуб нест. Аз навор маълум аст, ки ҳодисаи тасодуфӣ аст. Ҷасадро дирӯз оварданд”.

Духтаре бо либоси сабз баъди чанд лаҳза ба об лағжида ғарқ мешавад
Духтаре бо либоси сабз баъди чанд лаҳза ба об лағжида ғарқ мешавад

Ниссо Азизова, мудири шӯъбаи кор бо занони ноҳияи Рашт, ки ҳангоми берун овардани ҷасадҳо аз дарё ҳузур дошт, мегӯяд, духтарон баъди сайру тамошои куҳ, тасмим гирифтаанд назди дарёи Сурхоб “селфӣ” ва аксу навор бигиранд. “Вақте онҳо ба дарё афтиданд, духтари дигар, ки апаи Шукрона аст, бо телефони даст, ки духтаронро наворбардорӣ мекард, қад-қади дарё аз пушти онҳо медавад, ки наҷоташон диҳад. Шукрона мегӯяд, "набиё, ки ту ҳам меафтӣ". Мегӯяд, "рав, ягон касро барои кӯмак даъват кун”.

Додситонӣ ҳам бо таваҷҷӯҳ ба навори ғарқ шудани духтарон, ҳодисаро тасодуфӣ хулоса кардааст. Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисаи ба дарё афтидани ду ҷавондухтари 19 ва 15-сола шоми 28 апрел рух дод.

Селфии маргбори Нишонаи бенишон

Ин барои бори нахуст нест, ки “селфӣ” ё аксбардорӣ дар манзараи зебое боиси фавти як нафар дар Тоҷикистон мегардад. Моҳи апрели соли гузашта Нишона Умарова низ дар пайи “селфи” ба дарёи Вахш афтида, ҳалок шуд. Бо гузашти як сол, ҷасади ӯ пайдо нашудааст.

Дар бисёр ҳолат талоши гирифтани акси ғайриоддӣ дар макони хатарноке мисли боми баландошёна, ҳангоми ҳаракати қатор, лаби кӯҳи баланд ва ё дарё бо фоҷиа анҷом меёбад. Дар зимн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз сокинони кишвар ва меҳмонон тақозо кардааст, ки аз “селфӣ” ва аксбардорӣ дар қитъаҳои хатарноки куҳӣ, ва дарёҳои тезоб худдорӣ кунанд. Ин ниҳод ҳамчунин таъкид кардааст, ки “дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзу каналҳо чораҳои амниятӣ ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG