Оҷонси миллии кайҳоншиносии Амрико (NASA) гуфт, рӯзи 12-уми август дар Испания, Гренландия, Исландия, Русия ва як қисми Португалия гирифти Офтоб ё хуршедгирифтагӣ мушоҳида хоҳад шуд.
Дар ҷараёни ин падидаи табиӣ, Маҳтоб дар байни Офтобу Замин ҷой гирифта, Офтобро пурра мепӯшонад. Яъне, дар рӯзи равшан осмон чанд лаҳза торик ва ба шомгоҳон монанд мешавад.
Ситорашиносони тоҷик гуфтанд, рӯзи 12-уми август дар Тоҷикистон падидаи гирифти Офтоб дар Аврупо мушоҳида карда намешавад. Вале, ба гуфтаи онҳо, ҳаводорони таҳаввулоти осмонӣ метавонанд наздикшавии шаш сайёра – Уторид, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептунро бибинанд.
Радиои Озодӣ аз Абдуҷалол Сафаров, мудири кафедраи астрономия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хост, падидаи гирифти Офтобро шарҳ диҳад.
Абдуҷалол Сафаров: "Гирифти Офтоб барои мардуми одӣ ҳодисаи воҳимаангезу даҳшатангез аст. Аммо чанд хусусияти ҷолиб дорад. Ҳангоме ки сояи Маҳтоб пурра рӯйи Офтобро мепӯшонад, ин фосила аз ду то дуюним дақиқа давом мекунад. Дар ин муддат мо метавонем фазои гирди Офтобро пурра мушоҳида кунем. Муайян кардани хусусиятҳои Офтоб ҳангоми мушоҳидаи пурраи он барои ҳудуди фазои кайҳонӣ, махсусан барои Замин бисёр хуб аст. Сели зарраҳои афканиш, ки бо суръати басо баланд, дар баъзе ҳолат суръати онҳо аз суръати рӯшноӣ ҳам баландтар аст, ба фазо афканда мешаванд ва ба магнитосфераи Замин таъсир карда метавонанд."
Радиои Озодӣ: Яъне одамони одӣ ҳам ин падидаро осон мушоҳида карда метавонанд ва вақти гирифти Офтоб чӣ мешавад?
Абдуҷалол Сафаров: "Бале. 11-уми августи соли 1999 ҳам дар Душанбе гирифти Офтоб шуда буд. Усули одии мушоҳидаи гирифти Офтоб ин истифодаи пораи шиша аст, ки рӯяш сиёҳ карда шудааст. Аз ҳисоби ин ки равшании нури Офтоб бисёр баланд аст ва нури чашми инсон ҳассос асту бо айнаки сиёҳ онро намешавад мушоҳида кард, ин усул беҳтар аст. Вақти гирифти Офтоб вобаста ба минтақа аст. Агар гирифт пурра бошад, фазо торик мешавад, амсоли оне ки нав субҳ медамаду Офтоб тулуъ накардааст. Баъд, дар муддати 1:30-1:50 дақиқаи гирифт сардӣ ба амал меояд. Насими форам мевазад. Бисёриҳо, ки ин ҳолатро мушоҳида кардаанд, инро таъкид мекунанд."
Радиои Озодӣ: Рӯзи 12-уми август сафкашии сайёраҳо дар фазои Тоҷикистонро мешавад мушоҳида кард?
Абдуҷалол Сафаров: "Сафкашии сайёраҳо вобаста аз гардиши онҳо дар гирди Офтоб аст. Дар давоми як ҳафтаи оянда дар ҳудуди Душанбе ва атрофи он имкони саф кашидани чанд сайёра пайдо мешавад. Бо чашми одӣ онҳоро дида намешавад, вале вобаста ба гардиши онҳо дар осмон онҳо як камонро мемонанд. Ҳолатҳое мешавад, ки сайёраи Уторид наздикиҳои субҳ мебарояд. Мо гуфта наметавонем, ки айнан шаш сайёраро баробар мебинем. Ҳолатҳое мешавад, ки мо сайёраҳои Зуҳро, Миррих ва Зуҳалро мебинем, ҳолате мешавад, ки Муштарӣ ё Уторид каме дертар мебароянд. Сайёраҳои Уран ва Нептунро бо чашми одӣ дида намешавад. Бо дурбин ё телескопи нисбатан хурдтар дида мешавад. Уран ва Нептун нисбатан тира ҳастанд ва агар мутахассис набошад, бо телескоп ҳам шояд аз ситораҳои дигар фарқ карда натавонад. Ин ҳодиса чандин рӯз идома мекунад ва онҳое, ки мехоҳанд, метавонанд аз расадхонаҳои Тоҷикистон инро мушоҳида кунанд."
Радиои Озодӣ: Шояд бархе бигӯянд, “мо бо мушкилоти заминии худ саргардонем, кори мо ба кайҳону ситораҳо чист”. Ба ин чӣ мегӯед?
Абдуҷалол Сафаров: "Чунин саволҳо бисёр мешаванд. Дар ҳазор соли охир камаш шашсад ситорашиноси моҳири тоҷик гузаштааст, ки осори бениҳоят гаронбаҳо мондаанд. Мисол, омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ дар хуни мо ҳаст ва ман фикр мекунам, ки бояд ҳар шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз он ки дар кадом вазифа кор мекунад, аз кадом табақа аст, бояд доир ба фазои кайҳон, доир ба мавқеи ҷойгиршавии худ бояд донад. Донишҳои астрономӣ фарҳанги илмӣ ва мадании шахсиятро хеле боло мебародоранд."
Гуфтугӯ