Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти Масчоҳ аз назари шоҳидон


Даромадгоҳи ҷамоати "Оббурдон"
Даромадгоҳи ҷамоати "Оббурдон"

Сокинони ноҳияи Масчоҳ мегӯянд, боздошти як–ду нафари муттаҳам ба узвияти созмонҳои тундрав маънои афзоиши тундгароӣ дар ин минтақаро надорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомот амалиёти амниятиеро дар минтақаи Масчоҳ, 50 километрии шимоли Хуҷанд анҷом доданд ва чанд танро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт карданд. Оббурдон аз мавзеъҳое номбар мешавад, ки ахиран баъзе аз сокинони он мавриди бозпурсии кормандони ҳифзи тартибот қарор доштанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сафар ба деҳаи Ғузни ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, 60-километрии шимоли Хуҷанд, хонаеро дид, ки дар он нимашаби 9-10-уми январ амалиёти боздошти афроди муттаҳам ба терроризм сурат гирифтааст.

Дари оҳанини ҳавлиро ба рӯи хабарнигори "Озодӣ" соҳибхона, Маҳмадюнус Гиёев боз кард.Ӯ ва писари ҷавонаш шаби амалиёт шоҳиди ҳодиса будаанд ва баъдан боздошт шуданд.

“Нимашаб ду нафари дар хонаамон хобидаро дастгир карданд. Баъд субҳ дамид, барқ рушан шуд, хонамона кофтукоб карданд ва ману ҳамин писарамро, ки мебинед, милисаҳо ҳамроҳашон ба Хуҷанд бурданд. Баёнот гирифтанд ва ҷавобамон доданд. Рости гап, ман бовар надоштам, ки моро сар медиҳанд. Чунки аз хонаи мо касони мавриди кофтуков бударо пайдо карданд. Аммо дар рӯзи аввал, ки панҷшанбе, 10-уми январ буд, мо ба хона бозгаштем.”


Мақомоти пулис дару тирезаи хонаеро, ки дар он «меҳмонони нохонда» шабро рӯз кардаанд, муҳр заданд ва соҳибони хона кӯрпаҳоеро, ки меҳмонон дар онҳо хобида буданд, ба берун партофтаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Маҳмадюнус Гиёев дар посух ба саволи “Озодӣ”, ки оё касе аз хешовандони дигараш боздошт шудааст, гуфт, танҳо хоҳарзодааш, Н-ро, ки он шом бо илтимоси вай ду меҳмонаш дар манзили Маҳмадюнус ҷойи хоб ёфта буданд, дастгир карданд ва дар ҳоли ҳозир дар маҳкама аст:

«Ман намози хуфтан мерафтам, ҷиянам занг зад, ки барои ду меҳмонаш, ки бо корҳои тиҷоратӣ омадаанд, ҷойхоб диҳем. Ҳайрон шудам, ки дар ин шаб ин меҳмонҳо киҳо бошанд. Аммо гапи хоҳарзодаро рад кардан намешавад, нагӯяд, ки аз нону намак тарсид. Ман ба писарам фармудаму рафтам. Гашта хона омадам, ки барқ хомӯш буд, онҳо дар ин хонаи ҷудо хоб буданд. Фақат саҳар вақти дастгир карда будани милисаҳо як чашмам афтод. Ба ҷиянам ҳам гуфтам, ки ту хоҳарзода, дар ин синни пирӣ чӣ балоро ба сари мо овардӣ?».

Маҳмадюнус Гиёе гуфт, ки вақти боздошти меҳмонҳо дид, ки онҳо ду марди тахминан 30-40-сола буданд. "Хоҳарзодаам гуфта буд, ки онҳо аз Истаравшананд,
Тирезаи утоқи хонаи Гиёев, ки мӯҳр зада шудааст
Тирезаи утоқи хонаи Гиёев, ки мӯҳр зада шудааст
вале ман намедонам, ки ин гап дуруст аст, ё на", гуфт ӯ.

Чеҳраи Маҳмадюнуси 70-сола озурда ва ғамгин ба чашм мерасид. Ӯ нақл кард, ки ба ҳангоми боздошт, меҳмонҳо муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва яке аз ходимони милиса маҷрӯҳ шуд. Вай гуфт, хабарҳо дар бораи ба ҳалокат расидани корманди милиса дуруст нест: «Милисаҳо тирпаронӣ накарданд. Баръакс, як касашон аз гарданаш захмдор шуд, ки бардошта бурданд. Ман сахт хавотир шудам, гуфтанд, ки бахайр аст, ягон каси дигар тир нахӯрдааст.»

Рӯзи чоршанбеи 30-юми январ вазъ дар ҷамоати Оббурдон зоҳиран оддӣ ба назар мерасид, бозори хурди лаби канал аз тоҷирону харидорон пуродам буд. Дар деҳаи Ғузн ба ҷуз нозири минтақа дигар низомипӯшеро надидам. Ҳамсуҳбатони сарироҳиам мегуфтанд, ки аз амалиёту дастгир кардани ду нафар огаҳӣ доранд, аммо аз боздошти дигар сокинон ба думболи он хабаре надоранд. Як марде, ки сари роҳ ҳамроҳи наберааш менишаст, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: “Шунидам, ки як - ду каса дошта бурда буданд. Аммо дигар ягон майда хабар надорам, ки касони дигарро ҳам дошта бошанд.”

Ноҳияи Мастчоҳ, 50 километрии шимоли Хуҷанд ҳаммарз бо ноҳияи Бекободи Узбакистон аст. Сокинони заҳматдӯсти он, ки баъд аз муҳоҷират аз Кӯҳистони Мастчоҳ солҳои 60 - уми асри гузашта дашти дилварзини шимоли Суғдро ободу шукуфон кардаанд умдатан ба деҳқонӣ машғуланд. Ба гуфтаи сокинони Мастчоҳ, боздошту зиндонӣ шудани афроди ҷудогона маънои онро надорад, ки миёни онҳо ҷонибдорони ақидаву барномаҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундрави мазҳабӣ, мисли Ҳизб - ут - Таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон зиёданд. Маҳмадризо Шарифов, мудири мактаби миёнаи рақами 11 дар деҳаи Ғузни ноҳияи Мастчоҳ, гуфт:

“То ҷое медонам, дар маҳалли мо аъзои ҳизбу ҳаракатҳои тундрав фаъолият надоранд. Агар бошанд ҳам, тарғиботашон ё варақа паҳн карданашонро нашунидаем.”

Дар робита бо боздошти чанд нафар ба думболи роҳандозии амалиёти дастгир кардани ду нафари мансуб ба ҲИУ Робия Холова, сардори шуъбаи идеологии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбати қаблӣ ба Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ воқеан 4 сокини ҷамоати Оббурдон, аз ҷумла ду сокини деҳаи Ғузнро боздошт, аммо баъд аз суҳбат раҳо кардаанд. Сокинони деҳаи Ғузн низ ин гуфтаҳои сардори шӯъбаи идеологии ноҳияи Мастчоҳро тасдиқ карданд.
XS
SM
MD
LG