Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони ниммарафони Душанбе аз Қирғизистону Ҳабашистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ниммарафони XVI байналмилалии Душанбе, ки 18-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор гардид, дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз 19 кишвари хориҷӣ ширкат карданд.

Ниммарафони байналмилалӣ масофаи 21 километру 97,5 метрро ташкил дода, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз шуд ва дар ҳамонҷо ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи мардон Нурсултон Кенешбеков аз Қирғизистон бо натиҷаи 1:04,40 сония ғолиб шуда, бо медали тило сарфароз гашт. Эдуард Батиршин аз Русия бо натиҷаи 1:05, 07 сония ҷойи дуюмро азони худ карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Тирунеҳ Кинду Севмеҳон аз Ҳабашистон (Эфиопия) бо натиҷаи 1:05,12 сония ҷойи сеюмро гирифт ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Аз байни варзишгарони тоҷик Қобилҷон Яқинов дар сабқати мардон натиҷаи хубтар (1:12,13 сония) нишон дода, 13-умин шуда ба марра расид.

Миёни бонувон Дема Айелу Лема аз Ҳабашистон бо натиҷаи 1:15,34 сония мақоми аввалро касб намуд. Марҷона Аҳмадалиева аз Узбекистон бо натиҷаи 1:17,14 сония дуюм ва Мария Коробитская аз Қирғизистон бо натиҷаи 1:17,36 сония сеюм шуданд.

Дар пойгаи занон варзишгари тоҷик Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:29, 49 сония панҷумин шуда ба марра расид. Давандаи дигари тоҷик Нигора Акрамзода бо натиҷаи 1:37,16 сония ҷойи шашумро соҳиб шуд.

Барои баргузории ниммарафони XVI байналмилалӣ шаҳрдорӣ беш аз 500 000 сомонӣ ихтисос додааст. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд: ҷойи якум – 33 250 сомонӣ, ҷойи дуюм – 28 500 сомонӣ, ҷойи сеюм – 23 700 сомонӣ, ҷойи чаҳорум – 14 250 сомонӣ, ҷойи панҷум – 12 350 сомонӣ, ҷойи шашум – 9 500 сомонӣ.

Инчунин, ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 8 километр давиданд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5 500 ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ (2010-2026):

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2022- Ту Лезарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2024-Виталий Шафа (Украина)

2025 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2026 - Нурсултон Кенешбеков (Қирғизистон)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022 - Теку Бкелу Абеб (Ҳабашистон)

2023 - Тунгускова Екатерина (Узбекистон)

2024 - Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон)

2025 -Екатерина Тингускова (Узбекистон)

2026 - Дема Айелу Лема (Ҳабашистон)

XS
SM
MD
LG