Ба иттилои Федератсияи кураши Тоҷикистон, Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 60 кило, Сарвар Абдушукуров дар вазни то 66 кило, Наврӯз Каримзод дар вазни то 73 кило, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 90 кило, Улуғбек Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Шарифҷон Назриев дар вазни +100 кило бо медалҳои тило ва унвони қаҳрамонӣ сарфароз гаштанд.
Ҳамчунин байни мунтахабҳои панҷ кишвар - Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Русия ва Ҳиндустон рақобатҳои дӯстонаи дастаӣ баргузор шуд, ки мизбонон Раҳматулло Фарҳодов ва Суҳроб Боқиев сазовори ду медали тило гардиданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 150 000 ҳазор сомониро ташкил медод. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба ғайр аз медалу ифтихорнома бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонила шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии кураши Тоҷикистон - 2025
Вазни -60 кг
1. Искандар Маҳмадхоҷазода
2. Идибеки Амиршо
3. Ҷӯрахон Амрохонзода
3. Муслимбек Каримов
Вазни -66 кг
1. Сарвар Абдушукуров
2. Баҳром Сӯфиев
3. Набии Нуралӣ
3. Абумуслим Қаюмзода
Вазни -73 кг
1. Наврӯзи Каримзод
2. Мирзоҷамил Рамазонов
3. Сайраҳмон Қодиров
3. Алӣ Боқиев
Вазни -81 кг
1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов
2. Қоим Шукронов
3. Абдуллоҳ Лоиқов
3. Саидраҳмон Шоев
Вазни -90 кг
1. Ҳамроз Раҷабов
2. Тӯйчибек Шарипов
3. Мусохон Ғаниев
3. Зафар Олимшоев
Вазни -100 кг
1. Улуғбек Раҳимов
2. Исроил Раҳимов
3. Акмал Муродов
3. Муҳсин Маллаев
Вазни +100 кг
1. Шариф Назриев
2. Фирдавс Насимов
3. Зиёрaтшои Рустам
3. Саймуъмин Шоҳмамадов