Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайдар Ҷамол бо васияти худаш дар Алмаато хоксупорӣ шуд. ВИДЕО


Ҷасади Ҳайдар Ҷамол, яке аз бунёдгузорони ҳизби исломӣ дар Шӯравии собиқ ва раҳбари Кумитаи исломии Русия, дар оромгоҳе дар шаҳри Алмаато ба хок супурда шуд. Ӯ шаби 4 ба 5 декабр баъди чанд муддати беморӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ки Ҳайдар Ҷамол 69 сол дошт ва бар асоси васияташ дар Қазоқистон манзили охират пайдо кардааст.

Бахоксупории Ҳайдар Ҷамол субҳи 6 декабр баргузор шуд ва дар ин маросим даҳҳо нафар иштирок карданд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ, Идораи мусалмонони Қазоқистон низ дар намози ҷаноза ширкат доштанд. Расонаҳои маҳаллӣ қаблан навишта буданд, Ҳайдар Ҷамол дар қабристони Кенсай, ки бисёре аз афроди муътабар онҷо дафн шудаанд, ба хок супурда мешавад. Аммо ӯро дар қабристони хурде дар қисмати болоии Алмаато дафн карданд.

Ҳайдар Ҷамол аз рӯи васияташ дар Алмаато ба хок супурда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Ҳайдар Ҷамол соли 1947 дар шаҳри Маскав аз падари озарбойҷонӣ ва модари рус ба дунё омадааст. Дар маҳофили коршиносии Русия аз ӯ ба унвони таҳлилгари умури сиёсӣ, файласуф ва аз мунтақидони сиёсатҳои Кремл ном мебаранд. Ӯ соли 1990 Кумитаи исломии Русияро таъсис дода, ҳамчунин, яке аз муассисони ҳизби наҳзати исломӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд. Ҳайдар Ҷамол муаллифи чандин китоб доир ба ислом, аз ҷумла "Озодкунии ислом" ва «Инқилоби паёмбарон» мебошад.

XS
SM
MD
LG