Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон омодааст, сад мошини дуздиро ба Олмон супорад. ВИДЕО


Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди омодагии ин кишвар ба баргардондани мошинҳои дуздӣ ба Олмон, ин кишвари аврупоӣ ҳанӯз барои бурдани худравҳо изҳори омодагӣ накардааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳудудан 100 худрави дуздидашуда дар Аврупо дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор ва мусодира шудаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, Олмон ба бурдани ин мошинҳо манфиатдор нест, зеро қимати бурдани онҳо аз қимати худи мошинҳо гаронтар мешавад.

100 мошини дуздидашуда дар Олмонро дар Тоҷикистон ёфтанд

Моҷарои вуҷуди мошинҳои дуздидашудаи олмонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал соли 2013 аз ҷониби нашрияи олмонии “Bild” расонаӣ шуд ва дар он гуфта мешуд, ки дар Тоҷикистон дастикам 93 мошини тамғаи “BMW”-и дуздидашуда дар Олмон ошкор шудааст, ки аз ҷониби афроди сарватманд истифода мешаванд. Яке аз бахшҳои ҳамкории полиси ду кишвар баъди он мавзӯи мошинҳои дуздидашударо дар бар гирифт.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, аз ҷониби онҳо дар қаламрави кишвар ҳудуди 100 мошини дуздидашуда дар Олмон, ошкор ва мусодира шудааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, аз ҷониби онҳо дар қаламрави кишвар ҳудудан 100 мошини дуздидашуда дар Олмон ошкор ва мусодира шудааст, вале даъвати Тоҷикистон аз ҳамкорони аврупоиашон ҳанӯз бепосух мондааст.

Вай дар посух ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе рӯзи 20 январ гуфт, ки то ҳанӯз Олмон қадами расмие барои баргардонидани мошинҳои дуздидашуда, ки дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, барнадоштааст. Чунин амал бояд бар асоси созишномаи дуҷониба сурат гирад, ки ҳанӯз тарҳи пешниҳодии Тоҷикистон аз ҷониби Олмон пазируфта ва тасвиб нашудааст, гуфт вазир.

Тоҷикистон макони "обу лой"-и мошинҳои дуздидашуда?

Баҳси мошинҳои дуздишуда дар се соли пеш бархоста буд ва бархе расонаҳои аврупоӣ Тоҷикистонро макони “обу лойи” мошинҳои дуздидашуда унвон карда буд. Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ рабте ба мошинҳои рабудашудаи Олмон надоранд ва дар сурати баргузории мурофиаи додгоҳӣ, шаҳрвандони ин кишвар, ки мошинҳои олмониро дар даст доранд, “харидорони боинсоф” ном хоҳанд гирифт”. Ба бовари вазир, мошинҳо ба Тоҷикистон тавассути тоҷирону хориҷӣ ворид мешаванд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ончи рӯзноманигорони олмонӣ мегӯянд, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳазор мошини дуздидашуда аз ин кишвар мавҷуд бошад, ба ҳақиқат наздик нест. Ба гуфтаи ӯ, дар системаи ҳамкории байналмиллалӣ ба воситаи Интерпол, як сохтори вуҷуд дорад, ки кораш ошкор кардани мошинҳои дуздидашуда ҳаст ва ҳар мошине, ки аз як кишвар ба кишвари дигаре ворид мешавад, аз санҷиши Интерпол мегузарад. Вақте аз ин санҷиш гузашт ва ҳамон рақами мошинро, ки барои ҷустуҷӯ дода шудааст, ворид карданд, дуздӣ будан ё набудани он маълум мешавад.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Аммо ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, мошинҳои рабудашуда вақте дар ҷустуҷӯи Интерпол дода мешаванд, аллакай шаш моҳ боз дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор доранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар рабуда шудани мошинҳои аврупоӣ худи соҳибони ин навъи воситаҳои нақлиёт даст доранд. Ба гуфтаи вазир, дар дасти тафтишот маълумоте вуҷуд дорад, ки иртиботи миёни соҳиби мошин ва гурӯҳҳои мошиндузд дар Аврупоро ошкор мекунад.

Вазир: "Олмон дархосте накард"

“Баъзан ҳис мекунем, ки соҳибони нақлиёт махсус ин корро мекунанд. Нақлиётро бо ҳамин роҳ мефурӯшанд ва пас аз шаш моҳ онро дар ҷустуҷӯ қарор медиҳанд. Агар шахси манфиатдор бошад ва ё давлати манфиатдор бошад, аз рӯи санҷиши Интерполи Бюрои миллии Тоҷикистон бояд ҳамон рӯз ё давоми як ҳафта ё як моҳ мактуб фиристад, ки мошине, ки шумо санҷиш кардед, дар кофтукоби мо ҳаст. Аммо мутааcсифона дар даҳ соли охир ягон дархост аз Олмон ба мо ворид нашудааст, ки фалон мошине, ки шумо санҷиш кардед, дар кофтукоби мо қарор дорад. Ҳарчанд, мо худамон маълум кардем, ки чанд мошин дар кофтукоби Олмон қарор дорад. Он нақлиёте, ки ба Тоҷикистон меояд, то кишвари мо чанд давлати дигарро мегузарад ва дар он давлатҳо аз санҷиш мегузарад" , - гуфт вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Як мутахассиси бозори мошин дар Аврупо дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз маъмултарин схема ё роҳҳои қочоқи мошин аз Аврупо ба кишварҳои мисли Тоҷикистон ин аст, ки дар аввалин соатҳои дуздида шудани мошиндуздон онро аз Иттиҳодияи Аврупо берун мекунанд ва дар кишварҳои транзитӣ соҳиби санад ва рақамҳои нав мекунанд. Сипас ин мошинҳо ба қаламрави собиқ Шӯравӣ ва Ховари Миёна фурӯхта мешаванд.

"Баъзан соҳиби мошин аз роҳи ташкили дуздии мошинаш ҷуброни калони ширкати бимаро дарёфт мекунад. Бо ин чиз ӯ ҳам аз мошини нархаш поинраванда халос шуда, ва соҳиби пули нақде мешавад, ки бо он метавонад мошини наву беҳтаре ба даст орад. “Ин ҳам як мафия ва ҷинояткории муназзам ва роҳуфтода дар Аврупо ва саросари дунё мебошад”, гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, гуфт ин шахс, дубора ба Олмон бурдани мошинҳои дуздӣ ба манфиати ин кишвар ё давлати дигари хориҷӣ нест, чунки дар ниҳоят қимати бурдани онҳо аз қимати худи мошинҳо гаронтар тамом мешавад.

BMW ва Range Rover-ҳои Олмон дар Тоҷикистон

Мошинҳое, ки ҳоло ҳамчун мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд ва шумораи онҳо ҳудуди 100 ададро ташкил медиҳад, бештар мошинҳои навъи гуногуни “BMW” ва «Range Rover» ҳастанд. Дар соли 2012 мақомоти Олмон хабар дода буданд, ки аз ин кишвари аврупоӣ 18 ҳазор мошин рабуда шудааст ва нашрияи “Sueddeutsche Zeitung” –и Олмон дар пайи як таҳқиқаш дар соли 2012 гуфта буд, ҳудуди ҳазор мошинҳо рабудашуда дар Тоҷикистон ҳастанд. Иддаое, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла вазири корҳои дохилии ин кишвар инро комилан беасос медонанд.

“Мошинро дар киса аз Аврупо берун намекунанд”

Мошинҳои навъи “Мерседес” ва “Опел”, ки дар Олмон истеҳсол мешаванд, аз серхаридортарин мошинҳо дар Тоҷикистон дониста мешаванд. Умар Раҷабов, як воридкунандаи мошин аз кишварҳои аврупоӣ мегӯяд, берун кардани мошини дуздӣ аз кишварҳои аврупоӣ кори осон нест. Ӯ гуфт, то берун кардани як мошини дасти дуюм он тақрибан даҳ бор санҷида мешавад. Ҳарчанд, ин тоҷири тоҷик эътироф мекунад, ки аксари мошинҳое, ки онҳо аз кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон ворид мекунанд, дасти дуюм ҳастанд.

“Ҳеҷ тоҷири тоҷик намехоҳад барои худ дарди сар бихарад. Мо мошинҳои дасти дуюмро бештар аз ширкатҳои тиҷорати мошин харидорӣ мекунем. Пеш аз шартнома барои берун кардани он мошинҳоро аз чанд санҷиш мегузаронем. Аз марзи Аврупо хеле санҷиши сахт мегузарем. То дасти харидор расидан тақрибан як мошин даҳ бор санҷида мешавад, ки ин дуздӣ ҳаст ё не", - гуфт ӯ. Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, ба хотири ба листи сиёҳ дар Аврупо наафтоданд, тоҷирони тоҷик дар масъалаи мошинҳои дуздӣ хеле боэҳтиёт кор мекунанд”.

Баҳси мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон то ҳаде ҷиддӣ гирифта шудааст, ки ду соли пеш ин кишвар барои сабти мошинҳои гаронбаҳои воридотӣ 90 рӯз мӯҳлат муқаррар кард, то дар ин муддат аз тариқи "Интерпол" мушаххас карда шавад, ки мошин дуздӣ аст ё на. Мақомот мегӯянд, ин муқаррароти нав барои мошинҳои "седан"-и қиматашон аз 30 000 доллар боло ва барои мошинҳои "Ҷип"-и нархашон аз 40 000 доллар боло таъйин шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG