Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Герасименко: Баъди Чурюмов ҳам таҳқиқоти ситорашиносӣ идома меёбад


Светлана Герасименко, ситорашиносе аз Тоҷикистон мегӯяд, аз марги нобаҳангоми ҳамкори шӯҳратёраш Клим Чурюмов афсурда шуд, вале бовар дорад, ки баъди марги ин донишманд ҳам таҳқиқи ҷурмҳои осмонӣ, аз ҷумла ситораҳои думдор идома хоҳад ёфт. “Даргузашти Чурюмов, бешубҳа, як талафоти азими башарист, вале илм пеш меравад ва дар оянда ҳам ситораҳои думдор кашфу ба ҷаҳониён муаррифӣ мешаванд”, гуфт Светлана Герасименко дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ рӯзи 18 октябр.

Ин сӯҳбат се рӯз баъди он анҷом шуд, ки дар Украина дар роҳ ба шаҳри Харков донишманди маъруфи ҷаҳонӣ Клим Чурюмов дар синни 79-солагӣ даргузашт. Сабаби марги ӯ гуфта намешавад.

Дастгоҳи “Розетта”, кашфи ситораи думболадор ва дигар ҷузъиёти кашфиёт

Шаби 12 ноябри соли 2014 дастгоҳи Оҷонси кайҳонии Аврупо бо номи “Розетта” дар сатҳи шаҳоб ё ситораи дунболадори Чурюмов-Герасименко фуруд омад. Дастгоҳи “Розетта”-ро модули “Филе”-и ожонси мазкур ба фазои кайҳон интиқол дод ва ин амалиётро дар маркази Ожонсии кайҳонии Аврупо аз масофаи бештар аз 500 миллион километр аз Замин идора мекард.

Светлана Герасименко ба ин марказ дар шаҳри Кёлни Олмон даъват шуда буд ва ҷараёни фуруд омадани дастгоҳи “Розетта” ба сатҳи шаҳобро ҳамроҳ бо донишмандони номовари ҷаҳон назорат мекард. Ин шаҳоб дар илми ситорашиносии ҷаҳон бо номи Чурюмов-Герасименко сабт шудааст. Ҳамон лаҳзае, ки “Розетта” ба сатҳи шаҳоб фуруд омад,

Клим Чурюмов рӯзи 15 октябр дар 79-солагӣ даргузашт
Клим Чурюмов рӯзи 15 октябр дар 79-солагӣ даргузашт

Ожонсии кайҳонии Аврупо эълон кард, ки ин шаҳобро Светлана Герасименко - корманди Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кашф кардааст. Хонум Герасименко аз соли 1973 то ҳол дар шаҳри Душанбе дар ин маркази илмӣ кор мекунад.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ он рӯзҳоро ба ёд овард: “Мо моҳи сентябри соли 1969 ба Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Алмаато ба сафари илмӣ рафтем, то ситораҳои дунболадор ё шаҳобҳоро назорат кунем. Ман аз як телескопи 50 сантиметӣ якчанд шаҳоб, аз ҷумла ҳамин шаҳобро шаби 11 ба 12 сентябр мушоҳида кардам. Ба ин ситора ё шаҳоб шиноснома доданд ва Чурюмов-Герасименко ном гузоштанд. Албатта, мо он вақт аз ин дастовард ва кашфиёт ифтихор доштем. Сипас дар соли 2003 ба мо хабар доданд, ки ба ситораи дунболадори мо як дастгоҳи таҳқиқотӣ мефиристанд.

Парвози “Розетта” даҳ сол давом кард. Дар садкилометрии ситораи дунболадор модули “Филе” аз дастгоҳи “Розетта” ҷудо шуд ва шаби 12 ноябр дар сатҳи ситора нишаст ва аввалин маълумотҳоро аз он ҷо ба “Розетта” фиристод ва аз “Розета” ин маълумотҳо ба сайёраи Замин фиристода мешуд.

«Баъди Чурюмов мероси ӯ барои илм хизмат мекунад»

Светлана Герасименко мегӯяд, ки баъди ҳамкории таърихӣ бо Чурюмов, дидори онҳо бештар дар сатҳи конфронсу нишастҳои илмии байналмилалӣ сурат мегирифт.

Светлана Герасименко
Светлана Герасименко

Светлана Герасименко, ки имрӯз ҳам ба ҳайси корманди илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон кор мекунад, мегӯяд, солҳои охир сафарҳои илмиву корӣ ба берун аз Тоҷикистон маҳдуд шуд.

«Бори охир мо чор сол пеш дар Душанбе дидор карда будем. Чурюмов барои иштирок дар ҷашти таъсиси пажӯҳишгоҳи мо омада буд». Вай гуфт, ки дар Тоҷикистон бисёриҳо Чурюмовро эҳтиром ва қадр мекунанд, чунки пайдо шудани ситораи думболадори онҳо, ки як кашфиёти ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, исми Тоҷикистон ва илми ситорашиносии онро дубора вирди забон кард.

ВИДЕО АЗ 29 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014:

Дурахши зодаҳои Тоҷикистон дар хориҷ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:48 0:00

XS
SM
MD
LG