Баҳсу мунозираи ду сиёсатмадори гурҷӣ, ки дар телевизион мустақим пахш мешуд ба гиребонгириву занозанӣ кашид.
Баҳси номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар порлумон Полад Халиқов ва Вепхия Гургенишвилӣ рӯзи 21-уми сентябр дар телевизиони Квемо Картли сурат гирифт ва бо ҷанг тамом шуд.
Полад Халиков, номзади Ҷабҳаи саноатӣ рақибаш аз Ҳаракати демократии Гурҷистон Гургенишвилиро “пастфитрат” номид ва ӯ дар ҷавоб қаламро ба рӯи Халиков партофт ва ҳамингуна занозанӣ сар шуд.
Кормандони телевизион ба сахтӣ тавонистанд, ду сиёсатмадори ба хашмомадаро аз ҳам ҷудо кунанд. Интихоботи порлумонии Гурҷистон рӯзи 8-уми ноябр баргузор мешавад.