Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Узбекистон гуфт, ки Ёқуб Ғафуров “муваққатан" ба Тоҷикистон таслим карда шуд


Марк Вайл яке аз коргардонҳои маъруфи театри русии Узбекистон ва як эҷодкори дигарандеш буд

Додситонии кулли Узбекистон дар як посухаш ба нашрияи интернетии «Газета.uz» гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон Ёқуб Ғафуров, ки барои куштори муассиси театри “Илҳом” Марк Вайл дар соли 2010 ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо дархости ҷониби Тоҷикистон “барои муваққат” ба Душанбе таслим карда шуд.

Рӯзи 4 апрел нашрияи интернетии «Газета.uz» навишт, ки додситонии кулли Узбекистон дар як посухаш ба ин нашрия дар робита бо боздошт шудани Ёқуб Ғафуров ё Ёқуб Аҳрорзода дар Тоҷикистон бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳо дар соли 1999 гуфт, ки ин шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон “барои муваққат” ба Тоҷикистон супурда шуд.

Марк Вайли 55-сола, ки бо театри муосири русизабонаш дар Тошканд машҳур буд, шаби 6 ба 7-уми сентябри соли 2007 мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт

Дар нома гуфта мешавад, ки рӯзи 19 январи имсол додситонии кулли Узбекистон дархости Тоҷикистонро қонеъ кард ва маҳкумшуда Ёқуб Ғафуров, бар асоси Эъломияи кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ аз 22 январи соли 1993 ва созишномаи байни Тоҷикистону Узбекистон оид ба таслим аз 15 июни соли 2000-ум “барои муваққат ба сохторҳои салоҳиятдори Тоҷикистон ба хотири ҷалби ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва бар асоси замонати ҳуқуқии ҷониб Тоҷикистон оид ба бозгардони ӯ ба Узбекистон барои идомаи мӯҳлати ҳабс супурда шуд”.

Нашрия менависад, ки Ғафуров 17 феврали соли 2010 бар асоси қарори додгоҳи шаҳри Тошканд оид ба парвандаҳои ҷиноӣ барои “куштори барқасдонаи гурӯҳӣ бар асоси адовати мазҳабӣ”, “сӯиқасд ба сохти конститутсионии Узбекистон”, “убури ғайриқонунии марз”, “сохтакории ҳуҷҷатҳо”, “таҳия ва нигаҳдории маводи барои ҷамъият хатарзо” ва “таъсиси гурӯҳи экстремистии мамнӯъ дар хоки Узбекистон” ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазорати умури дохилии ин кишвар дар хабари марбут ба боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани Ғафуров ҳафтаи ҷорӣ ба шарти муваққатӣ дода шудани ин шаҳрванди Тоҷикистон ишорае накарданд.

"Ҷинҷак" раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ буд"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти Ёқуб Аҳрорзодаи 46-сола рӯзи дувуми апрел хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки ӯ соли 1999 даст ба чаҳор ҷиноят, аз ҷумла дуздиву роҳзанӣ ва гаравгонгирӣ задааст.

Ҳоло маълум нест, ки оё худи Аҳрорзода бо иттиҳомоти мақомот розӣ аст ё не ва то куҷо худро гунаҳкор эътироф мекунад. Таҳқиқи ин парванда идома дорад.

Аҳрорзода сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат аст ва барои ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо номи Ғафуров Ёқуб Аҳрорович ва лақаби "Ҷинҷак" маълум аст. Хешовандонаш мегӯянд, ӯро ба хотири "қаҳраш Ҷинҷак лақаб додаанд".

Вале номи Аҳрорзода ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо ба хотири раҳбарияш ба ҷиноятҳои бознашуда, балки инчунин ба далели даст доштан дар куштори коргардони маъруфи театри "Илҳом" дар Тошканд Марк Вайл мавриди таваҷҷӯҳ будааст.

Марк Вайли 55-сола, ки бо театри муосири русизабонаш дар Тошканд машҳур буд, шаби 6 ба 7-уми сентябри соли 2007 мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Баъди се соли ин ҳодиса дар мурофиаи додгоҳӣ шаҳрвандони Узбекистон, Русия ва Тоҷикистон ҳозир шуданд. Чаҳор нафари айбдоршуда дар қатли коргардон гуфтанд, ки аз намоишномаи “Тақлид ба Қуръон” (“Подражание Корану”), ки аз ҷониби Вайл ба саҳна гузошта шуда буд, хушашон наомад ва дар фикри ҳамла шуданд.

Додгоҳ дар ҳукми соли 2010-и худ гуфт, ки Марк Вайл дар даромадгоҳи манзилаш бо зарби корд чанд захм бардошт ва дар бемористон ҷон дод. Нақши шаҳрванди Тоҷикистон Ёқуб Ғафуров (Аҳрорзода) ва шаҳрвади Русия Исҳоқов калидӣ унвон шуда, шаҳрвандони Узбекистон – Алишер Сатторов ва Қаҳрамон Пулотов ин ҷиноятро назорат кардаанд.

Ёқуб Аҳрорзода ва ҳамроҳонаш ҳангоми пурсиш гуфтаанд, ки ин намоишнома “пайғамбари Ислом”-ро таҳқир мекунад, вале коршиносони театр ва ҷомеаи байналмилалӣ ин ҳодисаро ҳамчун ҳамла ба озодии баён ва қатли мудҳиши як коргардони дигарандеш маҳкум карданд.

Соли 2010 дар додгоҳи Тошканд гуфта шуд, ки Ёқуб Аҳрорзода баъди ин ҳодиса бо номи дигар дар фирор буд, вале билохира боздошт шуд. Ӯ, ки ба 19 соли зиндон маҳкум шуд, охирҳои соли 2018 бар асоси қонуни афв озод ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Умедвории наздикон ба ҳукми одилона

Наздикони Ёқуб Аҳрорзода мегӯянд, феълан ӯ дар боздоштгоҳи марказӣ дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад ва парвандаи ӯ аз тарафи Додситонии кул мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар ҳафтаи гузашта Аҳрорзодаро барои додани нишондод ба деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бурдаанд. Ӯ дар бораи маконҳое, ки сокинонро гаравгон гирифта буд, маълумот додааст. Дар ҳоли ҳоли ҳозир додситонии кул ба пурсиши шоҳидон машғул аст.

Усмонҷон Аҳроров, яке аз наздикони Ёқуб Аҳрорзода, рӯзи 3-юми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳамчун шоҳид даъват шудааст.

"Маро даъват карда ва пурсиданд, ки "Ёқубро мешиносӣ, дар бораи гаравгонгирӣ ва роҳзании ӯ чӣ медонӣ?" Ҷавоб додам, ки дар он солҳо кӯдак будам ва ҳеч чизро намедонам. Дар ҳақиқат, дар солҳои 1999 ва 2000-ум ҳатто ба мактаб намерафтам ва намедонистам ки чӣ мегузарад."

Яке аз наздикони дигари Ёқуб Аҳрорзода гуфт, ҷиноятҳое, ки ӯро ба анҷоми он муттаҳам мекунанд, то соли 2000-ум рух додааст.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои роҳзанӣ ва гаравгонгирӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG