Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се писари Назарзода озод, вале се бародараш кушта шудааст


Се писари Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон, чанд рӯзи пеш аз боздошт раҳо шудаанд.

Фарҳод Назаров, бародарзодаи Абдуҳалим Назарзода 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, амакбачаҳояш бо номи Иброҳим, Бахтиёр ва Муҳаммад бо шарти берун нашудан аз маҳаллӣ зист аз боздошт раҳо шудаанд. Ӯ гуфт, ҳоло касе ба онҳо кор надорад, вале барояшон гуфтаанд, то анҷоми баррасии парвандаҳои марбут ба афроди Ҳоҷӣ Ҳалим дар маҳалли зисташон қарор дошта бошанд.

Қаблан, бархе аз расонаҳо хабар марги Иброҳим Назаров, писари 23 солаи Абдуҳалим Назарзода, донишҷӯи соли сеюми факултаи муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро нашр карда буданд, вале Фарҳод Назаров мегӯяд, ин хабар воқеият надорад, зеро дирӯз бо писарамакаш сӯҳбат карда буд.

Аммо Фарҳод Назаров гуфт, мутаасcифона падари ӯ - Мирзокарим, бародари бузурги Абдуҳалим Назарзода ва ду тан аз амаки дигараш бо номи Абдураҳим ва Мирзоҳаёт ҳангоми музокирот миёни нерӯҳои ҳукумати ва гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуданд. Ӯ мегӯяд, падару ду амаки кушташудааш барои моил кардани гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба Ромит бурда шуда буданд.

- Падарам ва се амакамро ба хок супоридем. Насибу тақдир ҳамин будааст. Падари ман ба он гурӯҳ ҳеҷ алоқамандӣ надошт. Намояндагони мақомот ҳам инро гуфтанд, ки падари ту ҳеҷ гуноҳ надошт, вале ҳангоми музокирот аз самти муқобил тирборон шуд ва онҳо кушта шуданд. Ҳар нафареро, ки аз мо барои пурсиш бурда буданд ва гуноҳ надоштанд, озод карданд. Мо касеро дар марги онҳо гунаҳкор карданӣ нестем ва ҳар чӣ шуд, аз тақдир ва кори Худованд медонем, -гуфт ӯ.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Фарҳод, модаркалонаш танҳо аз марги як амакаш-Абдураҳим бохабар аст ва то ҳанӯз аз кушта шудани Ҳоҷӣ Ҳалим ва се писари дигараш хабар надорад.

- Мо то ҳол марги онҳоро барояш нагуфтаем. Ӯ марги як амакамро шунида, фишораш хеле баланд аст ва агар хабари кушта шудани дигаронро шунавад, ӯро аз даст медиҳем,- гуфт Фарҳод.

Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки то ҳодисаи рӯзи 4-уми сентябр муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд, 7 бародар ва ду хоҳар дорад. Ҳамлаҳои 4-уми сентябр ба дастгоҳи Марказии вазорати дифоъ ва ШКД-и ноҳияи Ваҳдатро кори дасти Назарзода дониста, бо фармони президенти Тоҷикистон “бинобар содир кардани ҷиноят” ӯро аз вазифа барканор карданд. Мақомот ӯро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва хиёнат ба давлат айбдор донистанд.

Амалиёти ҷангӣ алайҳи ӯ ва ҷонибдоронаш 12 рӯз дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат идома кард. Рӯзи 16-уми сентябр расман аз кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва 10 тан аз ҷонибдоронаш хабар нашр шуд. Бар асоси иттилои расмӣ давоми 12 рӯзи амалиёт алайҳи ин гурӯҳ 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ бо шумули Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” ва аз гурӯҳи Назарзода 25 тан кушта шуд. Ҳоло беш аз 120 нафар ҷонибдорони гурӯҳи Назарзода боздошт шудаанд ва даҳҳо тани дигар бо гумони узви гурӯҳи Назарзода ҷустуҷӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG