Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Назаров: "Мушкил боқист, аммо фоҷиаовар нест"


Рустам Назаров
Рустам Назаров

Раиси Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон то поёни соли ҷорӣ, мушкили марбут ба қочоқи маводи мухаддир боқӣ хоҳад монд, аммо "фоҷиаовар" нахоҳад буд.

Генерал Рустам Назаров, рӯзи ҷумъаи 25-уми апрел дар сӯҳбат бо хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ гуфт, фаъолияти сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон мустаҳкам шудааст ва вазорати корҳои дохилии ин кишвар аз имконоти лозим барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бархӯрдор аст.

Ба ин далел, генерал Назаров мӯътақид аст, ки мушкили қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон эҳсос хоҳад шуд, аммо "фоҷиаовар" нахоҳад шуд.

Ҳамчунин раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар заминаи мубориза бо интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя густариш меёбад ва ин имкон медиҳад, то аз ин маворид ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои вай, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфтааст ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ сохторҳои қудратии Тоҷикистон миқдори 1260 килограм маводи мухаддирро аз гардиши ғайриқонунӣ кашфу мусодира кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 дарсад камтар аст.

Ба ин тартиб саҳми кашфу мусодираи маводи мухаддир дар семоҳи соли ҷорӣ ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон - 75 дарсад, Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир - 13 дарсад, вазорати корҳои дохилӣ ҳудуди 1 дарсад рост меояд.

Раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон сабаби коҳиш ёфтани интиқолу қочоқи маводи мухаддирро ба он рабт медиҳад, ки тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус СММ, ҳудуди 92 дарсади маводи тавлидшуда дар Афғонистон аз тариқи марзи ҷануб ва ҷануби ғарби ин кишвар қочоқ мешавад ва ба қисмати шимол, ки бо Тоҷикистон ва Узбакистон ҳаммарз аст, танҳо 1, 5 дарсади маводи қочоқӣ рост меояд.

Ҳамчунин ба гуфтаи Рустам Назаров, Тоҷикистон, ки бо чор музофоти Афғонистон - Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Балх ҳаммарз аст ва дар дуи ин вилоятҳо аслан кишти хашхош вуҷуд надорад ва бо таваҷҷӯҳ ба сард омадани зимистони имсола, фаъолияти гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир низ кунд шудааст.

Аммо ҷаноби Назаров мегӯяд, эҳтимол дорад, бо гарм шудани ҳаво ин гурӯҳҳо фаъолияти худро афзоиш диҳанд. Ҳамзамон раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир мегӯяд, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон сохторҳои зирабти мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро густариш дода ва марз низ таҳким шуда аст. Аммо ба таъкиди генерал Назаров, қочоқи маводи мухаддири навъи ҳероин коҳиш ёфтааст ва бештар маводи мухаддири навъи канабис дар ҳоли қочоқ аст.

Зимнан, Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад ва ба ин сабаб мавориди интиқол ва қочоқи маводи муххаддир аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр ба Русия ва дигар кишварҳо ба мушоҳида мерасад.
XS
SM
MD
LG