Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик: Афғонҳои кушташуда қочоқбар буданд, на моҳигир


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 12 март дар марз бо Афғонистон на ду моҳигир, балки ду қочоқбари маводи мухаддир ва он ҳам даро пайи як задухӯрди мусаллаҳона кушта шудаанд.

Мақомоти вилояти Тахори Афғонистон қаблан ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 12 март 4 сокини улусволии Дашти Қалъаи ин вилоят ҳангоми моҳигирӣ дар рӯди Омӯ ҳадафи тири марзбонҳои тоҷик қарор гирифтаанд. Дар натиҷа дуи онҳо кушта шуда, дуи дигар фирор мекунанд.

Аммо дафтари матбуоти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 17 март дар як изҳороти вижа иддаоҳо дар бораи кушта шудани моҳигирони афғон аз тири марзбонҳои тоҷикро рад кард. Дар ин изҳоро аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар асл воқеа чунин аст: 12 марти соли равон дар минтақаи марзии Кокули ноҳияи Ҳамадонӣ, хизматчиёни нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми пешбурди вазифаи хизматӣ кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд, ки дар натиҷа байни марзбонон ва қочоқбарон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар пайи ин даргирӣ ду нафар аз қочоқбарон ба ҳалокат расида, ду тани дигар ба самти Афғонистон фирор намуданд."

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон меафзояд, ки баъди ин қазия бо пулиси марзбонии Афғонистон вохӯрии дуҷониба барпо шуда, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҳамкориро дар самти пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар якҷоягӣ боз ҳам мустаҳкам намоянд." Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, рӯзи 21 феврал як гурӯҳи қочоқбар маҳз дар минтақаи марзии Кокул бо марзбонҳои тоҷик вориди задухӯрд шуданд, ки дар натиҷа маврзбони тоҷик Маъруфов Сироҷиддин Абдусаломович, соли таваллудаш 1994, аз захми тир ба ҳалокат расид.

Рӯзи 16 март мақомоти вилояти Тахори Афғонистон ба Озодӣ гуфтанд, ки ду моҳигири афғон дар ин ҳафта аз тири марзбонҳои тоҷик кушта шудаанд, вале ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора тавзеҳе надодааст.

Сунаттулоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор рӯзи 16 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, 4 сокини улусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Қалъа рӯзи чоршанбе, 12 март бо нияти моҳигирӣ ба лаби рӯди Омӯ рафтаанд. Ба гуфтаи Сунаттулоҳ Темур, рӯди Омӯ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯи он мегузарад, дар ин авохир маҷрояшро дар ин минтақа ба самти Афғонистон тағйир додааст ва маҷрои қаблиаш, ки хатти марз аз он мегузашт, амалан хушкидааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Тахор Аҷмал Ориян хабар дод, ки "ин моҳигирони афғон вақте ҳадафи тир қарор гирифтанд, ки дар ҷазираҳои дар ҷои маҷрои қаблии Омӯ бавуҷудомада машғули моҳигирӣ буданд." Ба гуфтаи сухангӯи волии Тахор, моҳигирон дар минтақае шиллик шуданд, ки хатти марзи ду кишвар ба ҳисоб меравад ва кадом марзшикание накардаву вориди қаламрави Тоҷикистон нашудаанд. Дар ҳар сурат, дар натиҷаи тирандозӣ ду моҳигир кушта шудаву дуи дигар фирор кардаанд.

Кушта шудани ду моҳигири афғон дар лаби Омӯ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим

Суннатуллоҳ Темур мегӯяд, таҳқиқи қазия ҳанӯз идома дошта, мақомоти Тахор дар пайи дарёфт ва бозпурсии ду моҳигириеанд, ки баъди он тирандозӣ фирор кардаанд: “Агар онҳо ба даст биоянду воқеъияти ҳолро бигӯянд, дигар тасвири ҳодиса комил хоҳад шуд. Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ба фарқ аз дафъаҳои гузашта, ки дар марз бо Тоҷикистон қочоқбарони маводи мухаддир кушта мешуданд, қурбониҳои ахир дар воқеъ моҳигир буданд, на қочоқбар.”

Аҷмал Ориян мегӯяд, ин барои бори аввал иттифоқ меуфтад, ки дар марз бо Тоҷикистон афроди осоишта кушта шаванд. Ба гуфтаи ӯ, то кунун аз ин марз танҳо дар бораи ҳалокати афроди қочоқбар гузориш мешуд.

Сухангӯи волии Тахор гуфт, “танҳо дар 2 моҳи охир дар бораи дасти кам 4 мавриди ҳадафи тири марзбонҳои Тоҷикистон қарор гирифтани сокинони Тахор гузориш гирифтаем. Ҳар дафъа ҷониби Тоҷикистон мегуфт, ки дар ҷои қатли ин афрод маводи мухаддиру силоҳ ҳам гирифтаанд ва мо ҳам бовар мекардем, ки кушташудаҳо қочоқбарон буданд. Мо ҳатто дар роҳи саркӯби ҳалқаҳои қочоқбари маводи мухаддир бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем. Аммо ин бор таҳқиқоти мо нишон дод, ки ин ду нафар сирф моҳигир будае рабте ба шабакаҳои қочоқбари афюну ҳероин надоштаанд.”

Суннатуллоҳ Темур аммо гуфт, то ҳол ҷониби Тоҷикистон қазияи тирандозии рӯзи 12 март дар марзи улусволии Дашти Қалъа бо он кишварро тавзеҳ накардааст, ки ба кадом далел марзбонҳояш болои мардуми моҳигир шиллик кардаанд?

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти шарҳи раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳанӯз натиҷае надодааст. Ин ниҳод бо гузашти 4 рӯз аз ин қазия то ҳол иттифоқ уфтодани тирандозие дар ин қисмати марз бо Афғонистонро тасдиқ ё рад накардааст.

Дашти Қалъа улусволиест дар ҷавори улусволиҳои Хоҷавор ва Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон, ки як қисмати хурдаш бо ноҳияи Фархор ва боқӣ қаламраваш бо ноҳияи Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дар Дашти Қалъа, ки дар воҳаи байни рӯди Омӯву рӯди хурдтари Кӯкча ҷой гирифтааст, асосан узбактаборҳо ба сар мебаранд.

Вилояти Тахор, бо наздики 1 миллион аҳолӣ, 17 улусволӣ ва марказаш дар Толиқон яке аз 34 вилояти Афғонистон аст. Вилояти Тахор бо вилояти Хатлони Тоҷикистон 120 километр марзи мустақим дорад.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар маҷмӯъ 1370 километр тӯл мекашад ва як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Осиёи Марказӣ ва Русия маҳсуб мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ахиран гуфтанд, ки танҳо дар 3 соли охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 180 амалиёт ва 38 даргирӣ рух дода, 3,5 тонна маводи мухаддир мусодира ва 36 “қочоқбари афғон” кушта шудаанд.

Мақомоти тоҷик маъмулан онҳоеро, ки дар даргириҳои марзӣ кушта мешаванд, “қочоқбар” унвон мекунанд. Аммо дар пайи кушта шудани 8 афғон дар таърихи 23 июли соли 2011 дар марзи Шӯрообод, вазири вақти хориҷаи Афғонистон Залмай Расул зимни сафараш ба Душанбе аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин қазия тавзеҳоти бештар хост. Душанбе гуфта буд, ки ин афрод қочоқбарон буданд ва аз маҳалли задухӯрд бо ин гурӯҳ 50 кило маводи мухаддир ва аслиҳа кашф шудааст. Аммо хабаргузории «Пажвок»-и Афғонистон он вақт аз қавли вакили собиқи парлумон аз вилояти Самангон навишт, ки афроди кушташуда дар асл як гурӯҳи зоирон аз ин вилоят буданд, ки қасди зиёрати мазорҳои муқаддаси воқеъ дар манотиқи марзиро доштаанд.
XS
SM
MD
LG