Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

​Фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико ба Тоҷикистон меояд


Генерал Ллойд Остин III, фармондеҳи нерӯҳои марказии Амрико
Генерал Ллойд Остин III, фармондеҳи нерӯҳои марказии Амрико

Генерал Ллойд Остин III, фармондеҳи ситоди марказии артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон хоҳад омад.

​Фармондеҳи ситоди марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари кории генерал Ллойд Остин III ​рӯзҳои 26 ва 27 августи соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт. Масъулони сафорати Амрико дар Душанбе низ сафари генерал Ллойд Остин III, фармондеҳи нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистонро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки "ин сафари барномарезишуда аст".

Интизор меравад, генерал Ллойд Остин III дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, бахусус раисиҷумҳур ва мақомҳои қудратии кишвар дидор ва масъалаи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ – фанниро баҳсу баррасӣ хоҳад кард. Ин севумин сафари кории генерал Ллойд ба Тоҷикистон дар се соли ахир аст. Нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 сурат гирифта буд.

Ин сафар дар ҳоле анҷом шуда буд, ки Ллойд Остин, нахустин амрикоии африқоитабор моҳи марти ҳамон сол ба симати фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико таъин шуда буд. Дар ҷараёни ин сафар генерал Ллойд бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Шералӣ Хайруллоев, вазири вақти дифои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Сафари дувуми генерал Ллойд ба Тоҷикистон дар моҳи июли соли гузашта баргузор шуд. Дар ин сафар низ фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вазири дифоъ мулоқот намуд, ки ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту дифоъ ва таъмини суботи минтақаӣ, бахусус вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Зимнан, дар чанд соли охир ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон, бахусус дар бахши низомӣ густариш пайдо карда ва Иёлоти Муттаҳида барои сохторҳои қудратии Тоҷикистон ёриҳоеро аз қабили техника ва таҷҳизоти низомӣ ироа мекунад.

Кумаки ахире, ки Амрико ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон кард, ин ироаи 87 худрав барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз нақзи марзи давлатӣ мебошад. Ҳамчунин муддати чанд соли ахир бо кумаки ИМА, даҳҳо дидбонгоҳҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бозсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Дар ҳафтаи гузашта низ ду бинои Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон бо ҳимояти молии ИМА дар вилояти Бадахшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Амрико дар омӯзиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ кумаку мусоидат кардааст.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Вашингтон аз соли 1992 ба ин сӯ тавассути барномаҳо ва кумакҳои башардӯстона барои пуштибонии ниҳодҳои демократӣ, беҳдошт, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG