Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Боғбонеро ки бо "Озодӣ" сӯҳбат кард, аз кор ронданд


Як боғбони «Чойхонаи миллӣ» воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, барои сӯҳбат бо расонаҳо дар бораи дарахтҳои аврупоие, ки дар назди ин чойхона шинонида шудаанд, аз кор ронда шудааст.

Яке аз боғбонҳои «Чойхонаи миллӣ, ки рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбати видеоии «Озодӣ» дар робита ба навъҳои дарахтҳои шоҳбулуту магнолия дар саҳни чойхона сӯҳбат карда буд, имрӯз ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ӯро мудири сохтмони "Чойхонаи миллӣ" аз кор рондааст.

Ин боғбони "Чойхонаи миллӣ" гуфт: «Ман ягон гапи хатто нагуфтаам, фақат гуфтам, ки инҳо дарахтҳои ороишӣ ҳастанд, аслан се навъ мешаванд шоҳбулут, магнолия ва олу ҳастанд, лекин касе гуфтааст, ки гӯё инҳо дар табиати Тоҷикистон хушк мешаванд. Директор ба ман гуфт, ки барои чӣ ин хели гап задӣ, аз кор берунам кард.»

Ин боғбон сокини ҷамоати Зиддии ноҳияи Варзоб буда, бо оғози сохтмон дар Чойхонаи миллӣ ҳамчун боғбон машғулият дошта, зиндагиашро аз маоши он таъмин мекардааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми феврал матлаберо таҳти унвони "Душанбе акнун боғшаҳри шоҳбулутҳо мешавад?" ба нашр расонд, ки аз тасмими шаҳрдории Душанбе дар мавриди дар ивази 22 миллион сомонӣ харидорӣ кардани дарахтон аз хориҷ қисса мекард.

МАЪЛУМОТИ МУФАССАЛ ИНҶОСТ:

Душанбе акнун боғшаҳри шоҳбулутҳо мешавад? (Видео)

Дарахтони шоҳбулут ба ҷойи дарахтони маҳаллӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00
XS
SM
MD
LG