Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ панҷ "ниқобпӯш"-ро ба зиндон маҳкум кард. САДО


Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Як гурӯҳи панҷнафарии маъруф ба “ниқобпӯш” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Фирӯза Ғайбуллозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 15-уми июн гуфт, ки ин афрод ба дуздӣ ва роҳзанӣ дар манзили сокинон ва як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ айбдор гардиданд.

Эълони ҳукми панҷ "ниқобпӯш" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим

Аз 3 то 12 соли зиндон

Аввали имсол дар ноҳияи Конибодом ҷавоне ба чеҳрааш ниқоб кашида, бо ҳадафи дуздӣ ба манзили як зани солхӯрда дар шаҳри Конибодом даромад ва вақте соҳибхона аз хоб бедор шуд, ӯро бо зарби корд ба ҳалокат расонд.

Ӯ гуфт, “бар асоси қарори додгоҳ, Исломхоҷа Маматхоҷаев ба 12, Азаматхӯҷа Мирзохӯҷаев ба 11 ва Абдуаҳад Маликов ба 10 соли зиндони дорои низомаш сахт маҳкум шуданд. Ду шарики онҳо – Акрамхӯҷа Аҳмадов панҷ ва Фазлиддин Ҷумъаев се соли зиндон гирифтанд.”

Ба қавли додраси парванда, ҳукм ҳанӯз ба ҳолати иҷро надаромадааст ва ин афрод ҳақ доранд, ки аз болои он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят баранд. Аммо Фирӯза Ғайбуллозода афзуд, ин гурӯҳи панҷнафарии иборат аз ҷавонони аз 20 то 26-сола дар соли гузашта ва аввали имсол чанд бор ба хонаи сокинон ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамла карда, пулу дороиҳояшонро ба яғмо бурдаанд.

Дороиҳои Қутфиннисоро кӣ гирифт?

Ӯ гуфт, “барои мисол, ин гурӯҳ рӯзи 7-уми ноябри соли 2016 ду посбони нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Роҳи сафед”-ро латту кӯб карда ва ҳудуди ҳафт ҳазор сомонӣ ва ду телефони ҳамроҳро бо худ бурдаанд.”

Ба қавли Фирӯза Ғайбуллозода, инчунин, ин гурӯҳ нимрӯзи 19-уми январи имсол ба хонаи Қутфиннисо Солиева ворида шуда, беш аз 13 ҳазор сомонӣ пул ва ашёи дигари ӯро ғорат намудаанд. Дар ҳамин ҳол, Рустам Каримов, вакили дифои яке аз маҳкумшудаҳо Фазилиддин Ҷумъаев гуфт, ки додгоҳ барои барои ислоҳ шудан ба нафари таҳти ҳимояти ӯ ва ҳамроҳонаш “шанс” надодааст.

Исломхоҷа Мамадшоев ва Акрамхӯҷа Аҳмадов қаблан барои дуздӣ ба зиндон маҳкум ва бо татбиқи қонуни афв раҳо шуда буданд.

Вай ҳукми зерҳимояашро сангин донист ва гуфт, ки аз додгоҳи вилояти Суғд бозбинии парвандаро дархост кардаанд. Наздикони маҳкумшудаҳои дигар дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки оё онҳо низ барои бозбинии парванда талош хоҳанд кард, ё на.

Як "ниқобпӯш" дар Конибодом зани солхӯрдаеро кушт

Аммо хабари пайдо шудани як гурӯҳи ниқобпӯш, ки бо зӯр ба маркази сӯзишворӣ ҳамла карда ва дар рӯзи равшан молу мулки як сокини маҳаллиро ба яғмо бурданд, мояи нигаронии мардум шуда буд. Мақомоти Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ин гурӯҳи панҷнафарӣ сокинони ҷамоати Холматови ҳамин ноҳия буда, ба ҷуз яке дигарон танҳо маълумоти мактаби миёна доранду бас.

Ду нафари онҳо – Исломхоҷа Маматхоҷаев ва Акрамхӯҷа Аҳмадов қаблан низ барои дуздӣ ба зиндон маҳкум шуда ва бо татбиқи қонуни афв, раҳо гардидаанд. Замони даст ба ҷиноят задан, ин панҷ ҷавон дар ҷое кор намекардаанд.

Ба гуфтаи бархе аз сокинон, тайи ду соли охир бо таваҷҷуҳ ба буҳрони иқтисодӣ мавридҳои вуруди дуздон ба манзилҳо афзоиш ёфтааст. Як пажӯҳиш ҳам дар соли гузашта муайян кардааст, 78 дар сади афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба ҷиноят заданд, бекор буда ва шуғли муайяне надоранд. Маркази миллии қонунгузорӣ, ки натиҷаи татбиқи се қонуни афви ахирро таҳлил кардааст, моҳи июни соли гузашта гуфт, дар аксари маворид бекорӣ одамонро ба ҷинояткорӣ таҳрик додааст.

XS
SM
MD
LG