Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 дарсади тоҷикон мегӯянд, озод ва соҳибихтиёранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар як назархоҳӣ, 60 фоизи мардум дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки худро озод эҳсос мекунанд. Аммо аҳли назар ба вуҷуди озодиву ихтиёрдории зиёди мардум дар ин кишвари пасошӯравӣ шак доранд.

Назарсанҷии нави созмони Геллап мушаххас кардааст, ки 60 дарсади сокинони Тоҷикистон аз озодии интихоб ва ихтиёрдорӣ дар кишварашон қаноатманданд. Ин созмон дар ин назарпурсӣ аз мардуми 120 кишвари ҷаҳон пурсидааст, ки то чӣ ҳад дар зиндагӣ ва анҷоми коре, ки дилашон мехоҳад, худро озод эҳсос мекунанд? Дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин дар бораи мизони фасоду ришвахорӣ дар ҳукуматҳои ин кишварҳо низ пурсида шудааст, зеро ин ҳам ба эҳсоси озодӣ дар миёни мардум пайванд доштааст.

Ба навиштаи пажӯҳишгарони Геллап, ҳарчанд дар бахшҳое аз пурсиши ин созмон дар Тоҷикистон, иқтисод ва фасод ҳамчун омили халалрасон ба озодиҳо номбар шудаанд, 60 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ба сурати умум аз озодии интихоб розианд. Назарсанҷӣ дар миёни ҳазор нафар аз сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар аксари гузоришҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар гузоришҳои солонаи созмони Freedom House ё Хонаи озодӣ Тоҷикистон аксаран дар радифи кишварҳои ноозод қарор дорад, зеро, бино ба ин гузоришҳо, озодиҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ин кишвари пасошӯравӣ маҳдуд аст ва ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузошта намешавад.

Натиҷаҳои назархоҳии Геллапро, бархе аз таҳлилгарони тоҷик низ бо ишора ба суннатгаро будани ҷомеаи Тоҷикистон чандон воқеъбинона намедонанд. Онҳо мегӯянд, зиндагӣ дар муҳити тоҷикона аксаран намегузорад, ки сокинони ин кишвар дар интихоби худ озод бошанд.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Маҳдии Собир, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, «озодии интихоб пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки мо дар кадом ҷомеа зиндагӣ мекунем ва мардум чӣ гуна мафкура дорад. Дар ҷомеаи суннатӣ хусусиятҳои ба худ хоси миллӣ ҳаст, ки мо, хоҳем-нахоҳем, бояд онро эътироф кунем ва ба баъзе аз озодиҳо худамон маҳдудият ворид кунем. Як мисоли оддӣ: Ҳоло моҳи Рамазон аст ва ман рӯзадор нестам. Вале ман наметавонам дар ошхона ваё бозор озодона хӯрок хӯрам. Зеро агар мабодо ҳамсоя ё нафароне ки маро мешиносанд, маро ҳангоми танаввули хӯрок бубинанд, қабул нахоҳанд кард ва ҳатман маро бо ангушт ишора мекунанд, ё кофирам мехонанд, ё мегӯянд, аз Ислом рӯ гардондаам. Ҳамин гуна дар пӯшидани либос низ интихоб дар дасти мо нест.»

Вале мусоҳибони сарироҳии мо яке аз сабабҳои маҳдуд будани ихтиёрдорияшонро дар номукаммалии низоми қонунгузории Тоҷикистон медонанд, ки наметавонад озодии онҳоро дар интихоби касбу кор, маҳалли зист ва дигар хостаҳояшон пурра ҳифз намояд.

Расули Ҳикматёр, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ӯ хеле мехоҳад, дар мақомоте фаъолият кунад, ки дархӯри мардум бошад, аммо ба ин ниҳодҳо роҳ надорад. Ӯ мегӯяд, «ҳоло непотизм дар дараҷаи аъло аст, ва ҳамин омил дар интихоб ва фаъолияти ман маҳдудиятҳо пеш меорад. Ҳол он ки ман дар хориҷи кишвар таҳсил кардаам.»

Барои Ҷовид Мирзоев, як мусоҳиби дигари мо, дар зиндагӣ ва анҷоми ҳар коре ки дилаш мехоҳад, монеаи асосӣ мушкили иқтисодӣ будааст. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар хонавода ва ҷомеа инони интихоб дар дасти худаш аст, барои беҳтар кардани равиши зиндагияш имкон надорад: «Натанҳо ман, балки қисмати зиёди нафароне, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кор мекунанд, барои тағйири зиндагӣ имкони маҳдудтар доранд. Зеро интихоби маоши хуб мавҷуд нест. Аз ин хотир аз ин моҳ ба он моҳ базӯр рӯз мегузаронем

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов

Аммо Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии Индем мегӯяд, ҳарчанд созмони Геллап яке аз марказҳои маъруфи назарсанҷӣ ба ҳисоб меравад, вале бо он ки маъмулан ин пурсишҳо дар Тоҷикистон тавассути сохторҳои «тоҷикӣ» анҷом мешаванд, баёнгари воқеият нестанд. Аз нигоҳи ҷаноби Дӯстов, «бо назардошти менталитети шарқӣ, ки аслан зимни пурсишҳо хеле эҳтиёткорӣ мекунанд, ман ба ҳайси коршинос дар гумон медонам, ки аксарият дар Тоҷикистон дар интихоби кору дигар фаъоляитҳо озод бошанд. Аммо таври маълум, зимни як назархоҳӣ дар кӯча аксарият худро хушбахт эълон мекунанд ва аз «сиёсатҳои хирадмандона» ҷонибдорӣ менамоянд. Масалан, ман чун як шаҳрванди Тоҷикистон шароитро барои интихоби низоми сиёсӣ ва ҳам ҳуқуқи тибқи тахассуси худ кор кардан дар идороти давлатӣ ва шаҳрдориро надорам. Ҳарчанд дар ҷомеаи Тоҷикистон як нафари муваффақ маҳсуб мешавам.»

Ҷаноби Дӯстов афзуд, ба маҳзи ҳукумати худкома доштани Тоҷикистон, аскарияти озодиҳои мардум қурбони ҳадафҳои сиёсии як гурӯҳ шудааст ва онҳо аз интихоби ҳақиқии раҳбарият ва низоми сиёсиву озодиҳои маданӣ бархӯрдор нестанд.

Нозирони умур низ мегӯянд, Тоҷикистон, ки як кишвари пасошӯравист ва аксари мардум ҳанӯз ҳам рӯҳияи даврони худкомаи Шӯравиро дорад, аз ин рӯ дар интихобу ихтиёрдорӣ озод буда наметавонанд. Зеро Шӯравӣ ҳамеша озодиву интихобро барои одамон маҳдуд мекард. Ҳамзамон ба ақидаи нозирон, дар ҳоле ки рӯҳияи тарс мардумро ҳамроҳӣ мекунад, онҳо наметавонанд озодона интихоб кунанд ваё ихтиёрдор бошанд. Ва ҳатто, чун дар мисоли назарсанҷии охир, ҳадди ақал озодона бигӯянд, ки чандон озод нестанд.

XS
SM
MD
LG