Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Галлап: Ҳар панҷумин сокини Тоҷикистон аз ноқаноатмандӣ ранҷ мебарад


Галлап дар як пажуҳиши тозаи худ гуфтааст, ки 20 дар сади сокинони Тоҷикистон аз шароити сангини зиндагӣ ранҷ мебаранд.

Як пурсиши Галлап, бунгоҳи омӯзиши афкори умум муайян кардааст, ки ҳар сокини панҷуми Тоҷикистон ба мушкилоти сангини рӯзгор рӯ ба рӯ буда, аз моҳонаи худ ноқаноатманд ва аз бепулӣ ранҷ мекашад. Тоҷикистон дар феҳрасти давлатҳои "ранҷбар" мақоми 33-юмро касб кардааст.

Таҳқиқоти номбурдаи Галлап дар Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ дар байни ҳазор сокини ин кишвар ва ба шакли мусоҳибаҳои рӯбарӯ бо забонҳои русӣ ё тоҷикӣ анҷом мешавад. Пажуҳиши Галлап мегӯяд, ки дар ҳашт соли охир мизони бебизоатии сокинон дар ин кишвар чандон дигар нашудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодҳои ҳукумати Тоҷикистон, мизони фақр дар ин кишвар дар ҳудуди 39 дар сад қарор дорад. Ин ба маъноест, ки харҷи 39 дар сади аҳолӣ дар рӯз каме бештар аз 2 доллар будааст.

Назархоҳии Радиои Озодӣ: Чӣ фикре шуморо бештар ба ташвиш меорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00



Сокинони Булғористону Арманистон – ранҷбартарин мардуми ҷаҳон


Дар пурсиши Галлап сокинони Булғористон ва Арманистон худро “ранҷбартарин дар ҷаҳон” унвон кардаанд. Дар ин кишварҳо дарсади мардуми норозӣ аз шароити зиндагӣ 39 ва 37 дар садро ташкил додааст. Ҳамчунин, сокинони Камбоҷа, Ҳаитӣ, Венгрия, Македония ва Эрон ҳам гуфтаанд, ки аз нодориву ниёзмандӣ дар азобанд ва даромади онҳо аслан эҳтиёҷоти зиндагиашонро бароварда намесозад.

Таҳқиқоти Галлап дар 143 кишвар анҷом шуда, аз миёни онҳо, чаҳоряки аҳолии 20 давлат гуфтаанд, ки дар ҳолати фақр ба сар мебаранд ва ба сахтӣ харҷи зиндагиро мепӯшонанд. Аз ин давлатҳо шаш кишвар дар қораи Аврупо ҷойгир буда, аз бӯҳрони иқтисодӣ шадидан осеб дидаанд. Дар саросари ҷаҳон бошад, аз ҳар ҳафт сокини сайёра дар соли 2012 як нафар гуфтааст, ки дар фақри амиқ басар мебирад. Теъдоди бештари қишри нодори сайёра – 24 % дар Осиёи Ҷанубӣ, 21 % дар Балкан, Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ба сар мебаранд.


Аз миёни ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон ва ҳам ҷумҳуриҳои шӯравии пешин, мизони ранҷу азият дар миёни сокинони Афғонистон - 29 %, Украина - 24 %, Латвия - 22 %, Гурҷистон – 21 %, Русия 16 %, Туркманистон – 6 %, Қирғизистон – 5 %, Ӯзбакистон ва Қазоқистон 4 %-ро ташкил додааст.

Айни замон, мардуме, ки аз даромад ва зиндагии худ розӣ ва аз шароити иқтисодиву иҷтимоиашон қаноатманданд будаанд, сокинони Исландия, Қатар, Шветсия, Норвегия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Швейсария ва дигарҳо номбар мешаванд. Дар ин давлатҳо танҳо 1-2 дар сади сокинон гуфтаанд, ки аз даромади худ норозӣ ҳастанд ва аз ин шарот ранҷ мекашанд.
XS
SM
MD
LG